Дар як соли охир беш аз 130 зану духтари тоҷик дар пайи хушунати хонаводагӣ дар бемористонҳо бистарӣ шуда, таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар нишасте дар Душанбе гуфт, “аз инҳо 40 нафар ба зӯроварии равонӣ, 14 нафар ба зӯроварии иқтисодӣ ва ҳафт нафар ба зӯроварии шаҳвонӣ дучор шудаанд”.
Мақомот гуфтанд, ки қурбониёни хушунат танҳо пас аз онки натавонистанд дар шароити хона вазъи худро беҳ намоянд, ба бемористонҳо мераванд.
Ба иттилои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ҳар рӯз ҳадди ақал ду шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба дасти онҳо мерасад. Аммо на ҳамеша заноне ки мавриди хушунату бадрафторӣ қарор мегиранд, ба ниҳодҳои давлатӣ ваё созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бисёриҳо ба ин фикранд, ки гапи хона ба берун набарояд. Вале гоҳе чунин пинҳонкорӣ бо фоҷиа меанҷомад.
Соли 2017 дар кишвар ҳудуди 500 ҳодисаи қасди худкушӣ ва худкушии занон сабт шудааст. Мақомот гуфтанд, бахши умдаи ин занон дар пайи хушунати хонаводагӣ қасд ба ҷони худ кардаанд.
Созмони Human Rights Watch мегӯяд, қонуни махсуси ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2013 қабул шудааст, ҳанӯз ҳам пурра кор намекунад.