Бозии бостоние, ки шоҳу султонҳову императорҳо бозӣ кардаанд, аслан дар куҷо пайдо шудааст? Ба асоси фарзияи нави Кирсан Иллюмжанов, раиси Федератсияи Байналмилалии Шатранҷ дар Узбекистон. Сабр кунед. Қаблан худаш гуфта буд, ки шатранҷро дар Ҳинд офаридаанд. Аз ин пеш гуфт, дар Булғористон ба вуҷуд омадааст ва ё махлуқони дигар саёраҳо онро овардаанд.
Кирсан Илюмжанов, як миллионери ғайриоддии рус, ки бештар аз ду даҳсола аст ФИДЕ, Федератсиюни Байналмилалии Шатранҷро раҳбарӣ мекунад, ҳамин ҳафта зимни сафараш ба Тошканд, Узбекистонро зодгоҳи шатранҷ номид.
Кумитаи олимпии Узбекистон хабар дод, ки рӯзи 4-уми июн ҳангоми мулоқот бо аъзои Кумитаи олимпӣ ва Федератсиюни шоҳмоти Узбекистон Кирсан Илюмжанов гуфт, ки ФИДЕ номаеро ба Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ пешниҳод карданист, ки дар он хоста шудааст, Узбекистонро ба ҳайси зодгоҳи шатранҷ эътироф кунад.
Илюмжанов ҳеҷ далели таърихӣ наоварда, вале баръакси баёнияҳои пешинаш гуфтааст, на Ҳинд, ки худаш “сарзамини модарии” шатранҷ хонда буд, балки Узбекистон ватани шатранҷ аст.
Ҷанҷол барои курсӣ
Баёнияҳои ӯ дар Тошканд, дар ҳолест, ки кашмакаш барои раҳбарии ФИДЕ идома дорад. Раҳбарии федератсиюнро аз соли 1995 то кунун Кирсан Илюмжанов бар ӯҳда дорад.
ФИДЕ моҳи апрели имсол баёнияеро нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, Георгиос Макропулос, муовини раиси созмон ба ҳайати мудирони созмон гузориш додааст, ки “авзоъ бисёр бад” мешавад. Ӯ дар баёния бо ишора ба Кирсан Илюмжанов ва чаҳор нафари дигар, онҳоро ба “дурӯғпароканӣ ва баёнияҳои бадномкунанда” муттаҳам кард.
Дар баёния гуфта мешуд, ки интихоби раҳбари нави ФИДЕ моҳи октябр сурат мегирад ва қарор аст, Макропулос худаш ҳам номзадиашро бигузорад. Ба гуфтаи Кумитаи олимпии Узбекистон, намояндагони ин кишвар гуфтаанд, Илюмжановро тарафдорӣ хоҳанд кард.
Кирсан Илюмжанов дар гузашта иддао кардааст, ки бостоншиносон ашёи хурди шабеҳи донаи шоҳмот дар Булғористон, Муғулистон ва Амрикои Лотинӣ пайдо кардаанд. Соли 2000-ум ба рӯзномаи Ню Йорк Таймс гуфтааст, ки мумкин аст, шатранҷро махлуқони осмонӣ офарида бошанд.
“Дар воқеъ ман шоҳмотро ҳадяи тамаддунҳои осмонӣ мешуморам. Шатранҷ яке аз қадимтарин бозиҳои ҷаҳон аст. Аммо дар куҷо офарида шудааст” – гуфтааст, ӯ. Усулҳои бозӣ дар тамоми ҷой тақрибан як навъ аст. Тасаввур кардан сахт аст, ки ҳазорон сол пеш мардумони гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, тасодуфан бозие бо меъёрҳои ягонаро офаридаанд.”
Олимпу Урчан, таърихшинос ва донандаи шоҳмот ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран Кирсан Илюмжанов барои хушҳол кардани мардуми ҳар маҳалле, ки меравад, он маҳалро зодгоҳи шатранҷ меномад, вале вақте аз ӯ далел хостанд, “ба фарзияи асли осмонӣ будани бозӣ бармегардад.”
Дар бораи зодгоҳи шатранҷ фарзияҳои гуногун вуҷуд дорад. Таърихшиноси инглис Мюррей дар соли 1913 доир ба навъҳои гуногуни шатранҷ навишта ва адабиёти форсиву арабиро ба ҳайси манобеъ зикр кардааст.
Соли 2001 Мерилин Ялом, таърихшиноси дигар дар як китобаш навишт, ки далелҳо нишон медиҳанд, шатранҷ дар қарни 6 дар Ҳинд пайдо шудааст ва дар он замон ба забони санскрит, бозиро “чатуранга” меномиданд.
Дар ин китоб ба достони ишқие бо забони паҳлавӣ ва дар соли 600 пеш аз милод такя карда ва гуфтааст, ки нахустин навишта дар бораи бозӣ дар ҳамин китоб аст ва дар он чӣ гуна форсҳо шатранҷро аз Ҳинд овардаанд. Дар китоб 6 мӯҳраи гуногун ва 64 хонаи шатранҷ зикр шудааст.
ФИДЕ ба номаи электронии Радиои Озодӣ то кунун ҷавоб надодааст.
Дар феҳрасти таҳримҳои Амрико
Аз тарафи дигар баёнияҳои Илюмжанов дар бораи шатранҷу дигар масоил нишондиҳандаи шахсияти баҳсбарангези ӯст.
Ӯ аз соли 1993 то соли 2010 раиси Қалмиқистон, яке аз ҷумҳуриҳои камбизоати Русия буд ва ӯро ба сиёсатҳои саркӯбгарона муттаҳам мекарданд. Яке аз ёваронашро соли 1998 ба қатли як хабарнигор гунаҳкор карданд.
Соли 2014 Гарри Каспаров аз мунтақидони ҳукумати Русия хост, ҷойи Илюмжановро бигирад, вале ҳукумати Русия бо ташвиқи сафоратҳо ва федератсиюнҳо шоҳмот дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон онҳоро ба тарафдории Илюмжанов мойил кард.
Сарвати Илюмжанов сабаби ба феҳрасти таҳримҳои Амрико афтодани ӯ шудааст. Ӯро ҷузъе аз шабакае медонанд, ки ба ҳукумати Сурия кӯмак мекунанд. Моҳи феврал ФИДЕ гуфт, ки бонки швейтсариягии UBS ба сабаби дар феҳрасти таҳримҳо афтодани Илюмжанов ҳисоби онҳоро бастааст.
Макропоулос ва даҳҳо масъули дигар бо нашри номае аз Илжанов хостаанд, ки аз мақомаш истеъфо додаанд. Кирсан Илюмжанов на танҳо шатранҷро ҳадяи махлуқоти осмонӣ хондааст, балки чанд дафъа ҳам гуфтааст, ки ӯро махлуқони осмонӣ рабудаанд ва бо ӯ дар киштии кайҳоние мулоқот доштаанд.