Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти ҷанҷол дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе


Давлатқадам Давлатқадамов, фарде, ки аз сӯи мақомоти Русия барои ҷанҷол дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе боздошт шуд.
Давлатқадам Давлатқадамов, фарде, ки аз сӯи мақомоти Русия барои ҷанҷол дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти тафтишотии Русия аввалин навори бозпурсии ҷавони тоҷикеро нашр карданд, ки дар дохили ҳавопаймои хатсайри Москав-Душанбе ҷанҷол барпо карда, як роҳбаладро латукӯб кардааст. Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ин ҷавони тоҷик Давлатқадам Давлатқадамов ном дошта, 25-сол дорад.

Навори бозпурсии Хадамоти тафтишотии Русияро хабаргузории РИА "Новости" нашр кардааст. Дар ин навори якдақиқаӣ дида мешавад, ки Давлатқадамов бо дасту пойи баста ба суолҳои муфаттишон посух медиҳад. Зоҳиран ин пурсиш дар дохили фурудгоҳ сурат гирифтааст ва дасту пойи ҷавони тоҷик бо ширешкоғаз (скотч) баста аст ва борхалтааш низ дар паҳлӯяш мебошад.

Ӯ тақрибан ба ҳама суолҳои муфаттишон посухи рад медиҳад ва ҳатто ба онҳо таҳдид мекунад, ки метарсанд. Аз ҷумла Давлатқадам Давлатқадамов ба суолҳо дар бораи санаи таваллуд, ҷойи кор, шаҳрвандӣ, вазъи оилавӣ танҳо ба посухи кутоҳи "надорам" ва "нест" посух медиҳад. Ин ҷавон танҳо як посух медиҳад, ки дар "Омск мехондам."

Мақомоти тоҷик то ҳол дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки ин ҷавони тоҷик чаро даст ба ин амал задааст. Мақомоти Русия ба таҳқиқи қазияи муноқиша дар дохили ҳавопаймои хатсайри Москав-Душанбе шурӯъ кардаанд.

Муноқиша дар дохили ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе шоми 29-уми август рух дод. Ин ҳавопаймо баъди ҷанҷоли мусофирон маҷбур шуд, аз ними роҳ ба қафо баргардад. Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли манобеаш гуфт, яке аз мусофирон ҳатто таҳдид кардааст, ки гӯиё бомба дорад.

Сарнишинони ҳавопаймо талош кардаанд, ҷанҷолро фурӯ нишонанд, аммо ин кор барояшон муяссар нашудааст. "Дар натиҷа стюардесса лат хӯрд. Пас аз талоши номуваффақи ҳалли моҷаро, тасмим гирифтаанд, ки ба фурудгоҳ баргарданд",-навишт хабаргузорӣ.

Рӯзи 30-юми август дар намояндагии ширкати "Уралские авиалини" дар Душанбе ба Радиои Озодӣ нахостанд дар бораи қазия сӯҳбат кунанд. Онҳо гуфтанд, баъд аз нисфирӯзӣ дар ин бора маълумот ироа хоҳанд кард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳавопаймои "Уралские авиалини" бо таъхири чандсоата ба Душанбе расидааст.

Агар Шумо ҳам дар дохили ин ҳавопаймо будед, лутфан мушоҳидаҳои худро аз тариқи телефони ИМО, Вотсапп, Вайбер ва ё Телеграмм ба мо фиристед -- бо ин шумора +420 724 053 959.

Хабар такмил мешавад

XS
SM
MD
LG