Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст. Бар асоси гузориши расмии Омбудсмени Тоҷиикстон, ки рӯзи 31-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин ниҳод "аз ҳолатҳои марги шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар" ибрози нигаронӣ кардааст.
На Русия ва на Тоҷикистон, ки ҳоло аввалӣ аз нерӯи кори арзон ва дувумӣ аз пулҳои фиристодаи муҳоҷирон фоида мебинад, омода нестанд, ба онҳо нафақа диҳанд.
Дар гузориши Омбудсмен бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки интиқоли тобути муҳоҷирон дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2017 беш аз 90 ҳолат зиёд аст.
Ба ҳисоби мақомот, 25 нафари ин афрод ба қатл расонда шудаанд. Яке аз онҳо Ҳувайдои панҷсола аст, ки тобистони соли гузашта дар шаҳри Серпуховои Русия аввал таҷовуз ва сипас кушта шуд. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.
Мақомоти Русия мегӯянд, то як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд. Аксари онҳо ба далели бекорӣ ва ё маоши паст дар ватан, ки аз мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон аст, худро то онҷо расондаанд.
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта тақрибан 500 ҳазор аҳолии кишвар ба хориҷ, аз ҷумла Русия рафтаанд ва сездаҳ дар сади онҳо зан ҳастанд.
Аз беморӣ ва садама
Бархе аз ин муҳоҷирон ба асари беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамла, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ё ҳодисаҳои ногаҳоние чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо фавтида, ҷасади онҳо тавассути ҳавопаймо ба кишвар оварда шудааст.
Мақомот мегӯянд, интиқоли тобути муҳоҷирон тавассути ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" бепул аст, аммо наздикони бархе аз фавтидаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои дастрас кардани ҷасад аз сардхона ва ҳамин тавр интиқоли тобут кумак металабанд.
Иззат Амон, вакили мудофеъ ва аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, рӯзи 31-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аксар муҳоҷирон аз беморӣ ё дар садама ҷони худро аз даст медиҳанд.
"Бахъзе муҳоҷиронро дар Русия дафн мекунем"
"Имсол шумораи онҳое, ки кушта шудаанд, нисбат ба солҳои гузашта камтар буд. Аммо гузориши расмии мақомот дар бораи муҳоҷирони фавтида сиҳҳат надорад, зеро нисфе аз фавтидагонро мо дар Русия ба хок месупорем", - афзуд ӯ.
Иззат Амон гуфт, танҳо дар моҳи марти имсол тақрибан 15 нафар барои фиристодани тобути муҳоҷирон ба Тоҷикистон ё гӯручӯби онҳо дар хоки Русия ба ӯ муроҷиат кардаанд.
Русия кишвари аслии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҳисоб меравад. Аммо кор дар шароити сангин, нақзи ҳуқуқ ва муносибати сарди мақомоти Русия нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва маргумири онҳо, бахусус дар натиҷаи латту кӯб борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Вазъи сангини муҳоҷирон: Бе нафақа ва...
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бар илова, тайи ду-се соли охир дар шароити ниҳоят сангин қарор гирифтаанд.
Аз як тараф ба далели таҳримҳои Ғарб вазъи иқтисодии ин кишвар ва вазъи иҷтимоии сокинони он хуб нест ва аз тарафи дигар Маскав ба гардани муҳоҷирон пули иҷозаи кор ва бимаву андози иҷтимоиро бор кардааст. Онҳо мегӯянд, ҳамчунин маълум нест, ки дар айёми пирӣ ва дар ивази машаққати сангин оё нафақае хоҳанд гирифт ё на.
На Русия ва на Тоҷикистон, ки ҳоло яке аз нерӯи кори арзон ва дигаре аз пулҳои фиристодаи онҳо фоида мебинад, омода нестанд, ба муҳоҷирон нафақа бидиҳанд. Ҳамон тавр, ки баъди фавти онҳо дар муҳоҷират касе ба хонаводаашон ҷуброн намепардозад.