Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ: "Боздошту даст ба китфи ҳам қатор кардани муҳоҷирон таҳқир аст"


Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Русия гуфтанд, дар маркази шаҳри Тула ва маҳзари ом боздошти даҳҳо муҳоҷир ва даст ба китфи ҳам қатор кардаву то идораи пулис бурдани онҳо "як навъ шиканҷаи равонӣ ва таҳқири оммавӣ аст".

Даҳҳо шикояти муҳоҷирон аз дохили боздоштгоҳ

Аммо ҳеҷ яке аз ҷабрдидагон аз шумори муҳоҷирони кории боздоштшуда ҳозир нашуданд, ки алайҳи ин амалакарди нозирони ниқобпӯши пулис ва "Россгвардия" ба идораҳои болоӣ шикоят кунанд, то маъмурони пулис барои ин амалашон ҷазо бигиранд.

Евгений Бобров, узви Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз аз муҳоҷирони корӣ дар робита ба шеваи боздоштҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ шикояте дарёфт накардаанд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 22 -юми октябр гуфт, ду рӯз боз аз муҳоҷирони корӣ аз шаҳри Тула даҳҳо шикоят мегирад.

"Аз дохили боздоштгоҳ менависанд, занг мезананд, ки онҳоро ғайриқонунӣ боздошт карданд. Аз онҳо хоҳиш кардам, ки мушаххасоти худро ба ман фиристанд, то ки расман аз номи онҳо ба мақомоти болоӣ шикоят барам. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо розӣ нашуданд. Нозирони полис таҳдид кардаанд, ки агар ба ҷое шикоят баранд, бе гуфтугӯ аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд. Ҳамаашон метарсанд ва мегӯянд, агар номашон фош шавад, нозирони пулис онҳоро аз Русии ихроҷ мекунанд", - гуфт ӯ.

Хонум Чупик мегӯяд, маъмурони пулис медонанд, ки қатор кардани муҳоҷирон дар байни шаҳр мисли асирафтодагон ва ё соатҳо рӯ ба девор нигоҳ доштани онҳо, як навъе аз шиканҷа ва таҳқир аст ва барои ин ҷазо мегиранд. Аз ин рӯ, онҳо муҳоҷиронро тарс медиҳанд, ки ба ҷое шикоят накунанд, вагарна онҳоро депортатсия мекунанд.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

​Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқ, вақтҳои охир боздоштҳои оммавии муҳоҷирон дар шакли таҳқиромез дар маҳзари ом дар шаҳрҳои Русия зуд-зуд иттифоқ меафтад.

"Дар Владивосток чунин шуд. Дар Сахалин ва вилояти Приморя ҳам бо айни ҳамин шева муҳоҷиронро боздошт карданд. Сабабашро шарҳ намедиҳанд, аммо ба андешаи сирф шахсии ман, ҳукумати Русия бо боздошти намоишкоронаи муҳоҷирон, мардуми худро мехоҳанд тарс диҳад", - афзуд Чупик.

Мақомоти рус: "Ин як рейди маъмулӣ аст"

Дар ҳамин ҳол, дар раёсати пулиси вилояти Тула мегӯянд, боздошти муҳоҷирон ва тафтиши оммавии ҳуҷҷатҳо як рейди маъмулӣ аст ва дар он мақомоти қудратӣ то куҷо қонунӣ будани будубошӣ муҳоҷиронро месанҷанд.

Натиҷаи дурӯзаи рейди кормандони пулис, сарбозони "Россгвардия" ва мақомоти ФСБ дар Тула ин шудааст, ки 78 муҳоҷири корӣ дар хонаи сокинони маҳаллӣ худро расман сабти ном карда, дар асл дар ҳамон нишонӣ зиндагӣ намекардаанд.

Саъдӣ ва ҳамсараш низ аз рейди пулис дар амон намонданд

Бозори Тула барои Саъдӣ Отаев, шаҳрванди Тоҷикистон ва завҷаи ӯ 8 сол боз ҷойи кораш аст. Худаш гӯшт ва дар растаи ҳамсоя завҷааш ба фурӯши сабзавоту мева машғул аст. Аммо ҳосили кори рӯзи 22-юми октябр барои ӯву завҷааш манфӣ тамом шуд, чун дар ин рӯз фурсате барои савдо нарасида, кормандони ниқобпӯш ва силоҳбадаст аз се идораи қудратии Русия бозорро иҳота карда, ҳар касе чеҳраи ғайриславянӣ дошт, аз бозор берун бароварда, қатор карданд.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони корӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

"Ман РВП (иҷозаи муввақати истиқомат) дорам. Нав савдоро сар карда будем, ки ҳаёҳу карда омаданд ва ҳамаро аз бозор бароварданд. Тамоми ғайриславянҳоро қатор карданд. Се-чаҳор соат дастҳо ба китфи якдигар дар берун истодем", - нақл кард ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳои ӯву завҷааш, онҳоро раҳо карданд, аммо рӯз бо ҳамин ба гуфти ӯ "кӯр шуд" ва ӯву завҷааш 1000 рубл ҳаққи иҷораи дӯконро дар бозор бояд аз ҷайби худ пардохт кунанд.

Ҳамсӯҳбати мо иқрор аст, ки ин гуна боздоштҳои мақомоти интизомӣ ва намоиш додани онҳо дар телевизионҳои маҳаллӣ барояш таҳқиркунанда аст, аммо мегӯяд, ба хотири ҳифзи ҷойи кор ва манбаи даромад маҷбур аст ин ҳамаро тоқат кунад.

"Шикояте дарёфт накардем"

Евгений Бобров, узви Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз аз муҳоҷирони корӣ дар робита ба шеваи боздоштҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ шикояте дарёфт накардаанд.

Евгений Бобров, узви Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия.
Евгений Бобров, узви Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия.

Ӯ гуфт, "воқеан, даст ба китфи якдигар қатор кардани муҳоҷирон қонунӣ нест. Вале ба Шӯрои ҳуқуқи инсон касе аз муҳоҷирон аз ин шеваи номақбули боздоштҳо расман шикоят накардааст. Агар ин боздоштҳо дар расонаҳо бозтоб ёфта бошад, мо вокуниш мекунем. Ҳоло аз мақомоти қудратӣ дархост мекунем, ки дар ин бора ба мо шарҳ диҳанд ва баъдан дар ин бора хулоса хоҳем кард".

Феълан, тибқи иттилои расмӣ то 1 миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Русия мераванд. Пулҳои фиристодаи онҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаашон то 40 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG