Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ба СММ: "Аз Тоҷикистон дар бораи зиндониён ва ошӯб бипурсед" ВИДЕО


Дар остонаи омодагии Тоҷикистон барои гузориш ба Созмони Милал дар бораи риояти ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз аъзои СММ хостааст, сарнавишти "маҳбусони сиёсӣ" дар кишварро дар миён бигузоранд.

Human Rights Watch ( HRW) тақозо кардааст, ки сарнавишти зиндониҳои ҷудогона ва дар маҷмӯъ мушкили маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласа дар Женева матраҳ шавад. Дар баёнияе, ки созмон нашр кард, номи Муҳаммадалии Ҳаит, Сайидумар Ҳусайнӣ, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, ду узви раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ, вазири собиқи саноат ва вакили дифои шинохта зикр шудааст.

Ба гуфтаи Human Rights Watch, онҳо дар мурофиаҳои пӯшида ва ноодилона ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд ва бархе мавриди шиканҷа қарор гирифтанд. Иддаои шиканҷа шудани онҳоро мақомоти Тоҷикистон пайваста рад кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 2-3-уми июл дар шаҳри Женева дар ҳузури аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар бораи чораҳои андешидааш барои риояти ҳуқуқи маданиву иҷтимоии мардум дар кишвар гузориш медиҳад.

Рӯзи 11-уми июн, ки муроҷиати Human Rights Watch нашр шуд, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани назари онҳо муроҷиат карданд, посух надоданд ва ё дастрас набуданд. Вале дар гузашта, аз ҷумла дар ҷаласаи Кумитаи СММ оид ба маҳви шиканҷа, мақомот таъкид карданд, ки дар Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Мақомот гуфтаанд, онҳое, ки дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамчун зиндонии сиёсӣ зикр мешаванд, барои ҷиноят ҷазо гирифтаанд, на фаъолиятҳои сиёсӣ.

Свердлов: Кумитаи ҳуқуқи башари СММ - бетараф ва мустақил аст

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch дар як мусоҳибаи видеоиш бо Радиои Озодӣ гуфт, ки минбари Кумитаи ҳуқуқи башари СММ барои шунидани мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи он чи ки анҷом додааст ва ҳам сабабҳои рӯ задани мушкилот дар ин бахш хеле муҳим аст. Ӯ гуфт, дар баробари масоили зиёд аз бахши ҳуқуқи башар Human Rights Watch инчунин мехоҳад, ки мақомдорони тоҷик назари худро ба сабабҳои амиқрафти бӯҳрон дар атрофи бархе масоили доғи дигар баён кунанд:

«Табъан ба барномаи ҷаласа масъалаи зиндониҳои сиёсӣ ворид мешавад. Аъзои ҲНИТ ва гурӯҳи 24 барои фаъолиятҳои сиёсии сулҳомези худ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Инчунин масъалаи масдудкунии вебсайтҳои интернетӣ матраҳ мешавад. Мавзӯи фишор болои созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам бардошта мешавад, ки фаъолияти худро зери фишор анҷом медиҳанд. Дар бораи озодии баён ҳам сӯҳбат мешавад ва ҳам дар бораи парвандаи онҳое, ки танҳо барои лайки бархе матолиби номақбул ва ё интиқодӣ дар ҳақи ҳукумати кишвар ба ҳукмҳои зиндон маҳкум шудаанд. Ин Кумита фаъолияти худро бетарафона ба роҳ мондааст ва он дар назди СММ аст».

Номаи HRW ба СММ дар бораи Тоҷикистон. Шарҳи Стив Свердлов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Аз вазъи зиндонҳо ва маҳбусони сиёсӣ бипурсед

Human Rights Watch аз СММ хостааст, ки ҳангоми баррасии гузориши ҳукумати Тоҷикистон ва муколама бо ҳайати давлат дар ҷаласаи Женева, ба таври хосса ба сарнавишти "маҳбусони сиёсӣ"-ро муроҷиат кунанд. Дар муроҷиати созмон гуфта мешавад, аз соли 2014 то кунун беш аз 150 фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, мухолифон ва дигарон бо “ангезаҳои сиёсӣ" ба зиндон маҳкум шудаанд.

HRW ба таври ҷудогона ба ошӯбҳои зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат дар моҳҳои ноябри соли 2018 ва майи соли 2019 таваҷҷӯҳ карда гуфтааст, ки дар дохили зиндон зоҳиран “ихтилоф" миёни маҳбусоне пеш омадааст, ки ба ДОИШ ва ҲНИТ нисбат дода мешаванд ва ин ҳолат "ба ҷони зиндониҳои сиёсӣ аз Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хатар эҷод мекунад". Дар ошӯбҳо 55 нафар кушта шуданд, ки ба ҷуз 5 нафар маъмури зиндон, дигар ҳама маҳбусон буданд.“

"Кумитаи ҳуқуқи башари СММ бояд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кунад, ки дар бораи кушташудаҳо дар ошӯб иттилои дақиқ оварда паёмадҳои ҳодисаҳоро ҳам шарҳ диҳад” гуфта шудааст дар муроҷиати HRW. Ба навиштаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳукумат бояд “амнияти аъзои ҲНИТ ва дигар маҳбусони сиёсиро таъмин кунад ва агар зарур буд, онҳоро озод ва ё ба ҳабси хонагӣ гузаронад”. Талаби дигари созмон таъмини дастрасии созмони байналмилалии Салиби Сурх ба зиндонҳои Тоҷикистон аст, ки тақрибан ҳамеша рад мешавад.

Мақомоти зиндонҳо ҳар ду дафъа гуфтаанд, ки ошӯб дар Хуҷанду Ваҳдат кори дасти ифротиён буд, ки мехостанд, фирор кунанд, вале зиндониҳои собиқ ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шиканҷаву бадрафторӣ бо маҳбусон решаи мушкил аст.

Дар муроҷиати HRW аз шикояти шиканҷа шудани аъзои ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит, Раҳматулло Раҷаб ва ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров, азият додани Зайд Саидов, боздошт, латукӯб ва зӯран ба Тоҷикистон бурдану зери фишори ҷомеаи байналмилалӣ озод шудани Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифон ҳам зикр шудааст. Ҳамаи ин қазияҳо, ба назари созмони ҳомии ҳуқуқ, бояд мунсифона таҳқиқ шуда афроди дастдошта дар шиканҷа ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар мусоҳибаҳои гузаштааш ба Радиои Озодӣ раиси системаи зиндонҳои Тоҷикистон Мансурҷон Умаров гуфта буд, ки баробари шурӯи кори нав ба ислоҳи система шурӯъ карда, дар навбати аввал бо вазъи зиндонҳои Тоҷикистон шинос шудааст. Ӯ гуфтааст, ки воқеан ҳам мушкилот вуҷуд дорад ва ин масъалаҳо бояд тадриҷан ҳалли худро пайдо кунанд. Дар муроҷиати Human Rights Watch инчунин тақозо шудааст, ки фаъолияти созмонҳои мамнӯъшудаи сиёсӣ, ки хусусияти сулҳомез доранд, иҷоза дода шавад ва дар кишвар ислоҳоти демократӣ сурат гирад.

XS
SM
MD
LG