Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои "Роғун" аз Бонки ҷаҳонӣ пул хост


Ҷамолиддин Нуралиев ҳангоми мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе
Ҷамолиддин Нуралиев ҳангоми мулоқот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ хостааст, ки барои ҷалби сармоя ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" кумак кунад. Аммо Бонки ҷаҳонӣ ба дархости Тоҷикистон посухи рӯшан намедиҳад.

Дархости Тоҷикистонро Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, дар дидор бо Гоар Гюлуман, иқтисоддони аршади Бонки ҷаҳонӣ ва Ян Питер Олтерс - роҳбари дафтари ин бонк дар Тоҷикистон матраҳ кардааст. Ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллӣ – Гоар Гюлуман аз якум то даҳуми апрел бо сафари корӣ дар Тоҷикистон буд.

Тоҷикистон дар ҳоле барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармоя меҷӯяд, ки соли 2009 порлумон нерӯгоҳи “Роғун”-ро дар баробари “Талко” ва нерӯгоҳи “Норак” иншооти стратегӣ ва миллӣ унвон кард. Хусусигардонии онҳо манъ аст.

Нерӯи барқи арзон?

Нуралиев дар дидор бо мақомдорони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ ба аҳамияти минтақавии нерӯгоҳи Роғун таъкид кардааст, ки метавонад кишварҳои ҳамсояро "бо қувваи барқи арзон" таъмин кунад. Ӯ бо таъкиди ин нуктаҳо аз Бонки ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки дар “ҷалби сармояи хориҷӣ" баҳри татбиқи минбаъдаи лоиҳаи "Роғун" кумак расонад.

Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст. Соли гузашта барои сохтмони Роғун кишвар 4,7 миллиард сомонӣ равона карда буд, ки аз он 3,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва боқӣ аз пули евробондҳо ба даст омада буд.

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

Посухи Бонки ҷаҳонӣ ба Озодӣ

Кишвар тирамоҳи соли 2017 авроқи гаронбаҳо ва ё ба истилоҳ евробондҳоро ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхт, ки ҳар сол 7,2 дарсад баҳраи он онро бояд бипардозад. Ин маблағ ба иловаи 24 миллиард сомонӣ пули будҷа то кунун харҷи сохтмони нерӯгоҳ шуд.

Акнун сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба марҳилаи бунёди сарбанди асосӣ ворид шуд, ки сармояҳои ҳангуфтеро тақозо дорад. Вале кишвар имкони аз будҷаи худ ҷудо кардани маблағи бештар аз инро надорад ва аз ин рӯ барои ҷалби сармояи бештар ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки “барои ҷалби сармоя ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун омода аст ва ё не?” посухи рӯшан надод.

Ян Питер Олтерс, роҳбари дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел дар ҷавоби катбӣ ба ин суоли Радиои Озодӣ навишт: “Бонки ҷаҳонӣ дар иҷрои тарҳи Роғун ҷонибдори кумак ба Тоҷикистон аст, то ки ин нерӯгоҳ барои ба вуҷуд овардани фоидаи устувори иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат кунад. Барои аз байн бурдани рискҳои фискалие, ки ин лоиҳа ба ҳамроҳ дорад, муҳокимаи стратегие ҷиҳати дарёфти роҳҳои такмили модели иқтисоди кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти бахши хусусӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои нави содирот дар арсаи энергетика ва соҳаҳои дигар зарур аст. Ба ин мақсад Тоҷикистонро зарур аст, ин тарҳро (нерӯгоҳи “Роғун”) ба барномаҳои куллии ислоҳоти иқтисодӣ шомил намуда, барномаи коромади макро-фискалиро ҳамоҳанг созад."

"Хусусигардониаш манъ аст"

Ҳарчанд Бонки ҷаҳонӣ дар посухи худ мушаххасан нагуфтааст, ки ба Тоҷикистон дар амри ҷалби сармоя ба сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” кумак мекунад ё не, дар идома афзудааст, кумакҳояшро ба Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва корӣ дар кишвар идома медиҳад.

Тоҷикистон дар ҳоле барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармоя меҷӯяд, ки соли 2009 порлумон нерӯгоҳи “Роғун”-ро дар баробари “Талко” ва нерӯгоҳи “Норак” иншооти стратегӣ ва миллӣ унвон кард. Хусусигардонии онҳо манъ аст. Соле баъд вақте саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” ба фурӯш гузошта шуд, давлат гуфт, ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд бихаранд, на хориҷиҳо.

Айни замон ду чархаи нерӯгоҳ насб шудааст, ки қарор аст бо пур шудани об дар обанбор ба қадри зарурӣ ба кор андохта шаванд. Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 фаъол шуд. Ду чархаи нахустини Роғун ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамн вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.

XS
SM
MD
LG