Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар президент дахолат намекард, нобиноён нобинотар ва муҳоҷирон муҳоҷиртар мешуданд. ВИДЕО


Фармони баҳсбарангези Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани нархи интернет метавонист, даҳҳо ҷавони нобиноро аз "чашмони сунъӣ" ва садҳо тифли тоҷикро аз дидори ҳаррӯзаи падару модари муҳоҷири худ маҳрум кунад.

Интернет ба бахши ҷудоинопазири зиндагии ин қишр табдил ёфта буд ва боло рафтани нархи он бештар аз ҳама ҳамин афродро нигарон кард.

Барои Фирӯз Шамсиддинов, ки аз қувваи босира маҳрум аст, Интернет нақши чашмро иҷро мекард. Тавассути барномаи махсус дар Интернет ӯ метавонист, танҳо ба роҳ барояд, рангҳоро фарқ кунад ва ҳар маводи барояш лозимро "бубинад".

"Be my еyes" ё "чашмони ман бош" аз барномаҳои дӯстдоштаи Фирӯз дар телефонаш аст, ки тавассути Интернет кор мекунад.

Фирӯз мегӯяд: Масалан, вақти ҳисоб кардани пул, муайян кардани ранг ё ранги чароғак дар роҳ ман аз ин барнома истифода мебурдам. Тарзи кор бо он осон аст. Бахши ҷустуҷӯи волонтёрро пахш мекунем. Аз он тараф шахсоне, ки чун ихтиёрӣ дар ин барнома иштирок мекунанд, пайваст мешаванд ва тавассути камераи телефон барои нобино дар шинохти маводи зарурӣ кӯмак мекунад."

Фирӯз Шамсиддинов, намояндаи созмони ҷамъиятии "Ноил" аст. Ба гуфтаи Фирӯз, Интернет бо барномаҳои зиёди овозӣ ва китобҳои аудиоӣ як василаи муҳиме барои зиндагӣ ва таҳсили афроди маҳрум аз қувваи босира аст.

Ғолиб Ҷӯрахонзода, донишҷӯи бахши ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ ҳам ба фарқ аз ҳамсабақони дигараш маводу адабиёти лозимаро дар шакли савтӣ истифода мекард. Ғолиб бо қиёси зиндагии имрӯза ва 5 соли пеши худ мегӯяд, он замон кам кореро метавонист, мустақилона анҷом диҳад ва пойбанди дигарон буд.

"Агар ягон китоб ё мавод лозим мешуд, азбаски интернет ва телефон надоштем, ягон нафареро гирифта ба китобхона мерафтем. Вақте ба истифодаи Интернет шурӯъ кардам, дигар метавонистам, вақтро сарфа кунам ва касони дигарро ҳам кам ташвиш диҳам. Дар сурати боло рафтани нархи Интернет маҷбур мешавем, роҳбалад ва хароҷоти ӯро ба зимма бигирем",-афзуд ӯ.

Ғолиб мегӯяд, акнун эҳтимол дубора ба он рӯзҳо баргардад. Чун бо 180 сомоние, ки нафақа мегирад, наметавонад барои худ интернет бихарад. То имрӯз ӯ барои истифодаи интернет дар як моҳ ҳудуди 100 сомонӣ сарф мекард, акнун ба ҳисобаш ин маблағ ба 300 сомон баробар мешавад.

Барои гурӯҳе аз нобиноён интернет агар чун як васила барои дидани чизе хизмат мекунад, барои артиши бузурги муҳоҷирони тоҷик, ки моҳу солҳо аз хонаводаҳои худ дуранд, ин шабакаи ҷаҳонӣ, ягона василаи дидор ҳамсару фарзанд ва волидони солманд дар Тоҷикистон буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ин шабу рӯз падарону модарони зиёде, аз зарурати интернет дар зиндагии худ менависанду ба тасмими боло бурдани он мухолифат мекунанд.

Абдураҳим Сафарзода яке аз падарони муҳоҷирест, ки соли 2017 бо ирсоли як нома ба унвонии вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид хостаанд, барояшон иҷоза диҳад, то тариқи Скайп ё ИМО дар маҷлисҳои мактабии фарзандони худ иштирок кунанд.

Ин падарон мехостанд аз фосилаи 4 ҳазор километр дурӣ, дар ҷараёни таҳсилу тарбияи фарзандон ҳузури бештар дошта бошанд. Номаи онҳо бепосух ва хоҳишашон ҳам беиҷро монд. Аммо ҳоло ин муҳоҷирон аз он нигаронанд, ки анун бо боло рафтани нархи интернет дидору мулоқоти ҳаррӯзаи онҳо бо фарзандону наздикон ҳам маҳдуд мешавад.

Абдураҳим падари 3 фарзанд аст ва мегӯяд, бо вуҷуди дурӣ талош мекард дар таҳсилу тарбияи фарзандон аз тариқи онлайн ҳузур дошта бошад ва рӯзномаву дафтарҳои онҳоро тафтишу назора кунад. Робитаи падар бо фарзанд, махсусан писаронро Абдураҳим аз ҳар лиҳоз сарнавиштсоз медонад.

"Нақши падар дар тарбияи писарон муҳим аст. Ман шахсан бо фарзандон дарс тайёр мекардам. Бо роҳбарони синф ҳамсӯҳбат мешудам. Ҳатто корҳои хоҷагии хонаро назорат мекардам. Масалан, ба устоҳо мефаҳмондам, ки чӣ кор кардан даркор. Акнун он 100 сомоние, ки ман барои сӯҳбатҳои видеои бо хонавода сарф мекардам, даҳчанд мешавад. Бо ин амал Тоҷикистон барои муҳоҷиронаш боз як мушкили дигар эҷод кард",-афзуд вай.

Тамосҳои видеоӣ ҳатто аз зангҳои телефонӣ низ барои муҳоҷирон арзонтар буд. Ҳоло ба гуфтаи Абдураҳим, онҳо дар фикри дарёфти роҳи арзону осони тамос бо хонавода ҳастанд. Ӯ барои ин пешниҳоди ширкатҳои русиро меомӯзад. Агар роҳи дурусте пайдо нашуд, Абдураҳим мегӯяд, ин бор фикри бо худ бурдани хонаводаашро ба Русия хоҳад кард.

Бино бар омор, беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷиқ дар Русия қарор доранд. Дар гузашта чандин созмон аз таъсири бади муҳоҷират ба вижа дурии падарон таълиму тарбияи фарзандон гузоришҳо дода буд. Аз ҷумла, "Мемориал", як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфта буд, муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст.

Талошҳои иртиботи видеоии муҳоҷирон бо фарзандонро ҷомеашиносон поёни даврае медонистанд, ки дар забони мардумӣ "зиндаҷудоӣ" унвон мешуд. Аммо чанд маротиб боло бурдани нархи интернет ба гуфтаи хонаводаҳои муҳоҷирон, акнун ин ҳамаро зери суол мебарад.

Бар асоси қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ, аз рӯзи 4-уми март қимати истифодаи Интернет дар Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрел боло рафт. Ва 23 апрел, пас аз эътирозҳои зиёди мардум раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ин қарор бекор ва нархҳи пешина барқарор карда шаванд.

XS
SM
MD
LG