Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканориҳо дар Ҳизби демократ баъди "кӯшиши табаддулот". ВИДЕО


Масъулони Ҳизби демократи Тоҷикистон иддао доранд, ки аз як "кӯшиши табаддулот"-и дохилиҳизбӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин "табаддулот" нақшаи камранг кардани эътибори раиси он Саидҷаъфар Усмонзодаро дошт.

  • Дар пайи ин ҳодиса, чанде аз фаъолони ҳизб ва ҳам собиқадорони он, аз ҷумла журналист Аҳмадшоҳ Комилзода, аз сафи ҳизб ихроҷ карда шуданд. Худи Аҳмадшоҳи Комилзода ва дигарон Ҳизби демократро дар фаъолияти камранг гунаҳкор карда мегӯянд, "ин ҳарфҳо ҳақиқат надорад".
Ман муовини раис будам, узви Шӯрои сиёсӣ будам. Бидуни онки маро даъват кунанд ва бипурсанд, ки чӣ масъала аст, маро хориҷ кардаанд

Масъулони Ҳизби демократи Тоҷикистон иддао доранд, дар остонаи ҷаласаи ҳизбӣ, ки қарор буд рӯзи 30-юми сентябр дар Душанбе баргузор шавад, гурӯҳе аз аъзои раёсати ҳизб гӯё нақшаи аз мақоми раисӣ барканор кардани Саидҷаъфар Усмонзодаро кашидаанд. Интиқоди аслии норозиҳо ин будааст, ки Усмонзода гӯиё ба ҳайси раҳбар натавонистааст кори ҳизбиро ба таври бояду шояд ба роҳ монад. Вале дар ҷаласаи рӯзи якшанбеи гузашта ниҳоят на Саидҷаъфар Усмонзода, балки чанд муовини ӯ аз мақомашон барканор ва бо иттиҳоми "фаъолиятҳои ғайриоинномавӣ" аз сафи ҳизб берун карда шудаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Табаддулот" дар Ҳизби демократ пеш аз вуқӯъ "хунсо" шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Масъулони Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯянд, ду муовини раис - Ҳикматуллоҳи Саидиён ва Аҳмадшоҳ Комилзода "барои фаъолияти ғайриоинномавӣ барканор шуданд" ва ба Табаралӣ Зиёев, муовини дигар раиси ҳизб огоҳӣ дода шудааст.

"Бархе қасди беобрӯ кардани раҳбари ҳизбро доштанд"

Мирзо Нуриддин, раиси созмони ҲДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва узви Шӯрои Ҳизби демократ, рӯзи 4-уми октябр дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат чанд фаъоли ҳизб "қасди беобрӯсозии раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро доштаанд".

Мирзо Нуриддин, раиси созмони ҲДТ дар ноҳияи Шоҳмансур.
Мирзо Нуриддин, раиси созмони ҲДТ дар ноҳияи Шоҳмансур.

Ӯ гуфт, "мо дарак надоштем. То замоне ки раиси созмони Ҳизби демократ дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошев омад ва гуфт, ки моро даъват карданд ва мо дар хонаи Рустам - узви дигари Шӯрои сиёсӣ ҷамъ омадем. Ҳикматулоҳи Саидиён ва чанд нафари дигар даъват кардаанд, ки ба ҷаласаи шӯро дар рӯзи 30-юми сентябр наоянд. Агар наоед, ҷаласа баргузор намешавад ва рӯзи дигар худамон ҷаласаро баргузор мекунем. Мо аз ин бохабар шудем ва зуд ба ҳамаи аъзои Шӯро тамос гирифтем ва ширкати ҳатмии онҳоро таъкид кардем".

Барканориҳо дар Ҳизби демократ баъди "кӯшиши табаддулот"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00
Линки мустақим

Мирзо Нуриддин гуфт, рӯзи 30-юми сентябр аз 17 узви Шурои сиёсӣ 13 нафар иштирок кард ва ин теъдод ба талаботи оинномаи ҳизб оид ба ширкати аксарият мувофиқ омад ва ҷаласа баргузор шуд. "Онҳо, хусусан Ҳикматуллоҳи Саидиён шикоят мекарданд, ки раиси ҳизб камфаъолият аст ва барои ташкили созмонҳо талош намекунад. Лекин агар дуруст нигоҳ кунем, Саидҷаъфар Усмонзода тавонист ҳизбро муттаҳид кунад",-афзуд вай.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳадафи норозиҳо аз роҳи паст задани обрӯи Усмонзода аз мақоми раисӣ барканор кардани ӯ буд. Вале собиқ муовинони раиси Ҳизби демократ ин иддаоро бепоя медонанд.

