Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон соле ба 12 ҳазор аробаи маъюбӣ ниёз дорад". ВИДЕО


Тоҷикистон соле ба беш аз 11700 аробачаи маъюбӣ эҳтиёҷ дорад. Вале ин тақозо дар ҳудуди на бештар аз 800 адад дар сол иҷро мешаваду халос. Яъне, ба Тоҷикистон дар давоми сол назар ба эҳтиёҷоти маъюбон 14 баробар камтар аробачаҳо ворид карда мешавад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар гузориши вижааш дар ин бора рӯзи 4-уми июн навишт, ки дар баробари эҳтиёҷи ҷиддӣ ба худи аробачаҳои маъюбӣ, дар Тоҷикистон ба марказу устохонаҳои вижаи таъмири ин василаи муҳими ҳаракати афроди имконияташон маҳдуд, ниёзи шадид вуҷуд дорад.

Муҳаққиқони СММ мегӯянд, зарурати ҳал шудани масъалаи аробачаҳо дар асл на танҳо барои дастрасии ин инсонҳо ба хадамоти тиббиву маишӣ, балки барои ҳамоиш ёфтани ин гурӯҳи сокинон бо ҷомеа ва дастёбӣ ба имкониятҳои таҳсилу кор, хеле муҳим мебошад.

Рамзиддин Ҷӯраев, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 41 сол боз аз пойи равон маҳрум аст ва бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, мегӯяд, ҳар бор барои худ аз Амрико аробача фармоиш медиҳад. Ӯ мегӯяд, аробачаи маъюбӣ бояд мувофиқ ба табиати ҳар истифодабаранда ва бахусус эҳтиёҷоти ӯ сохта шуда бошад ва ҳамин чиз ҳам як мушкили аслии афроди ниёзманд дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, ин аробачаҳо бояд бо гузашти вақт нав карда шаванд. "Ҳамин аробачаи навбатиамро 8 соли пеш бо маблағи 1200 доллар аз Амрико фармоиш дода будам. Ҳоло дигар кӯҳна шудааст ва дар фикри дарёфти аробае айнан мисли ҳамин ҳастам. Бартариаш ин аст, ки бақувват ва сабук аст. Ба биноҳои давлатӣ ва мағозаҳо метавонам бо он роҳат ворид шавам",-афзуд вай.

Душанбе барои маъюбон бехатар нест
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Ба гуфтаи Рамзиддин Ҷӯраев, аммо дар Тоҷикистон гирифтани аробачаи маъюбӣ барои афроди ниёзманд кори хеле сахту мушкил аст. Барои ин, мегӯяд ӯ, бояд шахс аввал санадҳои заруриро омода карда, баъдан дар навбат истад. Навбате, ки маълум нест, кай мерасад, чун талабот ба аробачаи дар кишвар хеле зиёд аст.

Аз сӯи дигар, ба таъкиди Рамзиддин Ҷӯраев, аробачаҳои маъюбӣ ба Тоҷикистон аз Чин ворид шуда, бе дар назардошти андозаи маъюбон ба онҳо пешниҳод мегардад. Рамзиддин мегӯяд, вақте ароба ба андому ҷуссаи одам мувофиқ нест, он метавонад ба нафари маъюб зарари ҷиддӣ расонад. "Масалан, агар барои як одами лоғар аробачаи васеъ диҳанд, вай миёнро каҷ мекунад. Вақте миён каҷ шуд, одам оҳиста-оҳиста дигар нишаста ҳам наметавонад".

Чанд сол боз дар Тоҷикистон созмони ғайридавлатии "Оперейшн мерсӣ" бо роҳандозии як тарҳ, афроди ниёзмандро бо аробачаҳои мувофиқ ба андоза, таъмин мекардааст. Ҳоло аксари онҳое, ки аз пойи равон маҳруманд, бо таассуф мегӯянд, ки акнун кори ин лоиҳа ҳам ба итмом мерасад ва мушкили дарёфти аробаи хубу мувофиқ барои ҳаракати маълулон дар кишвар амиқтар мешавад.

Асадулло Зикрихудоев, раҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон.
Асадулло Зикрихудоев, раҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон.

Асадулло Зикрихудоев, раҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, беҳтар буд истеҳсоли аробачаи маъюбӣ дар дохили худи Тоҷикистон ба роҳ монда мешуд. Ба қавли ӯ, имрӯз беш аз 3 ҳазор афроди дорои имконияти маҳдуд ба аробачаи маъюбӣ ниёз дорад ва дар Вазорати тандурустӣ дар навбат қарор доранд. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи Зикрихудоев, имрӯз дар кишвар беш аз 30 ҳазор нафар аз пойи равон маҳрум буда, бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, Тоҷикистон соли 2014 сиёсат ва стратегияи миллӣ оид ба таҳкими ҳуқуқи афроди имконияташон маҳдудро ба хотири беҳбуди шароити дастрасии онҳо ба дастгоҳҳои ёрирасон қабул кард. Аробачаи маъюбӣ, ки дастгоҳи муҳим ба ҳисоб меравад, барои ҳаракат ва мустақилияти ин инсонҳо хеле муҳим арзёбӣ мешаванд.

Созмони ҷаҳони тандурустӣ мегӯяд, соле ба Тоҷикистон тахминан 800 адад аробачаи маъюбӣ ворид ва шумори хеле ками дигар дар корхонаҳои дохили кишвар сохта мешаванд. Вале дар асл соле ба 11 ҳазору 700 аробача эҳтиёҷ вуҷуд дорад.

Нигина Икромова, як маъюби тоҷик, ки аз аробача истифода мебарад.
Нигина Икромова, як маъюби тоҷик, ки аз аробача истифода мебарад.

Дар ҳоле, ки сифати аробачаҳои истеҳсолшаванда бо меъёрҳои байналмилалӣ посухгӯ нестанд, хадамоти иловагии дигари мисли тамрину омӯзиши истифодаи онҳо ва таъмири онҳо масъалаи ҳалношуда боқӣ мемонад.

Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон машварат додааст, ки шумораи аробачаҳои воридшаванда ба кишварро то 10 ҳазор адад дар сол афзоиш бидиҳад ва дар дохили Тоҷикистон шароити таъмири онҳоро ба роҳ монад.

Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ба унвони шахси маъюб ва имконияташ маҳдуд ба сар мебаранд ва аз шумораи онҳо 30 ҳазор нафар савори аробачаҳои маъюбӣ будаанд. Гуфта мешавад, ки дар навбати расмии аробачаҳои маъюбӣ дар сохторҳои беҳдоштии Тоҷикистон, 3 ҳазор нафар истодааст.

XS
SM
MD
LG