Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндониро бознигарӣ кунад. Намояндагони иттиҳодия дар нишасте дар Душанбе, ҳамчунин, аз мақомоти Душанбе хостанд, ба дипломатҳои хориҷӣ иҷоза бидиҳанд, ки ба зиндон рафта ва бо ин вакили шинохта мулоқот кунанд.
Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳияи қонунҳо ҷалб кунад
Аз ҳабси тӯлонӣ то таъқиби вакилон
Дафтари Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 26-уми октябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи натиҷаҳои муколама бо Тоҷикистон гуфтааст, бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо, дар кишвар ҳуқуқи инсон “таназзул” ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо бо изҳори нигаронӣ “таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба ҳабсҳои тӯлонии мухолифини сиёсӣ, таъқиби аъзои хонаводаи онҳо ва вакилоне, ки аз ҳаққашон дифоъ мекунанл, ҷалб кардааст.”
Дар баёния омадааст, “бо ин мақсад, дар ҷаласа масъалаи ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров бардошта шуд. Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба бознигарии парванда даъват намуд ва дархост кард, ки ба сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупои муқими шаҳри Душанбе иҷозат бидиҳанд ва мусоидат кунанд, то ки бо Ёров дар ҳабс вохӯрӣ гузаронанд.”
Фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ
Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди "ғайриқонунӣ" ва "террористӣ" эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ, боздошт ва ба ҷиноятҳои мухталиф, назири қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам шуд. Ӯро баъдан ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Худаш ва наздиконаш парвандаро дорои ангезаҳо сиёсӣ медонанд.
Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти рӯзи ҷумъа ба нақши муҳими созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон таъкид карда, вале аз фишор бар онҳо изҳори ташвиш намуданд. “Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар раванди таҳияи қонунҳо ҷалб кунад”, – омадааст дар баёнияи Иттиҳодияи Аврупо.
"Тоҷикистон масъалаи шиканҷаро ҷиддӣ гирад"
Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз Тоҷикистон хостааст, ки аз бастани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашад. “Иттиҳоди Аврупо аз тасмимиҳои Тоҷикистон барои таъмини субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ мекунад. Вале суботи дохилӣ ва дастрасии озод ба иттилоот бо ҳам мухолиф нестанд. Баръакс, метавонанд якдигарро комил кунанд.”
Бо ин ҳол, Иттиҳоди Аврупо аз раҳоии хабарнигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов ва вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов тавсиф кардааст.
“Ҷонибҳо гуфтанд, ки дар мавриди ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар боздоштгоҳҳо баъзе пешравиҳо дида мешавад. Бо вуҷуди ин, Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон кӯшишҳои бештареро барои таҳқиқи пурра ва саривақтии ҳар як қазияи шиканҷа, кафолати пардохти ҷуброни муносиб ба ҷабрдидаҳо ва назорати мустақили зиндонҳоро дархост намуд”, – гуфтанд дар Дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон.
Амрико ҳам дархост кард, ки...
Аз ин қабл, дар ҷараёни машваратҳои сиёсии миёни Тоҷикистону Амрико низ як мақоми Департаменти давлатии ИМА аз Душанбе дархости бозбинии парвандаи Бузургмеҳр Ёровро карда буд. Эмилия Пума, муовини ёвари котиби давлатии Амрико рӯзи 24-уми котябр гуфт, “мақомоти тоҷик далелҳои худро пеш оварданд, вале мо ҳамчунон нигарон ҳастем". Ӯ кӯтоҳ гуфт, “мо аз ҳукумат даъват кардем, ки парвандаи ӯ бозбинӣ шавад”.
Пума дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар машваратҳояш бо мақомоти тоҷик дар маҷмӯъ мавзӯи зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон низ матраҳ шудааст.
То замони боздошт Бузургмеҳр Ёров талош дошт аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ ҳимоят кунад. Аммо дар ниҳоят худаш нахуст ба 25 сол равонаи зиндон шуд ва сипас додгоҳ боз ҳукмашро бар асоси моддаи "таҳқири президент" се соли дигар дароз кард.
Хешовандони Бузургмеҳр Ёров ва ҷомеаи маданӣ бар ин назаранд, ки парвандаи вай сиёсӣ аст. Ҳарчанд, мақомоти тоҷик иддао доранд, ки дар Тоҷикистон зиндонии сиёсӣ нест ва ҳар кас барои ҷинояти мушаххас равонаи зиндон мешавад.