Дар ҷараёни машваратҳои сиёсии миёни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, як мақоми Департаменти давлатии ИМА аз Душанбе дархости бозбинии парвандаи Бузургмеҳр Ёровро кард, ки соли 2016 ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Дархосте, ки қаблан аз ҷониби як қатор созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои аврупоиву ғарбӣ ҳам садо дода, вале то ҳол натиҷа надодааст.
Даъват ба бозбинии парвандаи Бузургмеҳр Ёров
Эмилия Пума, муовини ёвари котиби давлатии Амрико рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе машғули ширкат дар машваратҳои сиёсии миёни мақомоти кишвараш бо мақомоти тоҷик буд.
Вай 24-уми октябр дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар канори баррасии мавзӯоти мухталифи ҳамкориҳои миёни Душанбе ва Вашингтон, ҳамчунин масоили риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсиву шаҳрвандиро бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон матраҳ кардааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи хонум Пума, вай аз мақомоти тоҷик дархост кардааст, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик бозбинӣ шавад. Вай афзуд, ки "мақомоти тоҷик далелҳои худро пеш оварданд, вале мо ҳамчунон нигарон ҳастем". Ӯ кӯтоҳ гуфт, "мо аз ҳукумат даъват кардем, ки парвандаи ӯ бозбинӣ шавад".
Эмилия Пума дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар машваратҳояш бо мақомоти тоҷик дар маҷмӯъ мавзӯи зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон низ матраҳ шудааст.
Бузургмеҳр Ёров, тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди "ғайриқонунӣ" ва "террористӣ" эълон шудани ҳизби наҳзати исломӣ, боздошт ва дар ҷиноятҳои мухталиф, назири қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам шуд.
То замони боздошт Бузургмеҳр Ёров талош дошт аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ ҳимоят кунад. Аммо дар ниҳоят худаш нахуст ба 25 сол равонаи зиндон шуду, сипас додгоҳ боз ба ҳукмашро бар асоси моддаи "таҳқири президент" то 28 сол тамдид кард.
Хешовандони Бузургмеҳр Ёров ва ҷомеаи маданӣ бар ин назаранд, ки парвандаи вай сиёсӣ аст. Ҳарчанд, мақомоти тоҷик иддао доранд, ки дар Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ нест ва ҳар кас барои ҷинояти мушаххас равонаи зиндон мешавад.
Талошҳои нокоми бозбинии парвандаи Бузургмеҳр
Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров рӯзи 24-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз матраҳ шудани мавзӯи шавҳараш дар сӯҳбатҳои мақомоти тоҷику амрикоӣ истиқбол кард ва гуфт, ки аз замони судури ҳукм, вакилони дифоъ чанд маротиба талош карданд аз тасмими додгоҳ шикоят баранд. Аммо, ҳеҷ яке аз ин шикоятҳо ҳатто қабул нашудааст.
Хонум Набиева афзуд: "Нахуст Ҷамшед Ёров вакили дифои бародараш буд, вале аризаҳои шикоятии ӯро додгоҳи кассатсионӣ қабул накард. Сипас, Муаззама Қодирова низ чунин талошҳои бенатиҷаро анҷом дод. Қаблан аризаи шикоятиро тавассути почта низ қабул мекарданд. Ҳоло ҳар шикоятгар бо шиноснома бояд худ назди мақомоти судӣ биравад. Онҳо даъворо гӯш медиҳанду тасмим мегиранд, ки онро баррасӣ мекунанд ё не. Ҳоло ҳарду вакилони дифои шавҳарам дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд. Ба ин далел, ман ҳатто дар ин масъала бо шикояте назди додгоҳ нарафтаам".
Зоиров: "Омодаам аз ҳуқуқҳои Бузургмеҳр ҳимоят кунам"
Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки ихтисосаш ҳуқуқшинос аст, гуфт, ки омода аст ба пайвандони Бузургмеҳр Ёров барои таҳияи аризаи шикоятӣ аз ҳукми ин вакили дифоъ кӯмак кунад.
Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин шикоят дар ҳоле муассир хоҳад буд, ки созмонҳои байналмилалӣ расман ба Тоҷикистон муроҷиат карда бошанд.
Раҳматилло Зойиров афзуд, чунин вокуниши намояндаи Департаменти давлатии Амрико албатта хуб аст, аммо беҳтар мебуд, агар созмонҳои байналмиллалӣ дар ин робита дархости расмӣ мекарданд. "Дар ин сурат ҳукумати Тоҷикистон вазифадор мешуд, ки ин масъаларо баррасӣ кунад. Танҳо суханони намояндаи ҳукумати Амрико феълан ҷанбаи сиёсӣ дораду халос",-афзуд Раҳматилло Зоиров.
Вакили дифоъ ва зерҳимояҳояш дар зиндон
Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ниҳоят куллия вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар нисбати сарнавишти Бузургмеҳр Ёров ба суди кор аст. Бештаре аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳуқуқи инсон мӯътақиданд, ки боздошт ва зиндонӣ шудани ин вакили дифои тоҷик ангезаҳои сиёсӣ дорад, чунки ӯ баъди он боздошт шуд, ки тирамоҳи соли 2015 гуфт, омода аст дар додгоҳ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои узви раёсати ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ҳимоят кунад.
Афроде, ки Ёров ба ҳимояи ҳуқуқи онҳо садо баланд кард, тобистони соли 2016 ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Додгоҳ гуфт, ки онҳо ошӯбии мусаллаҳонаи генерал Назарзодаро дар сентябри он сол ташкил карданд. Иттиҳоме, ки маҳкумшудаҳо ҳамеша рад кардаанд.
Дар гузашта ҳам мақомоти ИМА ва ҳам созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёров бозбинӣ шавад. Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо соли ҷорӣ озодии ин вакили дифои тоҷикро тақозо карда буд.
Зиндониҳои сиёсӣ, озодии матбуот, ҳуқуқи башар...
Эмилия Пума, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар машваратҳояш бо мақомоти тоҷик дар маҷмӯъ мавзӯи зиндониҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон низ матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи вай, "мо ҷониби Тоҷикистонро ба баррасиҳои бозу ошкоро дар ин замина даъват мекунем. Мо ба тавсеаи майдони фаъолияти аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, кормандони матбуот даъват меунем, то ки онҳо тавонанд озодона бо ҳам мулоқот карда, озодона назарҳои худро баён кунанд. Ин масълаҳоро мо бо чанд вазир матраҳ кардем ва аз онҳо хостем, ки фазои бозро барои сокинони Тоҷикистон таъмин кунанд".
Манзури дипломати амрикоӣ – фаъолияти озоди матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки бино ба арзёбиҳои солҳои охир, хеле камранг ва маҳдуд шудаанд.