Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи пулисе, ки зани муттаҳам ба дуздиро луч карда буд


Муҳокимаи як афсари милисаи Узбекистон, ки зани муттаҳам ба дуздиро зӯран бараҳна карда ва ин саҳнаро ба навор гирифта буд, оғоз шудааст.

Расонаҳои Узбекистон рӯзи 4-уми ноябр хабар доданд, ки баррасии парвандаи Санъат Умаров, корманди собиқи шуъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Каттақӯрғон дар додгоҳи Самарқанд ҷараён дорад.

Қаблан нисбат ба ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Узбекистон – ба даст овардани маълумот аз роҳи шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ – айб эълон шуда буд.

Бино ба наворе, ки рӯзи 4-уми июли имсол дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд, муфаттишон дар Узбекистон ду зани муттаҳам ба дуздиро бо таҳқиру тавҳини зиёд ба бараҳнашавӣ амр додаанд.

Дар навори видеоӣ дида мешавад, муфаттише як зани тақрибан 35-соларо дар кунҷи утоқ монда ва маҷбур мекунад, ки либосҳояшро бикашад. Ин зан ба тадриҷ либосҳояшро бадар карда ва илтиҷо мекунад, ки баъзе либосҳояш бимонад. Аммо дар навор садои марде шунида мешавад, ки мегӯяд, “бикаш, то охир бикаш”.

Дар навор шунида мешавад, ки зан мегӯяд, “бародар ман ин корро накардам”. Аммо муфаттиш амр медиҳад, ки ӯ бо тани луч ба берун барояд.

Дар ҳамин ҳол, садои марди дувум шунида мешавад, ки ба зани дигари боздоштшуда амр медиҳад, ӯ ҳам бараҳна шавад. Ин зан, ки чеҳрааш намоён нест, аз маъмури милиса илтимос мекунад, беҳурматӣ накунад, аммо дар посух ҳақорати зиёде мешунавад.

Як корманди ниҳодҳои интизомии Узбекистон, ки видеоро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, гуфт, ҳодиса рӯзи 3-юми июни имсол дар роҳрави Идораи милисаи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд сурат гирифтааст.

Ин ҳодиса вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Ва мақомот низ баъди ин воқеа ба хонаи занҳо рафта, аз онҳо маъзарат хоста, барояшн кумак карданд.

Ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки моҳи феврали имсол раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз рафтори кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба шиддат интиқод карда ва гуфта буд, бисёре аз мардум аз кори милисаҳои узбек норозиянд.

Ҳомиёни ҳуқуқ муфаттишони милисаро барои бадрафторӣ ва таҳқири занон маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG