Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот сабабҳои боло рафтани нархи гази моеъро шарҳ дод


Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон сабаби аслии боло рафтани нархи сӯзишвории гази моеъро шарҳ дод. Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ки ширкатҳои қазоқистонӣ нархи як тонна гази моеъро аз 384 доллари қаблӣ то ба 587 доллар боло бурдаанд.

Носир Акмалзода, роҳбари раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки бахши аъзами гази моеъ аз тариқи ин минтақа ба кишвар ворид мешавад, рӯзи 22-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сабаб боиси гарон шудани нархи гази моеъ шуд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ӯ гуфт, бештари гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. "Аввал ин, ки нархи гази моеъ дар ин кишвар қимат шудааст ва дуввум воридоти гази моеъ ба кишвар кам шуд. Ҳар ду ин омил боиси гарон шудани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон шуд",-афзуд вай.

Акмалзода гуфт, ду ширкати қазоқистонӣ ба Тоҷикистон газ мефурӯхтанд ва онҳо нархи як тонна гази моеъро аз 384 доллар қаблӣ то ба 587 доллар боло бурдаанд. "Ин ширкатҳои қазоқистонӣ ҳамин хел нарх гузошта ва мегӯянд, ки агар харед нарх ҳамин, нахоҳед не", мегӯяд Акмалзода.

Ин масъули Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон гуфт, бинобар зуд- зуд тағйир ёфтани нархи гази моеъ, ширкатҳои Тоҷикистон ҳам аз эҳтиёт кор гирифта, воридоти онро коҳиш додаанд. Дар ҳамин ҳол, нархи гази моеъ, ки беш аз 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз он истифода мекунад, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ба 4 сомониву 30- 60 дирам расидааст.

Таъсири болоравии нарх аллакай дар кори мусофирбарҳои ҷамъиятӣ таъсир гузоштааст. Аксар ронандаҳои мошинҳое, ки бо истифода аз гази моеъ ҳаракат мекунанд, мегӯянд, дар шароити баамаломада ночор ҳастанд нархи хидматрасониро боло баранд. Ин ҳолат боиси норизоияти мусофирон мешавад.

Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон мегӯяд дар бозори фурӯши гази моеъ дар кишвар ҳеҷ ширкате монополист нест, яъне мавқеи ҳукмфароморо доро намебошад. Аммо сокинон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, амалаy дар бозор ду ширкати фаъолро мебинанд, ки бозорро байни ҳам тақсим кардаанд.

Абдуқодир Талбаков, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Абдуқодир Талбаков, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Абдуқодир Талбаков, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбари китобхонаи Лоҳутӣ дар шаҳри Душанебе мегӯяд, ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ бо боло бурдани нархи он, амалан талошҳои 15 дарсад боло бурдани маоши мардумро ночиз мекунанд. Чун ба гуфтаи ӯ, бо гарон шудани сӯзишворӣ, нархи ҳама гуна маҳсулот ва хадамоти дигар гарон мешавад.

Ӯ гуфт: “Аз нигоҳи ман дар миёни ширкатҳои таъминкунадаи сӯзишворӣ дар рақобати озод вуҷуд надорад. Мо дар бозори Душанбе асосан ду ширкатро мебинем -- "Газпромнефт"-и Тоҷикистон ва "Фароз". Аммо ман миёни ин ду ширкат рақобатро намебинам, мисли фарзандони як падар ҳастанд. Шояд бо маслиҳат онҳо бозоро тақсим карданд".

Абдуқодир Талбаков гуфт, бо боз шудани марзҳои Узбекистон ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карда, аз ҷумла аз нархи арзони газ дар ҳайрат мемонанд. "Ҳама савол мегузоранд, ки чаро дар кишвари ҳамсоя нархи газ аз мо дида чанд баробар арзон аст?",- гуфт Талбаков.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад ва боқимондаи онро аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон меоранд.

Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, набуди рақобат дар бозори сӯзишворӣ яке аз сабабҳои болоравии нархи гази моеъ ва навъҳои дигари сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG