Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз баҳри фоизаш гузаштам, танҳо пуламро мехоҳам"


Илҳомҷон Раҳмонов, сокини Душанбе.
Илҳомҷон Раҳмонов, сокини Душанбе.

Илҳомҷон Раҳмонов, сокини шаҳри Душанбе бо даъво барои бозпас гирифтани беш аз 44000 доллари амонаташ аз "Тоҷиксодиротбонк" дар додгоҳ пирӯз шуд. Аммо ин бонк бо даъвои ҷавобӣ дар додгоҳи болоӣ хостори лағви ин қарор шудааст ва далел овардааст, ки вазъи молияш хуб нест.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе "Тоҷиксодиротбонк"-ро вазифадор кард, маблағҳои амонатгузоштаи Раҳмонов, мизоҷи ин бонкро баргардонад. Илҳомҷон Раҳмонови 44-сола, 12-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори додгоҳ моҳи январи соли равон содир шуд, аммо "Тоҷиксодиротбонк" ба ҷои иҷрои қарори додгоҳ, ӯро ба сабр даъват кардааст.

Масъалаи гаронии амволи бонкҳо борҳо мавриди интиқоди коршиносону бархе масъулин сурат гирифтааст, ки ин ҳолат ба таъхир дар пардохти маблағи муштариён ва афзоиши қарзҳо боис шудааст.

"Сабри мо ҳам ҳадду ҳудуд дорад охир. Соли 2015 манзиламро фурӯхта, пулро дар бонк гузоштам ва умед доштам, ки боз пул ҷамъоварӣ намуда, манзили васеътар мехарам. Ҳамагӣ 4-5 моҳ фоиз гирифтам, дигар ба ҳамин на аз фоизи маблағу на аз худи маблағ дараке нест. Ҳоло рӯзҳоямро дар пушти дари бонк шом мекунам, ки пуламро баргардонад. Ба ман дигар фоизаш лозим нест, аз баҳри фоизи маблағҳоям гузаштам, пули худамро диҳад, шукр мекунам",-гуфт Раҳмонов.

Дар ҳамин ҳол, "Тоҷикисодиротбонк" ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурда, хостори бекор кардани ҳукми додгоҳи поёнӣ шудааст. Бонк дар даъвояш далел овардааст, ки дар вазъи феълӣ тавони якбора пардохт намудани ҳамаи маблағҳои Раҳмоновро надорад.

Аммо додгоҳи Душанбе низ аз даъвои Илҳомҷон Раҳмонов ҷонибдорӣ карда, додгоҳи марҳилаи болоӣ ҳукми қаблиро дар мавриди баргардонидани маблағҳои вай бетағийр гузошт ва ҳамчунин судиҷрочиёни додгоҳи Фирдавсӣ вазифадор шуданд, ки дар татбиқи қарори додгоҳ ва гирифтани маблағҳо аз бонк мусоидат намоянд.

"На Бонки миллӣ гуш мекунад, на "Тоҷиксодиротбонк"

"Судиҷрочиён талош доранд, ки маблағҳоямро аз бонк гирифта, ба ман диҳанд, аммо ҳарфашон на ба Бонки миллӣ мегузарад ва на ба "Тоҷиксодиротбонк". Бубинед, ки то чӣ ҳад ҳуқуқҳои моро бонкҳо поймол мекунанд",-гуфт Илҳомҷон Раҳмонов.

Давлатбӣ Асомуддинзода, судиҷрочии додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, рӯзи 12-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарфу талошҳои чандинкаратаи онҳоро на "Тоҷикисодиротбонк" ва на Бонки миллӣ ба назар нагирифтаанд.

"Мо ба Бонки миллӣ расман чанд бор мактуб ирсол намудем. Тибқи қонунгузорӣ Бонки миллӣ бар асоси мактуби мо бояд маблағҳои муштариро дар ҳамон ҳаҷме, ки дар "Тоҷиксодиротбонк" додааст, аз суратҳисобҳои бонк боздошта, ба худи муштарӣ баргардонад. Яъне, ин ҷо Бонки миллӣ уҳдадор аст ба ҳалли мушкили муштарӣ мусоидат кунад, аммо тавре мебием, ин бонк на ба мушкили муштарӣ расидагӣ мекунад ва на ба мактубҳои мо посух мегӯяд. "Тоҷкисодиротбонк" ҳам ҳамчунин хомӯш аст, ин ҷо дар баробари муштарӣ, ҳуқуқҳои мо судиҷрочиён низ поймол шудааст, ки моро нодида мегиранд",-изҳор дошт Асомуддинзода.

Ӯ афзуд, барои ҳалли масъалаи бозпас гардонидани маблағҳои Илҳомҷон ва ҳамчунин бетаваҷҷӯҳии Бонки миллӣ ва "Тоҷиксодиротбонк" ният доранд ба Додситонии кулли кишвар шикоят баранд.

"Инҷо танҳо Бонки миллӣ нақш надорад"

Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, воқеан ҳам вақте судиҷрочиён дар асоси қарори додгоҳ ба Бонки миллӣ мактуб фиристанд, Бонки миллӣ бояд ба ҳалли мушкил мусоидат кунад: "Лекин мисли Илҳомҷон муштариёне, ки шикояташон то ба Бонки миллӣ мерасад, зиёданд ва далели пардохт нагардидани маблағҳояшон дар он аст, ки ё дар суратҳисоби муштарӣ дар бонк маблағ нест ва ё навбаташон барои гирифтани маблағ нарасидааст. Вақте, ки пул ба бонк ворид шуд, аз рӯи навбат пардохт мекунанд".

