Дар солҳои охир бисёре аз қирғизҳои маҳаллие, ки қарнҳо боз дар қаламрави ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин)-и Тоҷикистон ба сар мебурданд, оилавӣ ба Қирғизистони ҳамсоя кӯч мебанданд. Мавҷи бузурги ҳиҷрат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) мушоҳида шуда буд.
- Аксари кӯчбастагон аз мушкили сахти иқтисодӣ дар кишвари кӯчаки худ шикоят мекунанд ва мегӯянд, ҳамин мушкилот онҳоро ба тарки замини бобоӣ ва рафтан ба кишвари дигар водор кардааст. Дар ҳамин ҳол, хумори зодгоҳ, қоидатан онҳоро тӯли умр дунбол мекунад.
Дар Бишкек мушкилоти зиёд буд. Ман бо як хонаводаи бузург зиндагиро аз сифр оғоз кардам. Ҳеч чиз, ҳатто хона надоштем.
Шуморе аз қирғизҳои муҳоҷире, ки дар Қирғизистон ба сар мебаранд, таърихчаи чӣ гуна ба макони нав мутобиқ шуданашонро ба Радиои Озодӣ қисса карданд.
“Бегона” дар миёни “худӣ”-ҳо
“Мо моҳи ноябри соли 1995, замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ буд, қарор кардем, ба Қирғизистон биоем. Ман хонаводаи хеле бузург доштам – 9 фарзанд, аммо зиндагӣ то рафт мушкилтар мешуд. На маош мегирифтам, на барқ доштем ва ҳеч таъминоте аз марказ набуд”, - ба оғози қиссаи худ мепардозад Абдулаҳад Қурбонови 63-сола.. Ӯ баъди зиндагии 40-сола дар Ҷиргатоли Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба Қирғизистон биравад. Бишкек барояш ошно буд, зеро дар онҷо даврони донишҷӯйии худро пушти сар карда буд.
Бо вуҷуди ин, пазируфтани ҷойи нав ба унвони хонаи худ барояш бисёр бо сахтӣ даст дод. “Қирғизҳо мақоле доранд: “Ҷойе, ки одам зода шудааст, барои ӯ мисли Макка аст”. Ман ватанро ҳар дақиқа ба хотир меоварам, ҳамдеҳагонамро, дӯстонамро ёд мекунам. Дар он замон сахт буд, ки дар ин ҷо одат кунем. Кишвари дигар, мардуми дигар, ҳарчанд қирғизҳои худамон буданд. Хумори ватанро ман ҳамин ҳоло ҳам эҳсос мекунам”, - иқрор мешавад Қурбонов.
Ба гуфти ӯ, сабаби аслии ин ҳама тафовути фарҳанг буд. “Мо аз нигоҳи равонӣ ва бар асоси тарбия дар ҷойи комилан дигар зода ва бузург шуда будем. Дар Бишкек мардум як миқдор аврупоӣ шудаанд, вале дар водии Қаротегини мо мардум ҳамеша муҳофизакор ва хеле мазҳабӣ буданд. Дар қадами аввал ман миёни худиҳо эҳсоси бегонагӣ мекардам ва бо гузашти замон ин эҳсос бартараф шуд”, - нақл кард ӯ. Дар ибтидо Абдулаҳад маҷбур шуд талоши зиёде бикунад, то ҷомеа аз мушкилоти қирғизҳои Ҷиргатол огоҳ шаванд ва онҳоро бо нигаронӣ напазиранд.
Дар ҳоли ҳозир Абдулаҳад ба сифати рӯзноманигор кор мекунад ва ҳамзамон ба тарҷумаи осори форсӣ-тоҷикӣ ба забони қирғизӣ машғул аст. Чанде пештар тарҷумаи достони “Ҷони ширин”-и шоири тоҷик Мирзо Турсунзодаро тамом кардааст.
