Як сокини шаҳри Хуҷанд барои баргузории ҷашни зодрӯз бо ҳузури шаш дугонааш дар яке аз тарабхонаҳои маркази вилояти Суғд ба пардохти 5 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз панҷсад доллари амрикоӣ, ҷарима шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки Азиза Бобоҷонова ба нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ айбдор гардид.
Бино ба иттилои Додситонии кулл, Бобоҷонова 17-уми сентябри имсол бар хилофи қонуни танзими анъана, ки таҷлили зодрӯзро дар доираи аҳли хонавода иҷоза медиҳад, 25-солагиашро дар тарабхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд гузарондааст.
Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон 10 соли қабл таҳия ва мавриди иҷро қарор гирифта буд. Тобистони соли 2017 бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба чанд банди ин қонун, масъулият ва ҷазо барои риоят накардани талаботи ин қонун шадид карда шуд.
Аз ҷумла, иловаҳои нав маъракаи азои мардумро ба танзим дароварда, бар асоси он забҳи чорво манъ аст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни танзими маросими миллӣ дар даҳ соли гузашта миллиардҳо сомонии мардумро сарфа карда ва якуним миллион чорворо аз забҳ шудан раҳондааст.