Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зерзаминиҳои Душанбе -- гоҳе аз хушбӯӣ маст мешавӣ, гоҳе ҳам мегӯӣ, набиниву набӯӣ. ВИДЕО


Ҳар роҳи зеризаминии Душанбе ба гунаи худ наҷиб ва нодир аст. Яке камодаму дигаре роҳгузари зиёд дорад ва дигаре рафтуо дар он то дершаб идома меёбад.

Як аз онҳо гузаргоҳи назди Маркази савдои "Садбарг" аст. Неъматулло Давлатов, фурӯшанда дар ин гузаргоҳи зеризаминии "Садбарг" мегӯяд, сабаби серодам будани инҷо дар он аст, ки дар наздаш донишгоҳ воқеъ ва сокинони Файзободу Ваҳдат низ аз назди ин роҳи зеризаминӣ ба ноҳияашон мераванд.

Вобаста ба он ки, кӣ аз ин роҳ мегузарад, фазои он низ ранги дигар мегирад. Дар гузаргоҳи зеризаминии "Садбарг" китоб, маводҳои таълимӣ, парранда ва бозичаҳои чинӣ мефурӯшанд. Маъмултарин тиҷорати инҷо фурӯши атриёти 1-сомона аст. Неъматулло Давлатов мегӯяд, "донишҷӯёни имрӯза аз ҳамин атрҳо истифода мебаранд. Ба хотире, ки атриёт бӯи хуш дорад".

Зерзаминиҳои Душанбе -- гоҳе аз хушбӯӣ маст мешавӣ, гоҳе ҳам мегӯӣ, набиниву набӯӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Мавҷудияти бозор гузаргоҳи зеризаминии "Автовокзал"-ро серодам кардааст. Абдуҳалим Исоев 15 сол аст, ки инҷо кафш медӯзад. Ӯ мегӯяд, муштариёнаш ҷойи ӯро медонанд ва агар дигар ҷой равад, мумкин аст онҳоро даст диҳад.

Инҷо ба ҷуз аз пойафзол, дигар чизҳо, аз ҷумла телевизиону компютерро ҳам таъмир мекунанд. Сартарошхонаҳо низ дар инҷо муштарии зиёд доранд. Мағозаҳо ҳам пур аз телефонҳои фурӯшӣ ва таҷҳизоти он аст.

Гузаргоҳи зерзаминии назди Фурӯшгоҳи марказӣ маъруф ба "ЦУМ" бо гулҳояш маъмул аст. Инҷо барои касонест, ки мехоҳанд барои азизонашон гул ё дигар туҳфа бихаранд.

Аммо на ҳама роҳҳои зеризаминии Душанбе мисли гузаргоҳи назди Фурӯшгоҳи марказӣ бӯйи хуш дорад. Аз ҷумла, гузаргоҳи зеризаминии назди "Сирк" бӯйи баде мекунад. Агар зарурати гузаштан аз инҷо пайдо шавад, маҷбуред тамоми ҷуръати худро истифода карда, камтар нафас кашед.

Гуфта мешавад, ки пештар инҷо низ гул мефурӯхтанд. Сокинон мегӯянд, шояд мақомот ба гузаргоҳҳои зеризаминии маркази шаҳр эътибор медиҳад ва дар канораҳои пойтахт онҳоро ба коми фаромӯшӣ супурдаанд.

Чунин ҳаст ҳолати гузаргоҳҳои зерзаминии Душанбе -- гоҳҳо аз хушбӯии он маст мешавӣ ва гоҳе ҳам даст ба чашму бинӣ мебандӣ то набиниву набӯӣ.

XS
SM
MD
LG