Ба Ҷиргатол барои хабаргирӣ ва мулоқот бо хешу табораш бисёр меравад, вале ба Душанбе баъди солҳои навадум, ҳамин тобистон бори аввал рафтааст ва мегӯяд, ки аз дигаргуниҳо дар ҳайрат монд.
Нигоҳе ба гузашта
Мурод Ҷеенбеков 25 сол дорад. Ҳоло корманди як ширкати сохтмонӣ дар Бишкек аст. Дар ҳамин ҳол тамоми даврони кӯдакӣ ва наврасияшро дар Ҷиргатол пушти сар гузоштааст.
Ҳангоме ки дар синфи нуҳум мехонд, хонаводаи онҳо тасмим гирифт, ки ба шаҳраки Токмок бикӯчанд ва дар ин ҷо таҳсили 11-солара ба поён расонид. “Дар Тоҷикистон ман барои худ ояндаи рӯшане намедидам ва қарор гузоштам, ки ба Қирғизистон биоям. Вале тамоми кӯдакии ман дар Ҷиргатол гузашта буд. Он ҷо ҳамаи онҳое, ки ман аз наздик нишасту бархост доштам, буданд. Дӯстонам, хешу таборам. Хушбахтона дӯстони наздике аз шумули тоҷикони маҳаллӣ ҳам доштам, ки бо ҳам бузург шуда будем. Аз ин хотир дар оғоз бисёр мушкил буд”, - гуфт Мурод.
Ӯ эътироф мекунад, ки хеле аз хонаводаҳои қирғизи Ҷиргатол хонаҳои худро тарк карданд, вале ба ин бовар нест, ки ин ба кадом фишоре болои қирғизҳои марбут буд.
“Ҳоло бисёриҳо мегӯянд, ки дар Ҷиргатол вазъ хуб нест, вале агар худатон ба он ҷо сафар кунед ва бипурсед, ҳамаи онҳо якдилона мегӯянд, ки ба тоҷикони маҳаллӣ мушкиле надоранд. Нофаҳмиҳое дар сатҳи хонаводаҳо миёни маъмурияти ноҳия ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттифоқ меафтад, ки одатан аз дигар навоҳӣ ба он ҷо омадаанд, вале дар маҷмуъ мардум дар ҳамоҳангӣ ба сар мебаранд ва хонаводаҳои муштараке аз тоҷикону қирғизҳо ташкил медиҳанд. Хусусан бибии ман тоҷик аст ва хешу табороне дорам, ки бидуни мушкил духтарони худро ҳам ба тоҷикҳо ва ҳам ба қирғизҳо тӯй мекунанд”, - мегӯяд Ҷеенбеков.
Ӯ иқрор мешавад, ки борҳо мушоҳида мекунад, бастагони бузургсолтараш хумори зодгоҳ дар сар мепарваранд, мусиқии тоҷикӣ гӯш мекунанд, хабарҳо ва барномаҳои телевизионҳои тоҷикиро дунбол мекунанд. Худаш то ҳоло ҳамеша барои дидани хешутаборонаш ба Тоҷикистон меравад, вале эътироф мекунад, ки бо гузашти солҳо бастагонаш кам мешаванд.
“Ҳамдиёрӣ” дар тӯли солҳо
Марат, сокини Бешкек на ҳама чизи замони ба ин шаҳр омаданашро ба хотир оварда метавонад. Он замон, дар соли 1996, ӯ ҳамагӣ 6-сола буд ва ҳоло 29 сол дорад. Ӯ танҳо ба хотир меоварад, дар мактаби нави маҳалла, ки хонандаҳои миллатҳои гуногун буданд, дар қадамҳои аввал хеле нороҳат буд. Ӯ худро он қадар миёни мардуми “худ” эҳсос намекард, аз ҷумла ба далели мушкилии барқарор кардани равобит.
