Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайругаште дар "Фабрикаи ҷавоб". Таҳқиқоти Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Ба камияш панҷ нафар ва ҳамаашон тобеи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ҷойи кори омӯзгорӣ ё илмӣ гирифтори фаъолият дар “Фабрикаи ҷавоб” шудаанд. Яке аз онҳо гуфт, ин корро "боиси шармсории худ" медонанд.

Аммо намояндаи вазорат мегӯяд, ин ниҳод ҳеч гоҳ ҳеч гуна “фабрикаи ҷавоб” таъсис надодааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки фактҳо ба воқеияти баръакс ишора мекунанд.

“Ман безор шудам, ки ҳар рӯз ҳамаи корҳоямро гузорам ва зидди ину он мақола нависам ё ба Фейсбук даромада, лайк кунаму коммент нависам. Фақат ба худам савол медиҳам, ки кай ин ҳама масхарабозӣ тамом мешуда бошад?” – мегӯяд омӯзгори яке аз донишкадаҳои Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ ва ҳамсуҳбатони дигари Радиои Озодӣ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сари ҳар чанд гоҳ ба гурӯҳе аз омӯзгорон ва донишҷӯён дастур медиҳад, ки зидди афроде дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадо баланд кунанд ё аз вазир ва ҳамчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳимоят намоянд.

Муроҷиати омӯзгорону донишҷӯён ва далелҳое, ки онҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, моро водор намуд, дар ин масъала як таҳқиқи журналистӣ анҷом диҳем.

“Фабрикаи ҷавоб” моли кист?

“Фабрикаи ҷавоб” номи рамзии гурӯҳҳоест, ки барои беобрӯ кардани шахсу гурӯҳ ё созмонҳое бо номи мустаор мақола ва шарҳҳои фармоишӣ менависанд. Ба забони русӣ ин истилоҳ бо "троллит" маъруф шудааст. Ба навиштаи яке аз чунин шахсон (ҳувияти ӯ аз тарафи мо таҳқиқу тасбит шудааст): "Фабрикаи ҷавоб"-ро мақомоти қудратӣ таъсис додаанд, аммо ба ҳайати он кормандони бахши маорифи Тоҷикистон дохил мешаванд, ки асосан муаллимони мактабҳои олӣ ва миёнаи кишвар мебошанд. Бештар ба муаллимони мактабҳои олии Тоҷикистон такя карда мешавад ва ин “фаъолият” маҷбурӣ аст”.

Муаллиф аз ду вазорати қудратӣ ном мегирад ва мегӯяд, ҳамаи амру дастурҳо аз ин ниҳодҳо ба Вазорати маориф ва аз он ҷо ба омӯзгорону донишҷӯён мерасад.

Дар он дастурҳо талаб карда мешавад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ё дар рӯзи муайяншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ зидди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё мухолифони ҳукумат маъракаҳои шармсоркунанда роҳандозӣ намоянд.

Ба ин нома шояд диққат намедодем, агар маводи бештареро аз як хонандаи дигар намегирифтем. Аз ҷумла, фармони муовини вазири маориф Р. Мирбобоев, ки дар онҳо аз “гуруҳҳои таҳлилӣ-иттилоотӣ” ёд мешавад, ки ҳар кадом раҳбари худро дорад. Ва дар паёмҳое аз номи як масъули аршади вазорат ба ин гуруҳҳо дастур дода мешавад, ки имшаб бояд дар кадом мавзӯъ нависанд ё дар кадом баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ширкат кунанд ва натиҷаи корашонро “принтскрин” карда, гузориш диҳанд.

Ҳамчунин, афрод вазифадоранд, ки дар се рӯз як мақолаи "фошкунанда" нависанд ва чоп кунанд.

Сохтор ва вазифаҳо

Дар идомаи нома омадааст: "Ҳар гурӯҳ аз даҳ нафар иборат аст. Азбаски амнияти ин гуна шахсонро касе кафолат дода наметавонад ва ҳам ба хотири гумроҳ кардани омма, ҳар як гурӯҳ боз иловатан, зери 10 номи мустаори дигар аз ҷинси марду зани “озодандеш” дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа сохта, фаъолият мекунанд. Теъдоди воқеии аъзои ин гурӯҳ зери 400 нафар аст, ки ҳар кадом бо иловаи 10 номи мустаори дигар, дар маҷмӯъ атрофи 4000 “нафар” дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд”.

Аммо масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин ақидаро як бардошти ғалат медонанд. Дар вазорат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ниҳод ҳеч гоҳ “фабрикаи ҷавоб” таъсис надодааст ва танҳо дар пайи эълони аксияи "Мо зидди таассуб ва ифротгароӣ", ки Оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" роҳандозӣ кард, ба муассисаҳои олӣ дастури хаттӣ ирсол кард, то хоҳишмандон матлабҳои худро ба он фиристанд.

Эҳсон Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ирсоли дастури расмӣ ба донишгоҳҳои кишвар, барои пахшу нашри вокунишу мақолаҳоро чунин шарҳ дод: "Воқеан, як дафъа нома фиристода будем, вале на бо он хотир ки “фабрикаи ҷавоб” ташкил шавад”. Ин мактуб ҳамон шабу рӯз фиристода шуд, ки он замон пайвастани донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба хусус ба "Давлати исломӣ" зиёд буд. Мо дар мактуб таъкид кардем, ки дар донишгоҳҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил ва миёни донишҷӯён суҳбатҳо гузаронида шавад. Ҳадафи вазорати маориф ва илм ин буд."

Ҳамла ба Кабирӣ, ҳимояи Саид, ҳушдор аз митинг

Вале нусхаи номаҳои зиёде, ки вазорат ба “гуруҳҳои таҳлилӣ-иттилоотӣ” фиристодааст, нишон медиҳад, ки ҳадафҳо гуногун ва тағйирёбандаанд. Дар яке аз онҳо, ки дар ихтиёри Радиои Озодист, аз аъзои гуруҳ тақозо мешавад, ки аз вазири маориф Нуриддин Саид дар “Фейсбук” ҳимоят кунанд. Дар дигаре аз ҳама омодабоши ҷиддӣ талаб шудааст, зеро "имшаб, соати 21 суҳбати навбатии Муҳиддин Кабирӣ баргузор мешавад". Дар номаи дигар омадааст: "Тавре ба мову Шумо маълум аст, бархе аз гурӯҳҳои манфиатдор бо дастури хоҷагонашон бо баҳонаи болоравии нархи интернет аҳолии пойтахт, хусусан ҷавононро ба доми худ кашида, барои ташкил намудани гирдиҳамоӣ даъват намуда истодаанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик гирдиҳамоиҳо дар пойтахти азизамон ташкил карда шавад." Ва тақозо шудааст, ҳушманд будаву ба ҳама гуна талошҳо посух диҳанд ва мақомоти қудратиро дар ҷараён гузоранд.

Чунин номаҳо дар як фиристодан ба 20 нафар ирсол гаштаанд. Оё теъдоди умумии гирандаҳои паём дар саросари кишвар чӣ қадар аст, маълум нест, аммо манобеи мо гуфтанд, чунин паёмҳо ба ҳамаи минтақаҳо фиристода мешаванд. Натиҷа ё иҷрои онҳо дар Фейсбук нишон медиҳад, ки аъзои гуруҳ масъулиятшиносӣ нишон додаанд.

Р.М., як узви собиқи чунин гуруҳ, (садояш дар видео иваз карда шудааст, номаш ҳам тағйир ёфтааст), ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дастурҳо иҷро нашаванд, ба одам хатари ронда шудан аз кор таҳдид мекунад.

"Ба мо амр медоданд, ки ба зидди мухолифон нависем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ин ҳамсӯҳбати мо, ки қабл аз муҳоҷират ба Радиои Озодӣ сӯҳбат карда буд, гуфт, умо бубинед, вақте як нафар аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз хориҷи кишвар изҳорот ё ҳарфе мегӯяд, як моҳи дигар донишҷӯёну омӯзгорон ба навиштани мақолаву вокунишҳо машғул мешаванд. Кори донишгоҳро кӣ мекунад ва донишҷӯ кай дарс мехонад? Ин танҳо хоси мактабу донишгоҳҳо нест. Дар худи вазорату кумитаҳо ҳам ин чиз ҳаст. Вале агар бидуни парда ба ин вокунишҳо назар кунед, ин ҳама маҷбурӣ аст. Чун раҳбарият супориш медиҳад, ки "гиред, вокуниш нависед," – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

“Алик Малик” ё “Лаку Пак”

Ба гуфтаи ӯ, матлабҳои таҳоҷумӣ алайҳи дигарандешон бо имзоҳои мустаор чоп мешаванд ва касе намедонанд, ки “Алик Малик”, ё “Лаку Пак”, ки ба унвони таҳлилгару шореҳ матлабу вокуниш нашру пахш мекунанд, дар асл вуҷуд доранд ё на. Баъзеи ин номҳо баъди нашри ҳамагӣ як матлаб ғайб мезанад.

Ӯ бар асоси мушоҳидаҳои худ нақл кард, ки дар миёни аъзои ин гурӯҳ шахсони зиёде фаъолият мекунанд, ки дониши кофии мақоланависиро надоранд ва бо иштибоҳҳои зиёди баёнӣ ва мантиқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо роҳ медиҳанд, ки бештари маврид мавқеи онҳо зери борони танқид қарор мегирад.

Ба бовари ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, барои як омӯзгору донишҷӯе, ки дар риштаи физика ё бонкдорӣ таҳсилу кор мекунад, навиштани мақолаҳои ҷавобӣ ё вокунишҳо кори саҳл нест. "Донишҷӯе, ки ҳанӯз дар курсии донишгоҳ нишаставу ё муаллиме, ки вазифааш дарс гуфтан аз фанни биология ё геология аст, аз куҷо медонад, ки вокуниш чӣ аст. Дар бораи мантиқу фалсафа чӣ медонад? Чӣ зарурат дорад, ӯро маҷбур кардан, ки бояд чизе нависад?"

Р.М., узви собиқи ин гуруҳ, мегӯяд, мухотабҳои асосии "фабрикаи ҷавоб" ҳамоно ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиву раисаш Муҳиддин Кабирӣ ва мухолифони хориҷ аз кишваранд. "Як маротиба ба сомонаҳои расмии мактабҳои олии Тоҷикистон, маҷаллаҳои даврии онҳо, давлатию ғайридавлатӣ назар кунед, бо "вокунишҳо" пур карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо супоришӣ ҳастанд ва аз ҷониби ҳайати “фабрикаи ҷавоб” омода карда мешаванд”.

Дашному ҳақорат иҷозат аст?

Онҳое, ки аз фаъолияти “фабрикаи ҷавоб” огоҳанд, мегӯянд, барои гумроҳ кардани мардум ва дигарандешон, ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки бо ҳар шева ва ҳатто ҳақорату дашном, омода сохтани тасвирҳои ғайрисуннатӣ ва беадабона “фаъолияти ҷавобиро” роҳандозӣ кунанд. Ҳамчунин амалҳое аз қабили ба саҳифаи худ гузоштан, тавсия намудан, бознашр кардану шарҳ додани аксу видеоҳое, ки муваффақиятҳои кишварро бозгӯ мекунад аз вазифаҳои дигари “фабрикаи ҷавоб” гуфта мешавад.

Аммо ин ҳол на танҳо дар Вазорати маориф ва илм, дар ниҳодҳои дигари давлатӣ низ ҷой дорад ва, барои мисол, яке аз шикояткунандагон, ки бо Радиои Озодӣ тамос гирифт, корманди Кумитаи гумрук ва шахси комилан дур аз қаламкашист.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки аз раҳбарияти корхонааш барои маҷбурӣ навиштани матлаби вокунишӣ сарзаниш шунидааст, чунин гуфт: "Тамоми вазорату идораҳо ва донишгоҳҳо кураторҳои худро доранд, ки аз кормандони Кумитаи амният иборат аст. Онҳо аз раёсати ин ё он муассиса талаб мекунанд, то кормандашон дар як моҳ чанд вокуниш нависад. Аммо муҳим аз ҳама ин аст, ки саркашӣ аз навиштани вокуниш таҳдиди аз кор рондан ва ҳамин тавр бо ҳар баҳона сиёҳ кардани инсонҳо дар доираи коллективро ба дунбол дорад. Ин ки гӯиё барои аъзои фабрикаи ҷавоб будан маоши ту зиёд мешавад ё имтиёзе ба ту медиҳанд, асос надорад".

Як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар як ниҳоди дигари давлатӣ кор мекунад, гуфт, ин дастурро гуруҳе бо ному насаб ва гуруҳе ҳам пушти имзоҳои мустаор иҷро мекунанд. Ба назари ӯ, ҳарчанд ҳадаф дар ибтидо рӯшанфикрона буд, баъдан бо дашному ҳақорат ва пархошу нафратбарангезӣ анҷомид. "Ба ҷуз ин, "фабрикаи ҷавоб" ба шикастани саҳифаҳо, сохтани саҳифаҳои монанд, шикастани почтаҳо, равон кардани мактубҳои таҳдидомез ба ашхоси гуногун машғуланд, ки гоҳе худ аз кори анҷомдодаашон меҳаросанд".

Ҳатто зидди "худиҳо" низ?

Ҳамсуҳбатони дигари мо ҳам мегӯянд, таъсиси чунин гуруҳҳо пас аз даъват ба пешгирӣ аз ҷалб шудани ҷавонон ба созмонҳои тундрав оғоз ёфт, аммо акнун бо таърифу тавсифи президенту вазирон ва танқиду таҳқири мухолифон маҳдуд гашт. Дар яке аз номаҳои охирин, ки рӯзи 1 май ба кормандони “фабрика” фиристода шуда, нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, тамоми талошро кунанд, ки овардани 84 кӯдак аз Ироқ на хидмати сафир Зубайдзода, балки “ташаббус ва супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат” муаррифӣ гардад.

Корманди аршади Вазорати маориф мегӯяд, хабаргузории “Ховар” тирамоҳи соли гузашта аз тамоми кормандони ниҳодҳои давлатӣ хост, “хабару гузоришҳо, аксу санадҳо, андешаву мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро ба онҳо фиристанд ва саҳми худро барои решакан намудани таассуб ва ифротгароӣ дар ҷомеа гузоранд”.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ба ҷойи ҷавобу вокунишнависӣ, ки як навъ "ғайбатхона" ва паҳн кардани нафрату бадбинӣ ва тафриқаандозӣ шудааст, агар зиндагӣ пеш равад ва шукуфон бошад, зарурат ба чунин корҳои сунъӣ ва сохта дар миён намемонад.

XS
SM
MD
LG