"Қасди табаддулот надоштем"

Яке аз барканоршудаҳо - Ҳикматуллоҳи Саидиён ва муовини пешини раиси ҲДТ мегӯяд, онҳо қасди бойкот кардан ва ё табаддулот дар дохили ҳизбро надоштанд, вале ҳамеша аз раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода даъват менамуданд, ки кори ҳизбро ҷоннок кунад, аммо ӯ намехост.

Ҳикматуллоҳи Саидиён
Ҳикматуллоҳи Саидиён

"Созмонҳои ҳизб фаъол нестанд. Вақте мо ба 13 ноҳия рафтем, аз созмонҳои Ҳизби демократ дараке набуд ва ягон созмон надошт", - гуфт Саидиён дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳикматуллоҳи Саидиён афзуд, раиси ҳизб ӯро бидуни машварат ва огоҳӣ аз муовинат барканор кард ва ҳоло дигар зарур намешуморад, ки дар ҲДТ бимонад. Саидиён гуфт, талош мекунад ҳизби замоне таъсисдодааш - "Ваҳдат"-ро дубора фаъол карда, аз пайи сабтиномаш шавад. Ӯ иддао кард, ки беш аз 5 ҳазор тарафдор дорад ва ҳоло дигар аз пайи таҳияи барномаи ҳизбӣ хоҳад шуд.

Комилзода: "Қабл аз нишасти Шӯро аз ҳизб рафта будам"

Аҳмадшоҳ Комилзода, журналист ва як узви собиқадри Ҳизби демократ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди табаддулоти дохилиҳизбӣ дарак надорад ва дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб ҳам ҳузур надошт Айни замон, Аҳмадшоҳ Комилзода гуфт, "ҳизб беҳад карахт аст ва бояд фаъолияти он ҷоннок карда шавад".

Аҳмадшоҳи Комилзода.
Аҳмадшоҳи Комилзода.

Аҳмадшоҳ Комилзода гуфт, норизоияташ аз фаъолияти сиёсии ҳизб боис ба он шудааст, ки ҳанӯз қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ аз ҳизб канор равад. Комилзода мегӯяд, Ҳизби демократ нуфузи худро аз даст додааст ва фаъолияташ қаноатбахш нест.

"Ин ҳарфҳо, ки гӯиё мехостем баргузории ҷаласаи Шӯрои сиёсиро бойкот намуда, табаддулот кунем, нодуруст аст. Ман, ки аз ҳизб рафта будам, аслан дарак надорам. Вале инки фаъолияти ҳизб камранг шудааст, борҳо дар сӯҳбат бо раиси ҳизб гуфтаам. Барои баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ машварат кардем, ки ин маъракаҳо барои боло бурдани обрӯи ҳизб мусоидат мекунанд, вале нашуданд. Собиқадорони ҳизб бисёр норозӣ буданд. Гузашта аз ин, ман муовини раис будам, узви Шӯрои сиёсӣ будам, бидуни онки маро даъват кунанд ва бипурсанд, ки чӣ масъала аст, маро хориҷ кардаанд."

Шебу фарози Ҳизби демократи Тоҷикистон

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки яке аз ҳафт ҳизби расмии сабтиномшуда мебошад, мегӯяд, ҳудуди 20 ҳазор узв дорад. Раиси он Саидҷаъфар Усмонзода танҳо намояндаи демократҳо дар порлумони Тоҷикистон аст. Ӯ аз декабри соли 2012 раҳбарии ҳизбро бар дӯш дорад.

Ин бори аввал нест, ки исми ин созмони сиёсӣ дар маркази даъвову баҳсҳои дохилиҳизбӣ қарор мегирад. Таҳлилгарон мегӯянд, дар муддати 29 соли мавҷудияти созмоне бо номи Ҳизби демократии Тоҷикистон он бо таҳаввулоти зиёде рӯбарӯ шуд.

Ҳайати нахустини он дар солҳои 1990-ум худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин арзёбӣ мекарданд. Ин ҳизб аз соли 2005, баъди боздошт ва ҳабси раҳбари собиқаш Маҳмадрӯзӣ Искандаров вориди мушкили ҷиддӣ ва дар сездаҳ соли ахир ду дафъа таҷзия шуд. Дар натиҷаи ин ҳама таҷзияҳо, ба андешаи мунтақидон, созмоне сабтином шуд, ки дар умум аз сиёсати давлат ҷонибдорӣ мекунад ва мавқеи як ҳизби мухолифро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG