Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия тамдиди мӯҳлати будубоши муҳоҷиронро тақозо кард


Тоҷикистон аз Русия хост, ки муҳлати будубоши муҳоҷиронро то 180 рӯз ва мӯҳлати будубоши бидуни қайдро то 30 рӯз афзоиш диҳад.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 25-уми октябр дар Шӯрои федератсия палатаи болоии порлумони Русия дар доираи Форуми шашуми байнипарлумонии ду кишвар ширкат ва суханронӣ кард.

Тағойзода ҳини суханронӣ гуфт, Тоҷикистон ба ҷониби Русия тарҳи созишномаи навро ҷиҳати бештар кардани муҳлати будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар пешниҳод кард.

Тағойзода аз ҷумла гуфт:

“Ба хотири беҳтар кардани шароити будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар мо пешниҳод дорем, ки масъалаи озод кардани онҳо аз сабти маҳалли иқомат 30 рӯз (на 15 рӯзи феълӣ) муқаррар шуда муҳалти умуми будубоши онҳо дар Русия то 180 рӯз (на 90 рӯзи феълӣ) дароз карда шавад. Ин гуна шароит имконияти қонунии фаъолияти муҳоҷирони моро бештар карда, шумораи муҳоҷирони ғайриқонуниро хеле коҳиш медиҳад”.

Ба таъкиди Тағойзода, дар сурати то 180 рӯз дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирон дар Русия зарурат ба зуд-зуд убур кардани марз аз байн меравад.

Вазири тоҷик мегӯяд, то 180 рӯз дароз шудани муҳлати будубош ҳамчунон аз ҳодисаҳои ногувору фоҷеабори мисли маргумири муҳоҷирон дар садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми убури марзҳо ҷилавгирӣ ва ҳам таҳсили кӯдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои русӣ бемушкил мекунад.

Ҳоло бинобар қонунҳои муҳоҷират дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ноболиғоне, ки дар мактаб таҳсил мекунанд, маҷбуранд ҳар се моҳ марзи Русияро убур кунанд ва дар натиҷа чанд рӯз аз таҳсил дур мемонанд ва иҷроиши кор аз хонаводаҳо хароҷоти иловагӣ талаб мекунад.

Дар идома Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба мавзӯи нафақаи муҳоҷирон низ дахл карда гуфт, ҳарчанд беш аз 354 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия суғуртаи иҷтимоӣ пардохт мекунанд, аммо бинобар набуди созишнома миёни ду кишвар нафақа гирифта наметавонанд.

Форуми байнипорулмонии Тоҷикистон ва Русия ҳар ду сол як бор бо ширкати мақомоти вазорату идораҳои ҳукуматӣ ва вакилони маҷлис баргузор мешавад. Дар форуми чорум, ки дар Маскав доир шуд, Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нав ва Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улум намояндагӣ карданд.

XS
SM
MD
LG