Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарфи мардум ба гӯши мақомот нарасид? САДО, ВИДЕО


Навбати сокинон барои иваз кардани симкортҳо дар Душанбе. Акс аз моҳи августи соли 2018
Навбати сокинон барои иваз кардани симкортҳо дар Душанбе. Акс аз моҳи августи соли 2018

Боло бурдани нархи интернет, гуфтугӯи мобилӣ ва NGN аз тарафи ҳукумат, ба гуфтаи бисёриҳо, беэътиноӣ ба афкори умум ва гӯш надодан ба ҳарфи мардум дар Тоҷикистон аст.

Вақте мардум аз лиҳози иқтисодӣ танқисӣ мекашад, бо ҳар роҳ, ноумедӣ аз ҳукумат бештар мешавад.
Музаффар Олимов, ҷомеашинос

Бо вуҷуди норизоятии густарда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва талаби созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто мухолифати баъзе аз вакилони мардумӣ рӯзи 18-уми апрел қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар бораи боло бурдани қимати истифода аз интернет ҳукми иҷро гирифт.

Намояндаи ин ниҳоди давлатӣ изҳор дошт, ки аз норозигии мардум хабар доранд ва эҳтимол қарор дар оянда бозбинӣ шавад, вале дар ҳоли ҳозир бояд амалӣ гардад.

Қарор аз рӯзи қабулаш дар рӯзи 4-уми март ба Интернет роҳ ёфт ва эътирози зиёдро барангехт. Аз ин баъд истифодаи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон на 30-35 сомонӣ, балки 62 сомонӣ хоҳад буд.

Амалкарди мақомот баёнгари чист?

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, амалкарди мақомот баёнгари он аст, ки вокуниши манфии ҷомеа барои онҳо арзиш надорад ва чизеро иваз низ намекунад.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, намояндаи “Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик” яке аз онҳоест, ки мегӯяд: “Хоҳ сухан аз таъйини раиси ноҳия бошад, хоҳ аз чаппа кардани масҷид ё гузашт кардани пораи хоки кишвар. Аз нигоҳи нухбагони ҳукмрон, масъалаҳое назири нархи шиноснома, сим-корт, нархи билети ҳавопаймо ё андозбандии ин ё он соҳа дар салоҳияти истисноии онҳо ҳасту касе набояд инро зери суол барад.”

Вале, ба камияш, як масъала -- пешниҳод шудани нархи гаронтар барои сим-кортҳо ва вокуниши манфии мардум ба он мақомотро ба бозбинии ин тасмим водор карда буд.

Боло бурдани нархҳо. Мақомот ва мардум чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00
Линки мустақим

Амнияти Абдулназар, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, азбаски дар Тоҷикистон рукнҳои демократия ташаккул наёфтаанд, ҳарфи ниҳоиро як нафар мезанад ва порлумону додгоҳҳо мустақил нестанд, “арзишҳои демократӣ барои ҳадафҳои гуруҳӣ зери по мешаванд.”

​Ӯ рӯзи 18-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ҷомеаи демократӣ халқ бояд ҳукмрон бошад, вале сад афсӯс, ки ҳатто намояндагонаш дар порлумон қобилияти дифоъ аз ҳаққи мардумро надоранд.”

Сокинон умедвор буданд, аммо...

Муаззама Қодирова
Муаззама Қодирова

Иддае ба ин андеша буданд, ки мумкин аст, ҳукумати Тоҷикистон аз бими хашму эътирози мардум, ки аҳёнан дар ин шакл ба намоиш мегузоранд, аз қарори баҳсбарангез даст мекашанд. Аммо баъди сукути ҳукумат ноумед шудаанд. Муаззама Қодирова, як вакили мудофеи тоҷик дар Фейсбук навиштааст:

"Аз ин рафтори ҳукуматдорон маълум шуда истодааст, ки фикру ақидаи мардум барои онҳо "0" мебошад! Шубҳае ҳам надоштам, зеро худ шоҳиди бисёр қонунвайронкунӣ, ноадолатиҳо дар кишвар будам. Лекин умед доштам, ки шояд ин дафъа овози мардумро мешунида бошанд. Сад афсӯс ҳукумати мо бори дигар худро ба мардум нишон дод."

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон худро ба аслҳои мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва қонунсолорӣ содиқ эълом медорад.

