Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ду модар барои Умеда тобиши нав гирифт. ВИДЕО


Умеда Мақсудова.
Умеда Мақсудова.

Волидони биологии Умедаи 9-сола, ки бо қарори додгоҳ талоши иҷборан ба тарбияи худ гирифтани ин наврасро доштанд, тасмими худро тағйир додаанд. Як сол боз волидони билогӣ ва модаре, ки Умедаро ба фарзандхонӣ гирифтааст, барои бо худ гирифтани ӯ баҳси додгоҳӣ доштанд.

"Намехоҳем Умедаро аз модархонд ҷудо кунем"

Волидони биологӣ, ки ҳанӯз дар 30-рӯзагӣ Умедаро ба амаки бефарзандаш дода буданд, баъдан тасмим гирифтанд ӯро пас бигиранд. Баҳс дар додгоҳ ба манфиати онҳо анҷом ёфт ва ин кор ба вокуниши сахти ҷомеа ва ҳамин тавр ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак рӯ ба рӯ шуд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, ки чанд бор бо худи Умедаи 9- сола ҳам ҳамсӯҳбат шудааст, мегӯяд, ҳоло танҳо роҳ, созиш кардани ду модар ва омода кардани кӯдак барои равуо бо волидони биологӣ аст.

Аммо Мақсуд Ҳалимов, падари биологии Умеда рӯзи 28 - уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳоло намехоҳанд Умедаро азият диҳанд ва аз модархондаш ҷудо кунанд. Шарти волидони биологӣ ҳоло фақат ин аст, ки модархонд ӯро аз онҳо ҷудо накунад ва иҷоза диҳад, ки духтари ба дунё овардаашон ба хонаи онҳо ҳам равуо кунад.

Ин тасмими худро модари биологии Умеда, Шамсия Мақсудова ҳам дар мулоқоти рӯ ба рӯяш бо намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Хатлон эълон доштааст. Умар Давлатов, намояндаи Ваколатдор, ки ҳоло ин қазияро дар сӯҳбат бо ду модар таҳқиқ дорад, мегӯяд, дар як мулоқот бо волидони биологӣ онҳоро аз паёмадҳои нохуши ин ҷанҷолҳо ба сиҳативу равонӣ кӯдак огоҳ карда, тавсия додааст, ки расман аз даъвои худ барои гирифтани Умеда даст кашанд.

"Кӯдак аз куҷо медонад ҳалномаи додгоҳ чист?"

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, якбора ҷудо кардани Умеда аз модаре, ки ӯро то имрӯз ба воя расонидааст, метавонад ба равони кӯдак зарбаи сахт бизанад. "Кӯдак то ҳамин наздикиҳо намедонистаст, ки модари аслии ӯ Шабистон нест. Ман ба модари биологӣ гуфтам, ки ӯро якбора бо худ мебаред, ҳоло он хона барои ӯ бегона аст, эҳтимол хеста мегурезад. Куҷоро мекобед? Ман гуфтам кӯдакро аввал бояд ба ин кор хуб омода кард",-афзуд ин ҳомии ҳуқуқ.

Модари биологии Умеда Мақсудова.
Модари биологии Умеда Мақсудова.

Ба гуфтаи Умар Давлатов, ки ба ин парванда аз наздик ошно шудааст, агарчӣ ҳукми додгоҳ дар мавриди бо кӣ мондани Умеда, ба фоидаи модари биологӣ анҷом шуд, аммо дар ҷараёни иҷрои ҳукм ҳуқуқи кӯдак нақз шудааст. Манзури ҳомии ҳуқуқ талошҳои волидон ва додрасҳо барои иҷборан ҷудо кардани кӯдак аз модарест, ки ба ӯ дил бастааст. Ба таъкиди ӯ, талоши бо ин роҳ бо худ бурдани кӯдак ба як хонаи дигар нодуруст ва ғайриқонунӣ буд.

"Кӯдак метарсад. Ӯ аз куҷо медонад, ки ҳалномаи додгоҳ чӣ аст? Ман дидам, ки ба чӣ тартиб ҳалномаи суд иҷро шуда истодааст. Ҳар касе бошад як нафрате дар дилаш пайдо мешавад. Ҳатто дар Сирк морро аввал ром мекунанд ва баъд ба саҳна мебароранд."

Вокунишҳо ба моҷарои ду "модар"-и Умеда

Навори доду фарёди Умеда дар рӯзе, ки бояд бо қарори додгоҳ ба назди волидони биологияш бурда мешуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва берун аз он ба вокунини шадид рӯ ба рӯ шуда, таваҷҷуҳи масъулини кор бо кӯдакро ба он ҷалб кард. Тибқи қарори додгоҳ, бояд моҳе пеш Умеда аз модархондаш барои ҳамеша ҷудо мешуд. Аммо доду фиғони Умеда, иҷрои қарори додгоҳро ба таъхир гузошт.

