Киштии "Темурмалик" дар рӯди Сир дар гардиш аст ва тарабхонаи ба номи ин қаҳрамони таърихии халқи тоҷик ҳам дари худро барои мардум боз кардааст. Ҳоло садҳо тан аз сокинон ба чорбоғи назди Қалъаи кӯҳна, ки ба номи Камоли Хуҷандӣ аст, ба сайругашт меоянд.
Ин тарабхона ба шакли киштӣ сохта шудааст ва дар ёди кас киштиҳои зиреҳпӯши тирногузари Темурмаликро бедор мекунад, ки дар онҳо мири Хуҷанд бо 1 ҳазор мардони ҷангии худ дар ҳамин ҷо алайҳи лашкари 75- ҳазор нафарии Чингиз мубориза карданд.
Соли 2018 аз муборизаву пайкори Темурмалик алайҳи лашкари Чингиз 800 сол пур шуд.
Ҳафизхӯҷа Ҳайдархӯҷа, як нафақахӯри сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, "Темурмалик яке аз қаҳрамонҳои қадимии халқи тоҷик аст ва муборизаи халқи Хуҷандро бар зидди лашкари муғул ташкил кард ва муддати дарозе дар муқобили урдуи бешумори Чингиз пойдор истод". Ин сокини Хуҷанд мегӯяд, ки номи Темурмалик ва дигар қаҳрамонони таърихӣ чун Спитамен ва Восеъро бояд ҳамеша гиромӣ дошт, то насли ҷавон аз корномаи онҳо огоҳӣ ёбад.
Соли 2018 аз муборизаву пайкори Темурмалик бар алайҳи лашкари Чингизхон 800 сол пур шуд.
Тарабхона ба шакли киштӣ ва маҷмааи саёҳату истироҳат- аз тарҳҳоест, ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба ифтихори корномаи Темурмалик боз гардид. Маҷмааи мазкур дар яке аз ҷазираҳои рӯди Сир ва тақрибан дар 5-километрии ҷануби Хуҷанд ҷойгир аст.
Бозсозии роҳу бунёди маҷмаа ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Ҷазира роҳи заминӣ надорад ва бо заврақ мегузаронанд. Нигаҳбони маҷмаа хабарнигори Радиои Озодиро барои наворгирӣ ба заврақ гирифт, вале хоҳиш кард ӯ ба навор наафтад.
Ин ҷазираи хурду танг бо ҳавои софу дарахтону гиёҳҳо гиёҳо ва қафасҳои пур аз тазарв, як ҷои диданӣ ва тамошобоб барои сокинони маҳал ва меҳмонону сайёҳон аст. Аз баландии дидбонгоҳ, маҷмаа ва рӯди Сир чун кафи даст аён аст.
Вале танҳо номи навгузоштаи ин ҷазира ёде аз Темурмалик медиҳад. Ва ҳам ин он ҷазираи таърихие нест, ки Темурмалик дар он истеҳком бино карда, дар киштиҳои намадпӯши тирногузар бар лашкари Чингиз шабехун мезад.
Ба шаҳодати таърихшиноси тоҷик, ҷазираи Темурмалик - хушкие дар байни рӯди Сир дар канори ҷанубии Хуҷанд ва дар оғози маҳаллаи Ёва ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ дар рӯзҳои мо ҳам он ҷазираро "ҷазираи Темурмалик" ва "Ёва - Арал" меноманд. Ҳоло ин хушкии байни рӯди Сир чун 800 соли пеш хурраму сарсабз аст. Вале пойдевори ҳисор ва деворҳои қадимаи он зери об монда, ҷазира ба як киштзор табдил ёфтааст.
Набӣ Раҳимов, таърихшиноси тоҷик, доктори факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, дар таърихи навин нахуст бостоншиноси рус Александр Кун дар солҳои 60-и асри 19 ва ба думбол дар солҳои 30-юми асри гузашта муҳаққиқи дигари рус М.С.Андреев дар ҷазираи "Арал-Ёва" ковишҳо анҷом дода, осори қадимӣ пайдо кардаанд, ки маълумотҳои "Ҷазираи Темурмалик" будани ин ҷоро тасдиқ мекунанд.
Ба гуфтаи Набӣ Раҳимов, "ин ҷазираи Темурмалик аст ва хуб мебуд маҷмааии ӯ дар ин ҷо бунёд шавад. Ва ин макон ба як ҷои таърихӣ ва гардишгарӣ табдил дода ёбад".
Пешниҳоду баҳсҳо сари гузоштани муҷассамаи Темурмалик ва бунёди маҷмааи ба номи ӯ дар остонаи 800-умин солгарди корномаи таърихии ӯ бархост. Нахуст қарор буд, ки муҷассамаи Темурмалик дар маркази Хуҷанд, вале дуртар аз рӯди Сир, сохта шавад. Ин тарҳ Темурмаликро дар киштии тирногузар ҳангоми мубориза бо лашкари Чингиз дар рӯди Сир миёни ҳамсафонаш тасвир мекард.
Вале қарори шаҳрдории Хуҷанд дар соли 2015 баҳсҳои пуршӯреро дар расонаҳо барангехт. Нахуст, муҳаққиқ ва донишманди тоҷик Луқмон Бойматов он ҷойро барои шахсияти бузурги таърихие, мисли Темурмалик ва таҷассуми корномаҳои вай номуносиб донист.
Ӯ пешниҳод кард, ки пайкараи қаҳрамони таърихии халқи тоҷик дар ҷазираи Ёва, ҷойи воқеии қалъаву истеҳком ва муборизаи диловаронаи ӯ бар зидди лашкари Чингиз, бунёд шавад. Вай гуфт, ҷазираи Ёва-Арал бо бунёди пайкараи Темурмалик ба як макони диданиву сайёҳӣ ва ба таъбири ӯ, "қутби гардишгарии Хуҷанд табдил дода шавад".
"Cоли 2019 аз корнамоии Темурмалик 800 сол пур мешавад. Миллату давлат муваззаф аст, то барои пос доштани ёди фарзандони родмардаш бузургдошти таърихиро ба шоистагӣ таҷлил кунад",-мегӯяд ин донишманди тоҷики муқими Шветсия.
Соли 2015 дар ҷойи аввали тарҳи муҷассамаи Темурмалик Маҷмааи "25 солагии истиқлоли Тоҷикистон" қад боло кард.
Билохира соли гузаштаи 2018 тасмим гирифта шуд, ки Маҷмааи Темурмалик дар ҷазираи Ёва-Арал, ки мардум ба номаш гузоштаанд, бунёд гардад. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти хабариаш моҳи июл гуфт, ин тасмим ниҳоӣ шудааст.
Вале ӯ афзуд, ки барои гузоштани муҷассамаи Темурмалик дар ҷазираи Ёва, корҳои зиёди сохтмониро бояд анҷом дод. "Ҳоло ба он ҷазира ҳатто пули гузар нест. Мо ҳоло маблағ надорем. Вале амалӣ кардани ин тарҳ дар барномаи ҳукумати вилоят ва Хуҷанд ҳаст",-гуфт ӯ.
Ҳамакнун ҳукумати Хуҷанд бо имконоти молие, ки дорад, барои бори нахуст тарабхонае ва маҷмааи сайёҳиву истироҳатиро ба номи Темурмалик ифтитоҳ кард ва номи ин муборизи халқи тоҷикро дар хотираҳо дигарбора зинда намуд.