Видео. Назари роҳгузарони Душанбе:

Сокинон дар бораи нархи Интернет дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

"Фосилаи бузург байни ҳукумат ва мардум"

Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва доктори илми ҳуқуқшиносӣ амалкарди ҳукумат дар робита ба боло рафтани қимати интернет нишон дод, ки фосилаи бузурге дар байни мардум ва ҳукумат вуҷуд дорад. Фосилае, ки доду фарёди баланди мардум натавонист, онро гузарад ва ба гӯши мансабдорон расад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Нодида гирифтани интиқоду эътироз ба қавли ҳуқуқдони тоҷик нишондиҳандаи фарҳанги пасти сиёсӣ дар байни гуруҳе аз мансабдорони тоҷик аст.

Ҳуқуқдони тоҷик афзуд: “Агар шаҳрвандон бо истифода аз усулҳои қонунӣ ва дуруст эътироз намоянд, давлат моҳияти онро дарк намекунад ва гӯши шунаво надорад. Пас, ин аз паст будани фарҳанги сиёсӣ ва набудани робитаи мутақобила миёни мардум ва давлат гувоҳӣ медиҳад”.

"Норозигиҳо дар Фейсбук мемонанд"

Музди ночиз, боло рафтани пайваста ва босуръати нарх бозорҳо, ба гуфтаи баъзе аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, метавонанд, эътирозҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба кӯчаҳо кашонанд.

Аммо Амният Абдулназар мегӯяд, чунин чизе дар Тоҷикистон иттифоқ намеафтад ва “эътирозҳои мардум дар Фейсбук мемонад, чун сабр дар баробари мушкилиҳо (дар Тоҷикистон) ба як фарҳанг табдил ёфтааст”.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Музаффар Олимов, ҷомеашинос айни ақидаро дорад, вале мегӯяд, чунин қарорҳои носанҷида ва бархилофи хостаҳои мардум, ҳатто агар эътирозе ҳам барнаангезад, бар зарари Тоҷикистонанд.

Ӯ гуфт: “Мардум ба кору зиндагӣ дилгармиро аз даст медиҳад. Вақте мардум аз лиҳози иқтисодӣ танқисӣ мекашад, бо ҳар роҳ, ноумедӣ аз ҳукумат бештар мешавад. Кор намекунад, ободкорӣ намекунад. Албатта, ба хиёбон намераванд, вале андешаҳои эътирозӣ бешак бештар мешавад.”

Аз нархи обу барқ то ID card

Дар як соли ахир боло бурдани нархи истифодаи нерӯи барқ, оби ошомиданӣ ва хариди симкорт бо шиносномаи нав аз қабили чунин тасмимҳое буд, ки коршиносон онро «нодида гирифтани иродаи мардум» меноманд. Ҳама ин қарорҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мешуданд ва корбарон мегуфтанд, ки “мардумро ғорат мекунанд”.

Муовини раиси Хадамоти алоқа чӣ гуфт?

Илҳом Атоев
Илҳом Атоев

Вале мақомот мегӯянд, ҳамаи ин қарорҳо бо назардошти манфиати сокинон ва беҳтар кардани некӯаҳволии мардум қабул шудаанд.

Аз ҷумла, Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар шарҳи болоравии нархи интернет дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ шоми 16-уми апрел гуфт, ин қарор аз истифодаи нодурусти интернет пешгирӣ мекунад ва ноболиғонро аз тамошои наворҳои фаҳш бозмедорад. Ӯ тавсия дод, ки ба ҷойи тамошои навору видео, сокинон бо сарфи ками интернет аз “Википедия” китоб хонанд. Ӯ гуфт, “коре, ки карданд, ба фоидаи мардуми азизи мо аст”.

Ин суханонро корбарони Инетрнет як навъ тамасхур шумурданд ва эътирози онҳо боз ҳам бештар гашт. Бино бар паёми онҳо, ба назар мерасад, садҳо нафаре, ки дар гузашта аз танқиди ҳукумат худдорӣ мекарданд ё роҷеъ ба вазъи кишвар чизе намегуфтанд, низ ба урдуи норозиён пайвастаанд.

Сӯиистифода аз сабри мардум?

Амнияти Абдуназар
Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдулназар, мегӯяд, “фоидаи мардум” як шиори мақомот шудааст, ки аксаран шарҳи мантиқӣ ва қонеъкунанда надорад.

Ба ақидаи Шокирҷон Ҳакимов, чунин шиорҳо самимӣ набуда ва барои мутақоид кардани мардум аст, ки ҳукумат ғами онҳоро мехӯрад. Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, қарори нархи интернет яке дигар аз санадҳоест, ки бо сӯистифода аз таҳаммули шаҳрвандон қабул шудааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, “сӯистифода аз таҳаммули мардум низ ҳад дорад ва косаи сабрро лабрез мекунад”, ки оқибаташ барои Тоҷикистон хуб нест.

XS
SM
MD
LG