Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Назари волидон муҳим нест". Коҳиши издивоҷ бо амри волидон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Лаҳзае аз хотираҳо
Лаҳзае аз хотираҳо

Як таҳқиқи нав нишон додааст, ки 80 дарсади оилаҳо дар Тоҷикистон бар асоси муҳаббати ҷавонон ва дар фақат 20 дарсад бо хоҳишу амри волидон бунёд мешаванд.

Кумитаи кор бо ҷавонон, ки муаллифи таҳқиқ аст, ҳафтаи гузашта натиҷаҳои онро дар Душанбе муаррифӣ кард. Муаллифон мегӯянд, дар солҳои охир суннатҳои издивоҷ тағйир меёбад ва худи ҷавонҳо тасмимгирандаи сарнавишти худ мешаванд.

Вақте Шодигул арӯс шуда аз маркази шаҳри Ваҳдат ба деҳа ба хонаи шавҳар рафт, наздиконаш бовар доштанд, ки зиндагии оилавии духтарашон бо шавҳар дар русто дер намекашад. Вале 15 сол аст, ки оилаи Умед Самадов ва Шодигул Иброҳимова зиндагии хубе доранд. Ҳамроҳ ду фарзандро бузург кардаанд.

Шодигул Иброҳимова худро як зани хуштолеъ меҳисобад, чунки мегӯяд, ҳамеша муҳаббату самимияти ҳамсарашро эҳсос мекард ва ҳамин муносибат буд, ки бисёр мушкилоти зиндагӣ ва чолишҳо осон пушти сар шуданд.

Дар Тоҷикистон издивоҷ бо хоҳиши волидайн кам шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Умед Самадов донишҷӯи 24-сола буд, ки бори аввал Шодигули 19-сола ҳамсояи бародарашро дид ва ошиқи ӯ шуд. Дӯстии онҳо ҳамон замон шурӯъ шуд, ба якдигар унс гирифтанд ва хостанд издивоҷ кунанд, вале хоҳиши ҷавонон ба волидони Шодигул писанд набуд. Онҳо аз интихоби духтари шаҳриашон нороҳат шуданд, чун фикр мекарданд, ки зиндагии ӯ дар деҳа дер намепояд.

Духтари шаҳрӣ одату кори русторо омӯхт

Шодигул ба хонаи шавҳар рафт, корҳои сангин, вале маъмулии занҳои деҳотро омӯхт, аз нигоҳубини мол то пухтани нон дар танӯрӯ таҳияи ғизо дар оташдон. Мегӯяд, ҳарчанд ҳамаи ин корҳо барои як духтари бетаҷриба сахт буд, аммо муҳаббати ҳамсар барояш нерӯ мебахшид.

Шодигул мегӯяд, дар зиндагӣ бо ҳамсараш мушкилот надошт, масъала бештар ба волидонаш рабт мегирифт. Ӯ мегӯяд, ҳатто баъди таваллуди писари нахустинаш ҳам волидон аз зиндагии ӯ дар деҳа розӣ набуданд.

Умед Самадови 40-сола, ки баъди хатми донишгоҳи педагогӣ омӯзгори мактаб шуд ва ҳоло масъулияти мудириро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, барои интихоби ҳамсар бояд омода буд, то хурдтарин мушкил натавонад, зиндагиро ба буҳрон рубарӯ кунад.

Самадов ба ин бовар аст, ки дар ҳаёти ҷуфтҳое ҳам, ки мисли онҳо худ ҳамдигарро интихоб кардаанду, дар асоси ишқу муҳаббат оила барпо кардаанд, баъзан мушкилиҳо эҳсос мешавад.

“Агар одам худаш зиндагиро дуст дорад ҳеҷ гоҳ хонавода аз ҳам пош намехӯрад. Медонед, ман танҳо як донишҷу будам, ки оиладор шудам. Ҳоло ҷои кор ҳам пайдо кардам, соҳиби манзил шудем, ҳамсарамро ҳам соҳиби маълумоти олӣ кардам. Худо хоста бошад рузе аз марказ ҳам хона хоҳем харид” - мегуяд, ӯ.

"Ишқашон дар муддати кӯтоҳ тамом мешавад"

Аксе аз лаҳзаи шодиву хушбахтӣ
Аксе аз лаҳзаи шодиву хушбахтӣ

Зану шавҳар ба ин бовар ҳастанд, ки табъу хислати онҳо бо якдигар аз бисёр ҷиҳат мувофиқат мекунад. Ба қавли онҳо, муҳаббату самимият дар муносибати зану шавҳарӣ хеле муҳим буда ва дар кору фаъолият ва дар тарбияи фарзандон таъсиргузор аст.

“Ман баъзан мебинам, ки ҷавонон бо муҳаббат оиладор мешаванд ва бо гузашти чанд моҳи зиндагӣ бо ҳар баҳона занони худро, ки донишҷу ҳастанд, аз идомаи таҳсил маҳрум мекунанд, ё гӯё ишқи онҳо дар муддати кӯтоҳ тамом мешавад ва аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Кӯшиш намекунанд, ки сабр дошта бошанд ва ба хотири муҳаббате, ки доранд, ҳамдигарро эҳтиром ва мушкилиро якҷоя ҳал кунанд” - мегуяд, Умед Самадов.

Шодигул Иброҳимова мегӯяд, баъди таваллуди фарзанди аввал бо машварату кӯмаки ҳамсар ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд ва онро хатм кард. Ҳоло дар Шӯъбаи кор бо занони ҳукумати Ваҳдат кор мекунад.

Зиндагии хушбахтона, ё вонамуд кардани хушбахтӣ?

Пажуҳиши тоза ҳам муайян кардааст, ки беш аз 80 дарсади оилаҳо дар Тоҷикистон мисли ин хонавода, бар пояи муҳаббат бунёд мешаванд. Ин пурсиши афкори умумро Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар давоми шаш моҳи охири соли 2018 дар миёни беш аз ду ҳазор сокини Душанбеву Кӯлоб ва ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ анҷом додааст.

Маъмулан дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон зану шавҳар якдигарро аввалин бор аз наздик зери чодари арӯсӣ мебинад. Онҳо аз дунёи ҳамдигар бехабаранд, аз табъу завқ ва фикру андешаронии якдигар огоҳ нестанд, вале ба ҳам мепайванданд.

Агарчи мисолҳое ҳам ҳаст, ки бархе аз чунин ҷуфтҳо баъдан бо ҳам мувофиқ омадаву зиндагии хуше пушти сар мекунанд, вале гуфта мешавад чунин хонаводаҳо хушбахт нестанд. Ҳамсарон бо сабаби дурии хислату завқи ҳамдигар ва нобаробариҳои иҷтимоӣ як ҳамзистии сунъиро дар пеш мегиранд ва ҳарду ҳам азоб мекашанд.

XS
SM
MD
LG