“Шеваи ҷиргатолӣ аз шевае, ки ин ҷо гуфтугӯ мекарданд, фарқ мекард. Ман зуд ба мактаби русзабон рафтам, чаро ки дар Тоҷикистон дар мактаби русзабон мехондам. Он замон мо (дар Ҷиргатол) мактабҳои қирғизӣ надоштем”, - ба ёд меоварад Марат. Ӯ бар ин назар аст, ки он замон дар соли 1996 волидонаш мисли дигарон мушкили бисёр доштанд, вале хеле кам барояш аз ин мушкилҳо мегуфтанд.
“Дар ёд дорам, модарам қисса карда буд, ки дар ибтидои ҳиҷрат, вақте онҳо ба бозори Ӯш мерафтанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар бор дастгир ва кофтукоб мекардаанд. Онҳо фақат бо либоси баста буда, сарашонро мисле дар Ҷиргатол маъмул буд, пӯшонда будаанд. Он замон дар Бишкек бисёр кам чун либос мепӯшиданд”, - қисса мекунад Марат.
Бо зиндагӣ кардан дар Бишкек, Марат равобити танготанг бо ҳамшаҳирояшро нигоҳ доштааст. “Мо бо якдигар мулоқот мекунем, гуруҳи дӯстон дорем. Ба тӯйу мусибати ҳамдигар меравем, аз лиҳози инсонӣ якдигарро дастгирӣ мекунем”, - мегӯяд ӯ.
Ӯ бар ин назар аст, ки ба Қирғизистон ҳоло бештар хонаводаҳое меоянд, ки фарзанди бисёр доранд, зеро ин ҷо онҳо барои худ ояндаи хубтареро мебинанд.
Мардуми соҳиби ду ватан
Аскар Рабиев ҳоло 68 сол дорад ва нафақахӯр аст. 48 соли онро дар Ҷиргатол гузаронидааст ва забони тоҷикиро комилан балад аст. Дар гузашта дар Ҷиргатол муаллими забону адабиёти қирғизӣ буд. Соли 1998 бо 10 фарзандаш тасмим гирифт, ки ба Бишкек кӯч бандад ва муқими ин ҷо шавад.
“Дар Бишкек мушкилоти зиёде буд. Ман бо як хонаводаи бузург зиндагиро аз сифр оғоз кардам. Ҳеч чиз, ҳатто хона надоштем. Як хонавода омада будем, ҳоло бо шумули фарзандон 5-6 хонавода ҳастем. Ҳамаи духтаронам шавҳар карданд”, - бо ханда ба ёд меоварад гузаштаро Рабиев.
Ба гуфтаи ӯ, як соли кор ба сифати омӯзгор дар мактаби Бишкек барояш писанд наомад ва тасмим гирифт, ки ба кишоварзӣ машғул шавад. Бо гузашти замон фарзандонаш бузургтар мешуданд ва ёриаш мекарданд. Ҳоло бо хонаводаи бузургаш дар маҳаллаи Белеводск ба сар мебаранд ва зуд-зуд ба Ҷиргатол, ки он ҷо ҳамаи бародарон ва хешу табораш зиндагӣ мекунанд, меравад.
Мегӯяд, ки нисфи сокинони ин минтақа аз он ҷо омадаанд ва нисфи дигар он ҷо мондаанд. “Онҳо ду ватан доранд, ҳамватанонашон ҳам он ҷо ҳастанд ва ҳам ин ҷо”, - изҳор мекунад Аскар Рабиев.
Ҳамаи мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки раванди кӯчбандии қирғизҳои маҳаллӣ аз Ҷиргатол ба Қирғизистон то кунун давом дорад, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда равобити хешутаборӣ бо ин ноҳия дар бисёре аз хонаводаҳо ҳифз мешавад.
Аҳолии ноҳияи Лахш (то феврали соли 2016 ноҳияи Ҷиргатол) беш аз 65,8 ҳазор ҳисоб шудааст. Дар ин ноҳия бештар қирғизҳои маҳаллӣ ба сар мебаранд.