"Бозгашти иҷборӣ" ва ё "рабудани мухолифон" ба қавли мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, ба як амали роиҷи мақомоти ин кишвар табдил ёфтааст, ки ҳеч пайомади хосеро барои режими Тоҷикистон дар пай надорад.
Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ карданд, ки бар асоси он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт.
Вазири корҳои дохилии Русия дар посух ба дархости ҳамтои тоҷики худ ба кормандони худ дастур додааст, навори латукуби бераҳмонаи марде, ки эҳтимол меравад, аз Тоҷикистон аст, таҳқиқ ва омилони ҷиноят боздошт шаванд.
Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи қонунеро омода кардааст, ки бар пояи он муҳоҷироне, ки ихроҷ мешаванд, харҷи додгоҳ ва роҳкирои кишвари худро аз ҷайби худ бояд пардохт кунанд. Дар соли 2018 аз Русия 6000 муҳоҷир депорт шудааст.
Игор Лякин-Фролов дар бораи ҷузъиёти сафари Сергей Лавров, эҳтимоли сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон, шароити муносиб барои муҳоҷирони тоҷик дар консепсияи нави муҳоҷирати Русия ва ғайра сӯҳбат кард.
Сергей Лавров Вазири умури хориҷаи Русия ҳафтаи аввали моҳи феврал ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Русия мегӯяд, дарҳои созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба рӯи Тоҷикистон боз аст. Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, Тоҷикистон метавонад ба ҳама шакл ҳамкори ин созмони иқтисодӣ шавад.
Мақомоти тафтишотии Русия аввалин навори бозпурсии ҷавони тоҷикеро нашр карданд, ки дар дохили ҳавопаймои хатсайри Москав-Душанбе ҷанҷол барпо карда, як роҳбаладро латукӯб кардааст.
Владимир Путин барои шаш соли дигар дар курсии раиси ҷумҳури Русия боқӣ мемонад.
Русия дар Тоҷикистон 6 нуқтаи раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии ин кишварро таъсис додааст, ки 18-уми март, яъне рӯзи овоздиҳӣ дар саросари Русия, фаъол хоҳанд шуд.
Ёфтҳои бештар