Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти Вазорати маориф ва илм дастур дод, ки дар мактабҳои миёнаи кишвар дарси шоҳмот ҷорӣ кунанд.
Рӯзи 30-юми август ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ба муносибати “Рӯзи дониш” баргузор шуд, Раҳмон ба зарурати омӯзиши ҳунари шоҳмотбозӣ ва фанҳои дақиқу риёзӣ таъкид кард.
Ӯ гуфт, дар доираи ин илмҳо бояд озмуни байнимактабии сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин дастури худ президент ҳамчунин ба таълими ҳунарҳое ба мисли “дӯзандагӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, махсусан, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар нозукиҳои рӯзгордорӣ” дастур дод.
Раҳмон гуфт, ин касбу машғулиятҳо дар рушди зеҳниву ҳунарии кӯдакон мусоидат мекунад.
Зимни боздидаш аз навоҳии манотиқи ҷануби Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи август президент ба зарурати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар мактабҳои кишвар таъкид карда буд.