Ҷанҷоли модару модарандар барои Умедаи 8-сола
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Баҳси додгоҳии ду модар-яке биологӣ ва дуюми модархонд барои Умеда Мақсудова, соли 2017 дар додгоҳи шаҳри Бохтар шурӯъ шуд. Ба далели расман фарзандхонӣ нашудани Умеда, тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ, ба манфиати волидони биологии ӯ анҷом ёфт. Аммо талошҳои волидони биологӣ бо масъулини додгоҳ барои ҷудо кардани Умеда аз модархондаш Шабистон то имрӯз бенатиҷа буд.

"Ягона роҳ созиш аст"

Умар Давлатов, Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки чанд бор бо худи Умедаи 9- сола ҳам ҳамсӯҳбат шудааст, мегӯяд ҳоло танҳо роҳ созиш кардани ду модар ва омода кардани кӯдак барои равуо бо волидони биологӣ аст.

Аммо волидони биологии Умеда мегӯянд, сабабгори аслии то ба додгоҳ рафтани баҳс ҳам амали Шабистон буд, ки намехост кӯдак бо онҳо чанд рӯз ё ба ҳангоми таътилаш бимонад. Ба бовари онҳо, модархонди Умеда, Шабистон Кабудова ӯро зидди онҳо шӯрондааст ва бинобарин ӯ намехоҳад волидони аслиашро бубинад.

Шабистон Кабутова.
Шабистон Кабутова.

Аммо Шабистон - модархонди Умеда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ахиран гуфт, ӯ аз аввал зидди равуои кӯдак бо волидонаш набуд, вале баъди дағалӣ ва ҷанҷолҳо барои иҷборан бурдани ӯ кӯдак дигар намехоҳад назди онҳо равад. "Худи намояндагони ҳуқуқи кӯдак бо Умеда гап заданд, гуфт ман намехоҳам равам. Пурсиданд, ки бобоятро нағз намебини? Гуфт не. Мегӯяд ман бе шумо намеравам. Вале бигзор равуо кунад, вале ман мехоҳам аввал забонхат гирам, ки инҳо дигар даъвои гирифтани ӯро намекунанд", афзуд Шабистон Кабутова.

Ин ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзҳои наздик натиҷаи таҳқиқу сӯҳбаташ бо ду ҷониб ва кӯдакро ба Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Душанбе пешниҳод хоҳад кард. Ҳамзамон қарор аст, ки баҳси ду модарро Додгоҳи олӣ бо дархости Дастгоҳи президенти Тоҷикистон бозбинӣ кунад. Ин дархост дар посух ба шикояти Шабистон Кабудова аст, ки бо қарори додгоҳ баъд аз нӯҳ сол ӯро аз фарзанди тарбиякардааш ҷудо мекунанд. Ин модар ахиран тамоми санаду ҳалномаҳои додгоҳиро дубора ба мақомот дастрас кард.

Достони Умедаи 9-сола

Қиссаи зиндагии Умедаи 9-сола филми пурмоҷароро мемонад. Ӯро дар 30-рӯзагӣ волидонаш бидуни ягон санаду мадрак ба амаки бефарзандаш ва ҳамсари ӯ доданд. Дар дувунимсолагии Умеда, падару модаре, ки ӯро фарзандхон карданд, аз ҳам ҷудо шуданд ва Умедаро модараш ҳамроҳ бо худ ба хонаи дигар бурд.

Баҳси додгоҳии ду падару модар барои ин духтарча замоне шуруъ шуд, ки Умеда аллакай 8-сола буд ва танҳо ҳамсари амакашро модари аслии худ мехонд. Модархонди Умеда ҳам дар посух ба шикояти волидони биологиаш ба додгоҳ аз онҳо 80 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ талаб карда буд. Дар як мулоқоташ бо ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак гуфтааст, ин кораш ба хотире буд, ки волидони биологӣ дар пардохтӣ пул мушкил кашида, аз тасмими гирифтани Умеда даст мекашанд.

Шабистон модархонди Умеда ҳамроҳ бо ӯ дар ноҳияи Бохтар дар хонаи бародараш зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки шароити нигоҳубину тарбияи фарзандро дорад. Аммо ҷониби шавҳари ӯ ва модари бологии кӯдак мегуфтанд, аз шароити нигоҳубини фарзанди таваллудкардааш дар хонаи Шабистон розӣ нестанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеашиносон мегӯянд, дар баррасии мурофиаҳои додгоҳӣ бояд равоншинос ҷалб шуда дилбастагии кӯдаку хости ӯро ба назар мегирифтанд ва набояд кӯдак дар миён ин қадар азият шавад.

XS
SM
MD
LG