Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Ҷал-Ҷам" мекӯчад. Соҳибкорон имтиёз мехоҳанд. ВИДЕО


Мақомот боз аз як бозоре бо симои ба истилоҳ "шарқӣ" даст кашида, соҳибкоронро ба фурӯшгоҳи замонавӣ "даъват" мекунанд. Аксар соҳибкоронро, ки акнун маҷбуранд тиҷорати худро дар ҷойи дигар аз нав созанд, ин тасмим нороҳат кардааст.

  • Соҳибкорони яке аз бозорҳои бузурги фурӯши маводи сохтмонӣ дар Душанбе, маъруф бо "Ҷал-Ҷам"-ро огоҳ кардаанд, ки барои баста шудани бозор омода бошанд.
Ин маънои онро надорад, ки Шумо соҳиби комилҳуқуқ мешавед. Дар ҷойи харидаи худ боз ҳам иҷоранишин мемонед

Бахтиёр Одинаевро, ки 4 соли охир дар бозори “Ҷал Ҷам” ба тиҷорати дару тиреза машғул аст, хабари кӯчондани бозор нигарон кардааст.​ ​"Барои ба ҷои нав рафтан пурра тайёр нестем. Агар ду-се сол мӯҳлат медоданд, хуб мешуд. Мушкил ин аст, ки барои харидани ҷойи нави боз пул зарур аст. Ҳоло шароит мушкил аст, харидор нест", - гуфт ӯ рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бозори "Ҷал Ҷам" мекӯчад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Эълони "шифоҳӣ"

Ба иттилои мақомоти шаҳрдорӣ барои ба ҷойи дигар кӯчонидани бозори “Ҷал-Ҷам” ҳанӯз расман қарор содир нашудааст. Як масъули ҳукумати шаҳр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо танҳо дар асоси қарор ва супориш метавонем соҳибкоронро ба ҷойи дигар барем. Ҳоло аз тарафи шаҳрдор дар ин бора супориш нашудааст."

Аммо ба Бахтиёр Одинаев ва соҳибкорони дигари ин бозор шифоҳӣ (даҳонӣ) эълон кардаанд, ки то чанд моҳи дигар дари бозор баста мешавад. Масъулони бозор ҳам тасмими баста шудани онро тасдиқ карданд. Аммо гуфтанд, то замони пурра ба истифода дода шудани фурӯшгоҳи нав соҳибкорон дар бозори “Ҷал-Ҷам” ба кор худ идома хоҳанд дод. Аз моликони фурӯшгоҳи нав расман ном бурда намешавад.

Аммо гуфта мешавад, фурӯшгоҳи нав то тирамоҳи имсол сохта ва бозори феълӣ холӣ шавад. Бозори нав дар қисмати шимолии Душанбе, маҳаллаи Хуҷанбиё, ҷойгир аст.

Сохтмони бозори нав ҳанӯз идома дорад
Сохтмони бозори нав ҳанӯз идома дорад

"Вақт зарур аст, то дар ҷои нав муштарӣ пайдо шавад"

Сохтмони фурӯшгоҳи бузург ҳоло ба анҷом нарасидааст, аммо фурӯши нуқтаҳои савдо дар он оғоз шуда, бархе аз савдогарони бозори “Ҷал-Ҷам” ҳам аз ҳоло дар он барои худ ҷой гирифтаанд.

Фирдавс, ки дар бозори “Ҷал-Ҷам” масолеҳи пластикӣ мефурӯшад, умед дорад, дар фурӯшгоҳи замонавӣ шароити кори тоҷирон беҳтар мешавад. "Мегӯянд, дар онҷо шароити кор хуб аст. Бозори замонавӣ аст. Мо аллакай ҷой гирифтем, вале боз мебинем, ки дар оянда чӣ мешавад", - афзуд Фирдавс.

Аммо аксар соҳибкорони бозори масолеҳи сохтмонии "Ҷал-Ҷам" бар ин боваранд, ки кӯч додани бозор ба як канораи шаҳр ба кору тиҷорати онҳо бетаъсир намемонад. Дар ҷойи дигар ба роҳ мондани тиҷорат ва пайдо кардани муштарӣ ба гуфтаи онҳо вақти зиёд мегирад.

