Боирҷони Ҳафиз, сокини ҷамоати Ғайрати ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 22-юми август гуфт, аз ҳодисаи латту кӯб шудани вай панҷ рӯз мегузарад, вале то ба ҳол мақомоти милиса озордиҳандаи ӯро дастгир накардаанд. Талошҳои мо барои пайдо кардани Мирзодавлат Убайдов то ин дам бенатиҷа буд, то қазияро аз ӯ ҳам бипурсем. Дар сурати ба даст омадани нуқтаи назари Убайдов, онро дар ҳам саҳифа нашр мекунем.
Боирҷони Ҳафиз иддао дорад, ки Мирзодавлат Убайдов дар миёни Тоҷикистону Узбекистон ба тиҷорати маводи ғизоӣ машғул аст. Шаби шанбеи 17-уми август Убайдов аз ин сокини Мастчоҳ хостааст, ки бори ӯро бо аробааш бибарад, вале Боирҷон рад мекунад. Ҷанҷоли кӯтоҳи лафзӣ ба кашмакаш мепечад.
"Як зан аз Хуҷанд аз ман дархост кард, ки бора-шро биорам. Ман борҳоро ба ароба гузошта будам, ки Убайдов гуфт, бори маро бибар. Гуфтам намебарам, чун чанд дафъа пулашро надодӣ. Ту боз гап зан шудаӣ гуфта, ба қафаси зинаи ман зад. Латту кӯб кард, баъдан сарамро ба роҳи мумфарш зад, беҳуш шудам", -- нақл кард ӯ.
Пас аз ин ҳодиса бо ёрии шоҳидон Боирҷон ба беморхона интиқол меёбад. Падари ӯ Ҳафиз Раҷабов билофосила ба идораи милиса арз мекунад.
Мақомоти милиса мегӯянд, дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ шикояти ӯро қабул кардаанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Акбар Шарифов, сухангӯи раёсати умури дохилии вилояти Суғд рӯзи 22-юми август дар ин робита гуфт:
"Ҳоло хулосаи ташхисро интизор ҳастанд. Милитсияи ноҳияи Мастчоҳ аз ҳодиса бохабар аст, то кунун ду шоҳиди ҳодиса пурсида шудаанд. Аз ҷабрдида ва ҳам гумонбар баёнот гирифтаанд."
Боирҷони Ҳафиз мегӯяд, соле қабл аз муҳоҷирати корӣ аз Русия баргашт ва боз шудани марзи Тоҷикистону Узбекистон барои ӯ ҷойи кор фароҳам кард. Ӯ дар миёни гузаргоҳи Фотеҳобод-Ойбеки Тоҷикистону Узбекистон бо ароба боркашонӣ мекард ва аз ин ҳисоб рӯзона аз 40 то 50 сомонӣ ба даст меовард.
Мегӯяд, ин шуғлашро дар наздикии хона аз муҳоҷирати корӣ авлотар дониста, ба Русия сафар накард, аммо дар натиҷаи ин ҳодиса маҷруҳ шуда, маълум нест кай ба по мехезад.
Баъд аз даргузашти Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон, дар муносибатҳои ду кишвар дигаргунии мусбат ба амал омад ва дар моҳи марти соли 2018 низоми виза миёни ду кишвар содда карда шуд. Пас аз хуб шудани равобити Душанбеву Тошканд миёни ду кишвар 13 гузаргоҳи автомобилӣ ва 4 гузаргоҳи роҳи оҳан фаъол шуд.
Тиҷорат ҳам миёни ду кишвар авҷ гирифт. То соли 2016 гардиши савдо миёни ду кишвар хеле маҳдуд буд. Аммо бо содда шудани низоми виза гардиши савдо миёни Тоҷикистону Узбекистон дар соли 2018 ба иттилои Оҷонси омор ба 287 милион доллар расид.