Нархи қалин ё маҳри духтарро бархе ҷавонони тоҷик гарон ва пардохташро берун аз тавони худ медонанд. Духтарон мегӯянд, бо пули маҳр ҷиҳозе мехаранд, ки бидуни он зиндагии муштарак номумкин аст.
Қалин ё пуле, ки барои издивоҷ бо духтарон мепардозанд, аз 15 ҳазор сомонӣ сар мешавад ва вобаста ба тавоноиҳо то 50 ҳазор сомонӣ мерасад.
Тимур Алиев, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баъд аз хостгориҳои бенатиҷа ва гаронии қалин тасмим гирифт, издивоҷ нокарда дубора ба Русия баргардад.
Ин муҳоҷир аз пул ё қалине, ки аз ҷониби духтар талаб мекунанд, норозӣ аст.
Ӯ мегӯяд,“модарам 3 духтаре, ки интихоб кард, ками кам 15 ҳазор сомонӣ гуфтанд. 15 ҳазор сомонӣ ин 100 ҳазор рубл мешавад. Тақрибан 200 ҳазор рубл лозим аст ки туй карда зангирӣ.”
Мавзӯи қалин ё маблағе, ки ҷониби духтар аз хонаводаи домод талаб мекунад, ахиран дар миёни сокинон баҳс мешавад. Бархе домодҳо, мисли Тимур, ин маблағро гарон медонанд.
Хонаводаҳои духтар дар навбати худ ба нархи ҳамеша ру ба болои бозор ишора мекунанд. Ҷониби арусшавандаҳо мегӯянд, маблағи маҳр ба харҷи тӯй ва хариди ҷиҳоз сарф мешавад. Ҷиҳозе, ки ба хонаи домод бурда мешавад.
Хайриниссо Челиева, сокини шаҳри Бохтар мегӯяд, “бо пул ҷиҳоз барои арус мехаранд, ки онро ба хонаи домод мебарад."
Ӯ гуфт, 17 ҳазор сомонӣ барои хариди ҷиҳоз кифоят намекунад.
Дар Тоҷикистон масъалаи хонадоршавӣ ва зуд аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон мавзӯи доғ аст. Бештари ҷавонон, ки аз муҳоҷират маблағ ба даст меоранд, кушиш мекунанд, бо харҷҳои камтар тӯй кунанд. Баҳсҳои молии пеш аз тӯй гоҳе боиси ноустувории хонаводаҳои ҷавон мешавд.
Ҷомеашиносон аз пайомадҳои манфии чунин ноустувории оилаҳо нигаронӣ мекунанд.
Сайёра Маҳмадова, ҷомеашинос мегӯяд, "дар бисёр маврид бо сарфи зиёд ва ранҷ оила барпо мекунанд, вале дар бисёр ҳолат зуд аз ҳам ҷудо мешаванд."
"Ҷавон дар муҳоҷират бо азоб маблағ кор мекунад туй мекунад ва баъди чанде аз ҳам ҷудо мешаванд. Барои писардор хуб аст, ки боз муҳоҷират рафта маблағ кор мекунад ва зан мегирад. Вале дар ин ҷо тақдири духтарак ҳайф мешавад, ки дубора шавҳар карданаш мушкил аст”,--гуфт ӯ.
Дилсард шудани Тимур аз харҷи зиёди тӯй дар ҳолест, ки даҳ сол боз дар Тоҷикистон маъракаҳо тибқи қонун танзим мешаванд. Коршиносон мегӯянд, решаи масъала на дар арзиши маҳру қалин, балки дар набуди ҷои кори мувофиқ дар кишвар аст.