Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол – $580. Тарҳи "лимит"-и туҳфаҳо ба мансабдорони тоҷик


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон тарҳеро омода кардаанд, ки мансабдоронро аз гирифтани тӯҳфаҳои гаронарзиш ҳангоми сафарҳои хориҷӣ бозмедорад ва ё онҳоро маҷбур мекунад, тӯҳфаҳои гирифтаи худро ба мақомот супоранд.

Вале ин тарҳ тӯҳфа гирифтани мансабдорони тоҷикро аз наздикону дӯстон дар дохили кишвар танзим намекунад. Дар гузашта баъзе аз мансабдорони тоҷик дар ҷавоб ба суоли ин ки бо маоши кам мошину хонаҳои гаронқиматро аз куҷо ёфтаанд, гуфта буданд, онро хешу таборашон тақдим кардаанд.

Ҳадягирии мақомдорон борҳо дар расонаҳо интиқод шудааст ва коршиносон онро яке аз воситаҳои фасоди молӣ медонанд.

Тарҳи "лимит"-и тӯҳфаҳо барои мансабдорони Тоҷикистонро Оҷонси хидмати давлатӣ омода кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад, мансабдорони тоҷик ҳақ нахоҳанд дошт, дар як сол ба маблағи беш аз 5500 сомонӣ (580 доллар) туҳфа дарёфт кунанд. Агар мақомдорон дар як сол беш аз ин туҳфа гиранд, он ба ҳисоби корхонаи давлатӣ гузаронда мешавад.

Бар асоси лоиҳаи таҳиякардаи Оҷонси хидмати давлатӣ, ки нусхааш рӯзи 20-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид, мақомдорон бояд ба муҳосиботи ҷои кори худ санад пешниҳод кунанд, ки туҳфаи гирифтаашон дар хориҷа чӣ қадар қимат дорад. Дар ҳолате ки мансабдорон ин санадро надошта бошанд, арзиши туҳфа бо нархи бозор ва аз тарафи коршиносон баҳогузорӣ мешавад.

"Туҳфаҳои зиёдатӣ, ки ба ҳисоби корхонаҳо мегузарад, барои таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ истифода хоҳад шуд", -- омадааст дар тарҳи Оҷонсӣ.

Лоиҳаи Оҷонси хидмати давлатӣ ҳамчунин муқаррар мекунад, ки хизматчиёни давлатӣ ҳақ надоранд аз шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё уҳдадориҳои мансабӣ туҳфа қабул кунанд.

Масъулони Оҷонси хидмати давлатӣ мегӯянд, лоиҳаи таҳиянамудаи онҳо ҳанӯз ниҳоӣ нест ва ба баррасии вазорату идораҳо фиристода шудааст. Гурез Қосимзода, муовини аввали мудири Оҷонсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тартиби гирифтани туҳфа аз сӯи хизматчиёни давлатӣ баъд аз қабули қонуни нави мубориза бо фасод тасвиб хоҳад шуд. Феълан қонуни мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар таҳрири нав дар ҳоли таҳия шудан аст.

Муовини аввали мудири Оҷонси хидмати давлатӣ афзуд, лоиҳаи нав асосан гирифтани туҳфа ҳангоми сафарҳои хориҷиро ба танзим медарорад. Ба таъкиди Қосимзода, тартиби гирифтани туҳфа барои мақомдорон ҳоло ниҳоӣ нашудааст ва ҳам маълум нест, ки дар сурати иҷро накардани он мақомдор чӣ ҷазо мебинад.

“Хидматчиёни давлатӣ ҳангоми сафарҳои хориҷӣ туҳфаи гаронарзише намегиранд Ба онҳо дар хориҷа ҳеҷ вақт мошин намедиҳанд. Як ручка ё як қалам медиҳанд. Як бор дар хориҷа дар семинар иштирок кунед, ба шумо дигар чӣ медиҳанд? Он мардум туҳфае намедиҳанд, ки гаронбаҳо бошад,” -- афзуд Гурез Қосимзода.

Ин масъули Оҷонсӣ афзуд, онҳо омори чӣ қадар туҳфа гирифтани мақомдоронро дар ихтиёр надоранд. Ҳамчунин дақиқ намедонанд, ки бештар ба мансабдорони тоҷик чӣ туҳфа мекунанд.

Бархе аз мақомдорони тоҷик ҳозир нашуданд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Вале як ҳамсуҳбати мо гуфт, дар дохили кишвар бештар ба мансабдорон аспу навъҳои дигари чорво, мошин, соат ва ё замину туҳфаи пулӣ медиҳанд. Иддаое, ки мақомот қабул надоранд.

Масъалаи туҳфа гирифтани мақомдорон борҳо дар расонаҳо матраҳ шудааст. Бахусус изҳороти чанд мақомодори баландпоя, ки гуфтанд мошинҳои гаронбаҳои кормандонашонро наздикони онҳо туҳфа кардаанд, дар ин бора хабарсоз шуда буд.

Бори аввал дар бораи онки ба мансабдорон наздиконашон мошинҳои гароннархро ҳадя мекунанд, аз забони Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқи Тоҷикистон садо дод. Баъдан соли 2015 Аъламхон Наимӣ, собиқ муовини аввали раиси Оҷонси зидди фасод, ба суоли хабарнигорон дар бораи маош ва хонаву мошини гаронбаҳои баъзе аз кормандони ин ниҳод гуфт, тахмин мезанад, ба онҳо хешовандон ё дӯстонашон кумак кардаанд.

Бархе аз коршиносон аз набудани як шеваи дақиқи гирифтани туҳфа аз ҷониби мансабдорон дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бояд дақиқ шавад, ки мансабдор аз кӣ ҳаққи гирифтани тӯҳфаро дорад ва дар чӣ шакл. Дар акси ҳол гирифтани туҳфа ба як василаи аслии фасодкорӣ табдил мешавад.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, гирифтани туҳфа ҳамеша яке аз омилҳои фасод аст, ки бо баҳонаи он мумкин аст мақомдор кори ягон нафарро иҷро кунад. Ба таъкиди Олимов, бояд дақиқ маълум шавад, ки мансабдор чӣ қадар туҳфа гирифта метавонад ва аз киҳо.

“Туҳфа аз туҳфа фарқ дорад, ман ақлам намегирад, ки барои ягон нафар туҳфа ба шакли мошин бошад. Албатта, набояд ин туҳфа бошад. Ниҳодҳои дахлдор бояд дақиқ кунанд, ки ин то кадом андоза туҳфа аст,»-афзуд Олимов.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле мехоҳанд бо танзими туҳфагирии мансабдорон бо фасод мубориза баранд, ки созмонҳои ҷаҳонӣ аз фасоди густурда дар кишвар гузориш медиҳанд.

Бино ба раддабандии созмони Трансперенси интернешнл ва ё Шафофияти байналмилал, ки индекси пазириши ришваро дар 180 кишвари дунё чен мекунад, Тоҷикистон дар мақоми 163-юм қарор дорад.

XS
SM
MD
LG