Хонум Ҳасанова дар посух ба савол, ки оё Бонки миллӣ дахолат намекунад, то аз тариқи фуруши амволи бонк маблағи муштариро баргардонад, посух дод, ки ин ҷо Комиссияи байниидоравӣ ташкил шудааст ва вақте амвол фурухта шуд, ҳамин Комиссия ҳисобу китоб мекунанд ва ин ҷо танҳо Бонки миллӣ нақш надорад.

"Марҳила ба марҳила пардохт мекунем"

Сироҷиддин Раҳимов, раиси филиал, ё худ дафтари "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки Илҳомҷон Раҳмонов маблағҳояшро дар ҳамин идора ба амонат гузоштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи молие, ки доранд, марҳила ба марҳила маблағҳои ин муштарияшонро пардохт мекунанд, аммо имкони якбора пардохти онро надоранд. Ӯ гуфт, талош доранд ба ин муштарияшон муросо намуда, бо пешниҳоди амволи бонкӣ, талаботи ӯро қонеъ намоянд.

"Мо як дирам намонда, пулашро медиҳем, лекин ҳозир имкон нест ва дар як моҳ то ду ҳазор сомонӣ ва гоҳе аз ин беш ё кам метавонем пардохт кунем. Аз 300 муштарие, ки дар филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Фирдавсӣ амонат гузоштаанд, танҳо ҳамин муштариямон масъаларо додгоҳӣ кард. Ягона роҳи беҳтар, ин ба муросо омадану аз тариқи пешниҳоди амвол пардохти маблағ мебошад",-гуфт ӯ.

Ҳарчанд масъулони "Тоҷиксодиротбонк" нархи амволи бонкии худро дастрас арзёбӣ мекунанд, Илҳомҷон Раҳимов нархномаеро, ки дар нисбати амволи ин бонк пешбинӣ шудааст, дар муқоиса ба нархи амвол дар бозор гаронтар хонд ва илова намуд, ки бино бар ин, ӯ наметавонад амволи ин бонкро ба ҷои маблағаш қабул кунад. "Масалан, як манзили сеҳуҷрагии ҳамин бонкро дар Душанбе, ки дар ошёнаи 7-уми ҷойгир аст, 35 ҳазор доллар гуфтам, надоданд ва аз ин гаронтар гуфтанд, ки ҳеҷ рост намеояд".

Масъалаи гаронии амволи бонкҳо борҳо мавриди интиқоди коршиносону бархе масъулон сурат гирифтааст, ки ин ҳолат ба таъхир дар пардохти маблағи муштариён ва афзоиши қарзҳо боис шудааст.

Интиқод аз нархи гарони амволи бонкҳо

Ахиран дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз он интиқод кард, ки аз ҷониби "мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, амволи гарав барқасд бо арзиши гарон нархгузорӣ ва қабул карда мешавад".

Озода Раҳмон гуфтааст, ки ҳамин ҳолат баргардонидани маблағи қарзҳоро мушкил кардааст. Озода Раҳмон ба додситонӣ дастур додааст, ки назоратро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монанд. Дар ҳамин ҳол комиссияи махсус барои бозбинии нархҳои амволи бонкҳо ташкил шудааст, ки дар назар аст, ояндаи наздик хулосаи худро пешниҳод кунад.

Илҳомҷон Раҳмонов дар ҳоле беш аз 44 ҳазор доллари худро аз бонк гирифта наметавонад, ки додгоҳҳои кишвар аз афзоиши ҳамасолаи баҳсҳои муштариён бо бонкҳо хабар медиҳанд. Ҳангоми таҳия гузориш масъулони Додгоҳи олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ, ки чунин баҳсҳоро пеш мебаранд, аз пешниҳоди омори дақиқ худдорӣ карданд.

Мушкили бонкҳо дар Тоҷикистон

"Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" соли 2015 дар пайи коҳиши пули фиристодаи муҳоҷирон ва таъхири муштариён барои баргардондани қарз дучори мушкил шуда, дар пардохти амонати мардум оҷиз монданд. Ҳукумат барои наҷоти онҳо беш аз 3 миллиард сомонӣ ихтисос дод, вале дар ин миён "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" муфлис шуданд. "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" чаҳор сол аст, талош доранд, ки аз вазъи буҳронӣ берун оянд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ, моҳи феврали соли равон зимни як нишаст гуфта буд, ки "Агроинвестбонк" аз 34 ҳазор муштарӣ беш аз 730 миллион сомонӣ қарздор аст ва бе ҷалби сармоя наметавонад онро бозпас диҳад. "Тоҷиксодиротбонк", ба гуфтаи ӯ, аз 15 ҳазор муштариаш беш аз 500 миллион сомонӣ қарздор аст, ки бояд баргардонад.

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон афзуд, як мушкиле, ки монеи пардохти амонат ва дигар маблағҳои мардум шудааст, "саривақт ба фурӯш нарафтани амволи ду бонки калонтарин мебошад".

Қаблан мақомоти Тоҷикистон то охири соли 2018 фурсат гирифта буданд, ки сарнавишти ду бонки азими кишварро ҳал кунанд. Ва дар назди онҳо ду интихоб буд, ки оё бо сармояи хориҷӣ бонкҳоро аз банди буҳрон раҳо кунанд ё муфлис эълон намоянд.

Раҳбарияти ҳарду бонк гоҳ-гоҳе дар бораи пайдо шудани сармоягузорони арабу чинӣ суҳбат мекунанд, вале тибқи иттилои ин бонкҳо, ҳанӯз дар мавриди фурӯши саҳмияҳои ба ягон натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG