Шӯрои Маҷлиси намояндагон 29-уми октябр тарҳи ислоҳи қонуни Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозиро ба баррасии вакилони мардумӣ пешниҳод кард, ки дар он шароити иштироки бахши хусусӣ дар таҳияи тарҳи шаҳру навоҳӣ фароҳам мешавад. То ҳол танҳо муассисаҳои давлатӣ аз ҳаққи лоиҳакашии шаҳру навоҳӣ бархӯрдор буданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақиданд, ки ширкати бахши хусусӣ дар таҳияи тарҳи шаҳру навоҳии кишвар шароитро барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои соҳибкорони дохилиро таъмин месозад. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан муассисаҳои давлатӣ ва хориҷӣ аз ҳаққи ширкат дар озмунҳо ё тендери лоиҳакашӣ дар шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон бархурдор буданд. Аммо, ба гуфтаи Садриддин Шарипов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, ҳамакнун шароити ширкати бахши хусусӣ дар ин раванд тағйир хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай: “Баъд аз тасвиби ин қонун дар таҳрири нав ширкатҳои хусусӣ метавонанд лоиҳаҳои таҳиякардаи шаҳру навоҳиро ба озмун ё тендер пешниҳод кунанд. Шарти зарурӣ ин аст, ки онҳо муҷаввизи фаъолият дошта бошанд. Дар сурати пирӯзӣ тарҳи ин ширкатҳо ба иҷро гирифта мешавад”.
Ба гуфтаи ҷаноби Шарипов, куллия кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагон, қаблан дар Тоҷикистон бештаре аз лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳо ва корхонаҳо аз сӯи пажӯҳишгоҳҳои давлатии лоиҳакашӣ ё муассисаҳои хориҷӣ омода мешуданд. Ин тарҳҳо, ба гуфтаи онҳо, арзишҳои миллии тоҷиконро чандон таҷассум намекарданд. Гузашта аз ин, монеа дар ширкати бахши хусусӣ дар ин озмунҳо баробарҳуқуқии ширкатҳоро зери суол мебурд.
Фурқат Насимзода, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, санъати муосири меъморӣ дар ҷаҳон пешрафтҳое карда ва на ҳама аз ширкатҳои Тоҷикистон аз зарфияти мутобиқат ба ин меъёрҳо бархурдоранд. Ҷаноби Насимзода, ба унвони мисол, аз сохтмони роҳи сетабақа дар маҳаллаи 82-и пойтахти Тоҷикистон ном бурд. Вай афзуд, “дар Тоҷикистон ҳеҷ ширкате аз таҷрибаи таҳияи чунин тарҳе бархурдор набуд ва ҷалби лоиҳакашони чинӣ дар ин маврид амри зарурӣ дониста мешавад. Аммо, ҳоло лоиҳакашони тоҷик бо чунин таҷриба ошно шуданд ва минбаъд метавонанд мустақилона чунин тарҳҳоро омода созанд”. Фурқат Насимзода афзуд:
“Заминаи ҳуқуқии ширкати бахши хусусӣ таъмин мешавад. Аммо, муҳим ин аст, ки озмунҳо чӣ тавр сурат мегиранду ширкати ғолиб чӣ гуна муайян мешавад. Зарур аст, ки шаффофият дар ин замина таъмин карда шавад, зеро аз таҷрибаи солҳои қаблӣ медонем, ки фасодкорӣ дар интихоби ширкати пирӯз ҳамчунон вуҷуд дорад”.
Дар чанд соли ахир мавзӯи “Генплан” ё бозсозии симои маркази шаҳри Душанбе ба мавзӯи доғи ҷомеа табдил шудааст. Мунтақидон мегӯянд, ки ин лоиҳаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравии пешин таҳия шудааст, бозгӯи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон нест. Ҳамакнун қарор аст дар ҷойи биноҳои, ба эътиқоди онҳо таърихӣ, биноҳои муосири осмонбӯс сохта шаванд. Биноҳои таърихии порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон тахриб шуда, ба ҷойи онҳо ширкатҳои сохтмонии чинӣ биноҳои баландошёна месозанд. Ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз мақомот дархост мекунанд, ки маркази таърихиву фарҳангии Душанбе ҳифз карда шавад. Аммо, мақомот, далел пеш меоранд, ки Тоҷикистон камзамин дониста мешавад ва биноҳои қадима аз лиҳози меъморӣ аҳамияти худро аз даст додаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида, Чин тасмим гирифтааст барои сохтмони биноҳои нави Ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ҳудуди 130 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ихтисос диҳад. Дар гузашта Пекин эълон карда буд, ки барои сохтмони ин ду бино 215 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. Сабаби ихтисоси маблағи камтар ҳанӯз шарҳ дода нашудааст.