"Нуқтаи савдоро мехаред, аммо иҷорашин мемонед"

Бархе ҳам аз нарх ва шарту шароите, ки дар фурӯшгоҳи нав барои соҳибкорон пешниҳод мешавад, розӣ нестанд. Як мусоҳиби мо дар бозори "Ҷал-Ҷам" гуфт, дар ҷойи нав маҷбур аст бо маблағи ҳудудан якуним ҳазор сомонӣ барои ҳар метри мураббаъ нуқтаи савдо бихарад.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки Шумо соҳиби комилҳуқуқ мешавед. Дар ҷои харидаи худ боз ҳам иҷоранишин мемонед. Ва ин ҳузуру тиҷорати ояндаи моро дар ин нуқта кафолат намедиҳад", - гуфт ӯ.

Хушбахт Ҳаннонов, соҳибкори дигари бозор, мегӯяд, бо тахриби "Ҷал-Ҷам" ва аз шаҳр берун рафтан, соҳибкорони маводи сохтмонӣ ҳам муштариёни худро аз даст медиҳанд. Ба гуфтаи Хушбахт Ҳаннонов, "аксар тоҷирон ҳоло аз бонк қарздоранд. Онҳо дар инҷо, ки муштариёни доимӣ доранд. То дар ҷойи нав харидор пайдо мешавад, ки хеле вақт мегузарад."

Бархе аз соҳибкорони бозор мехоҳанд, барои онҳо дар оғози кор дар ҷои нав имтиёз ва шароити сабуктар пешниҳод шавад. Бархе ҳам бар инанд, ки ба ҷои тахриби "Ҷал-Ҷам" ин бозор ба тартиб дароварда шавад, то сарнавишти садҳо соҳибкор зери суол қарор нагирад.

Бозор дар дохили шаҳр бошад ё берун аз шаҳр?

Ғайрат Давлатов ҳам дар бозори “Ҷал-Ҷам” фаъолият дорад, мегӯяд, дуруст аст, ки бозор ба роҳи калон наздик ва боис ба танбашавӣ мегардад, аммо ба назари ӯ бастани он ҳам роҳи дурусти ҳал нест.

"Бозор дар ҳама ҷо ҳамин ҳолат аст. Барои харидор мушкил мешавад. Аксар харидорон аз маркази шаҳранд. Барои як маҳсулоти арзон, масалан, маводе 50-100 сомонӣ арзиш дорад, маҷбур мешавад, 100 сомонии дигар сарф карда, ба беруни шаҳр ба бозор равад", - афзуд Ғайрат Давлатов.

"Баракат", "Шоҳмансур"...

Бозори "Ҷал-Ҷам" дар масоҳати 7 гектар яке аз бузургтарин фурӯшгоҳи маводи сохтмонӣ дар Душанбе аст. Дар ин бозор ҳудуди 3 ҳазор нафар фаъолият доранд ва дар ҳудуди он 17 корхонаи хурди истеҳсолӣ ҷойгир аст. Бозор аз соли 2003 ба кор оғоз кардааст ва гуфта мешавад, ба далели дар дохили маҳаллаи аҳолинишин ҷойгир будану ба ҳаракати нақлиёт ва зиндагии сокинон халал эҷод кардан, фаъолияташ қатъ мегардад.

Мақомоти пойтахт батадриҷ аз симои ба истилоҳ “шарқиёнаи бозорҳо” даст кашида, ҷойи он фурӯшгоҳҳои замонавии сохти аврупоӣ бунёд мекунанд.

Дар Душанбе дар давоми даҳ соли охир тасмими бардошта шудани чандин бозор, аз ҷумла, “Шоҳмансур”, “Баракат” ва дигарон ба иҷрои нақшаи кулли навсозии симои шаҳри Душанбе рабт дода шуд. Тасмими тахриби бозорҳо ва ҷойи дигар кӯчонидани он дар Тоҷикистон дар аксар ҳолат бо ҷанҷол ва норозигии тоҷирону анҷом ёфтааст.

XS
SM
MD
LG