Тайи як ҳафтаи охир борону сел ба чанд рустои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар ва шаҳри Ваҳдат осеб расонда, даҳҳо нафарро бе хонаву дар ва замини кишт гузоштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳалокати се нафар, бо шумули ду кӯдакро дар ин ҳодисаҳо тасдиқ кард. Аммо то ҳанӯз зарари молии борону сели як ҳафтаи охир ҳисоб нашудааст.
Мегӯянд, ки раиси ноҳия омадааст. Хайр, омаданд, аммо чӣ кор карданд? Бояд “шланг” оварда, обҳоро мекашиданд, то хонаҳо пурра вайрону валангор нашавад
Сокинони маҳалҳои офатзада мегӯянд, тақрибан панҷ рӯзи гузашта бо борони шадид ва омадани сел даст ба гиребон буданд ва акнун дар баробари ҳавлиҳои пури об, киштзорҳои пур аз лой ва хонаҳои намкашидавву деворҳои фурӯрафтаашон танҳо мондаанд.
Бархе аз сокинони деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки се рӯз боз бар асари омадани сел ва баланд шудани сатҳи дарёи Элок чанд хона тахриб шудааст. Онҳо гуфтанд, бо вуҷуди онки ситоди ҳолатҳои фавқулода аз ин ҳодиса хабар дорад, вале дар ҳалли мушкил тани танҳоянд.
Холаҳмад Иброҳимов, сокинии деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор, низ рӯзи 20-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, деҳаи онҳо аз 16-уми май боз дар таҳи обу лой қарор дорад ва ҳанӯз касе барои тоза карданаш дасту остин барназадааст.
“Дар инҷо тақрибан 40 хона аст. Рӯзи 16-уми май раҳбарияти ноҳия омада гуфтанд, ки экскватор мефиристанд. Ҳам худашон гум шуданд, ҳам экскватор. Онҳое, ки мошин доранд, ҷиҳози хонаашонро бароварданд. Ман ҷиҳози духтару писарамро тариқи як заврақи худсохт берун овардам. Рости гап, дар ин рӯзҳо худамон МЧС шудем”, - афзуд ӯ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳама ҳодисаҳо дар минтақаҳои кишвар хабар дорад ва барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ гуруҳҳои корӣ фиристодааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи масъулони ин кумита, як гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Фархор рафтааст.
“Инчунин, сарбозону афсарони қисмҳои низомии марбут ба кумита дар вилояти Хатлон барои кумак ва бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ҷалб шудаанд”, - гуфтанд дар ниҳоди расмӣ.
Аммо Хайриннисо Сафарова, сокини рустои Сурхоби ноҳияи Фархор, рӯзи якшанбе гуфт, “ман ҳеҷ касро надидам. Мегӯянд, ки раиси ноҳия омадааст. Хайр, омаданд, аммо чӣ кор карданд? Бояд “шланг” оварда, обҳоро мекашиданд, то хонаҳо пурра вайрону валангор нашавад. Роҳ нест, ҳама ҷо пури обу лой, хонаамро аз дур тамошо карда нишастаам. Оғилу ҳаммом аллакай чаппа шуд.”
Сайрия Қувватова, сокини дигари деҳаи Сурхоб мегӯяд, дар ин ҳодиса девори хонааш чаппа шуд ва кӯрпаву ҷиҳози дигараш ҳанӯз дар нимвайрона аст. Ӯ гуфт, бисёре аз скоинон худро дар хонаи наздиконашон дар маҳалҳои амнтар ҷобаҷо кардаанд, аммо баъзеи дигар шабонгаҳ дар берун ва дар ҳавои сард мондаанд.
“Понздаҳ сол аст, ки шавҳарам дар Русия кор мекунад ва пули ёфтаашро дар хона сарф кардем. Дар чанд рӯз хона чаппа шуд. Агар ҳамин заҳбурро барвақт тоза мекарданд, ин ҳолат намешуд”, - шиква кард ӯ.
Офатҳои табиӣ даҳҳо гектар замини кишт дар ноҳияҳои Хуросону Фархорро низ ба харобазор табдил додааст. Кишоварзони рустои Қизилсуи ноҳияи Фархор гуфтанд, ки намедонанд қарзи барои кишт гирифтаашонро аз кадом ҳиҷоб ҷуброн хоҳанд кард.
Мақомот мегӯянд, ҳоло гуруҳи корӣ тамоми зарари расида аз борону сели як ҳафтаи охирро ҳисоб дорад. Аммо онҳо мегӯянд, ин танҳо Тоҷикистон нест, ки дар як ҳафтаи гузашта мавриди “ҳамла”-и сел қарор гирифтааст. Ба қавли онҳо чунин вазъият дар Қирғизистону Узбекистон ва Туркманистн ҳам мушоҳида шудааст.
Аз ҷумла, мақомоти Узбекистон рӯзи 20-уми май гуфтанд, ки тақрибан ҳаштсад сокини Сурхондарёро аз хонаҳояшон берун ва ба ҷои амн кӯч доданд. Рӯзи 18-уми май дар онҷо сел омада, баъзе аз хонаву қитъаҳои заминро вайрон кардааст.