Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: Зеленский дар бораи як хонааш дар Итолиё хабар надод. ВИДЕО


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Як таҳқиқоти журналистӣ мегӯяд, пештози рақобатҳои президентии Украина Владимир Зеленский як виллаи иборат аз 15 утоқро дар эъломияи даромадҳояш ворид накардааст. Владимир Зеленскийи 41-сола бо барномаҳои ҳаҷвиаш дар телевизион маъруф аст.

  • Вебсайти slidstvo.info, ки аз тарафи гурӯҳи журналистони таҳқиқгар таъсис шудааст, рӯзи 28-уми март, яъне се рӯз пеш аз интихоботи президентӣ дар Украина навишт, Зеленский ба як ширкати итолиёӣ соли 2017 - 3,8 миллион евро пардохт карда, соҳиби як хонаи боҳашамат шудааст. Ин хона дар 600-метрии соҳили Форте-деи-Марми дар минтақаи Тоскана ҷойгир аст.
Дар ҳоле ки сарвати Зеленский ба унвони як соҳибкори муваффақ ва раҳбари ширкати азими синамоӣ мавриди шубҳа нест, дар пайи ин фошкорӣ ду чиз метавонад раъйдиҳандагони украиниро дилсард кунад.

"Як дурӯғ"?

Дар изҳороти тими Зеленский дар Инстаграм ин гузориш “як дурӯғ” номида шудааст, ки талош дорад дар остонаи интихобот ин номзадро “беобрӯ” кунад.

Журналистони Slidstvo менависанд, баъзе матбуоти русӣ шаҳраки соҳилии Тосканаро “як вилояти Маскав” дар Итолиё ном мебарад, ки онро сарватмандону олигархҳое ба мисли Олег Дерипаска ва Роман Абрамович дӯст медоранд.

Дар эъломияи расмии дороиҳои Зеленский навишта шудааст, ки ӯ дар шаҳри Киев чаҳор манзил ва дар берун аз пойтахт як ҳавлӣ доранд. Инчунин ба номи ӯву ҳамсараш дар Ялта, Қрим ва Бритониёи Кабир хона харида шудааст. Вале дар ин эъломия ҳеҷ ҳарфе дар бораи вилла дар Итолиё оварда нашудааст, ки ба навиштаи журналистон, ба ӯ ва ҳамсараш Елена тааллуқ дорад.

Гузориши видеоӣ дар бораи Зеленский дар инҷост:

Ҳаҷвнигор раиси ҷумҳури Украина мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

"Хидматгори халқ"

Зеленский дар филми телевизионии “Хидматгори халқ” нақши асосиро мебозад. Ин филм дар бораи омӯзгори одии мактаб қисса мекунад, ки дар интихоботи президентӣ пирӯз мешавад ва мубориза бо олигархҳо ва коррупсияро ҳадафи худ қарор медиҳад.

Ин филм, ба гуфтаи худи Зеленский, як ормонест, ки ӯ мехоҳад дар зиндагии воқеӣ амалӣ кунад.

Дар ҳоле ки сарвати Зеленский ба унвони як соҳибкори муваффақ ва раҳбари ширкати азими синамоӣ мавриди шубҳа нест, дар пайи ин фошкорӣ ду чиз метавонад раъйдиҳандагони украиниро дилсард кунад. Аввал ин ки вуҷуди як вилла дар Итолиё аз ҷомеа пинҳон монд ва ҳамин пинҳонкориаш ба обрӯи ӯ ба унвони як шахси шаффоф ва мубориз бо фасод ва олигархҳо латма мезанад.

Slidstvo.info як гурӯҳи журналистони ҷоизадорро муттаҳид мекунад, ки бо таҳқиқоти журналистӣ машғул мешаванд. Ин гурӯҳ муаллифи мустанади маъруф бо номи “Куштори Павел” аст, ки ҷузъиёти нокушодаи бомбгузорӣ шудани мошини журналист Павел Шеремет дар шаҳри Киев дар соли 2014-ро таҳқиқ кардааст.

Пештози интихобот

Хабари виллаи Зеленский дар рӯзе нашр шуд, ки натиҷаҳои ахири пурсиши афкори умум дар Украина дар бораи пештози пурсишҳои афкори умум будани Зеленский дар остонаи интихобот хабар дод. Pollster Rating Group пурсиши рӯзи 28-уми мартро нашр кард ва гуфт, Зеленский бо 26,6 дар сади раъй дар мақоми аввал буда, баъди ӯ бо 17,2 % президенти кунунӣ Петро Порошенко ва собиқ нахуствазир Юлия Тимошенко қарор гирифтанд.

Пурсиши Бунёди ташаббусҳои демократӣ ҳам ҳамон рӯз Зеленскийро бо 27,6 % дар мақоми аввал, Порошенкоро бо 18,2 % дар мақоми дуюм ва Тимошенкоро бо 12,8 % дар ҷои сеюм қарор дод.

Барои ширкат дар интихоботи президентии Украина 44 номзад сабтином шуд. Баъди он ки панҷ довталаб номзадии худро бозпас гирифтанд, шумори ниҳоии довталабон 39 нафарро ташкил медиҳад.

Агар ҳеҷ як номзад 50 дарсади овозҳоро набарад, рӯзи 21-уми апрел даври дуюми интихобот баргузор мешавад. Назарсанҷиҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар даври дуюм ду номзад рӯбарӯи ҳам қарор мегиранд.

Зеленский гуфт, чанд рӯзи пеш аз интихоботро бо гурӯҳи ҳамкоронаш дар “Квартал 95” сипарӣ мекунад.

Рӯзи 27-уми март бахши сеюми филми маъруфи телевизионии ӯ “Хидматгори халқ” ба намоиш даромад. Ӯ гуфт, ки рӯзи 30-юми март як мустанади нави телевизионӣ бо номи “Президентӣ: Роналд Рейган”-ро ба намоиш мегузорад.

XS
SM
MD
LG