Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 13 март гуфт, Аврупо аз нуқтаи назари паҳншавии коронавирус аз Чин пеш гузашт ва ҳоло шумораи қурбониёни беморӣ дар ҷаҳон ба 5000 нафар расида, давлатҳо барои пешгирӣ аз вусъати он ба бастани марзҳо ва чораҳои маҳдудкунанда машғуланд.
Чанд соат баъд аз ин эъломия президенти ИМА Доналд Трамп дар саросари кишвараш вазъи фавқулода эълон кард, то аз густариши сирояти вируси нав пешгирӣ намояд.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки Агентии федералии идоракунии ҳолатҳои фавқулода ба чораҳои расонидани кӯмак ба давлат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ раҳбарӣ ва онҳоро ба монанди ҳолати умумимиллии “офати табиӣ” ҳамоҳанг кунад.
Тедрос Адҳаном Гебрейюс, раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар нишасти хабарӣ дар Женева гуфт, "Аврупо акнун маркази пандемияи COVID-19 шудааст." Вай марги 5000 нафарро "як марҳилаи фоҷиавӣ" унвон кард.
Тедрос афзуд, шумораи сироятҳо ва фавтҳо дар Аврупо дар муқоиса бо дигарон дар тамоми дунё дар якҷоягӣ, ба истиснои Чин, зиёдтар аст. Панҷ кишвари Аврупо - Италия, Испания, Фаронса, Олмон ва Швейтсария ҳоло беш аз 1000 ҳолати тасдиқшудаи сироятро доранд. Рӯзи 13 март Италия, ки аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон, пас аз Чин дар ҷойи дувум аст, дар 24 соати гузашта бо афзоиши 25-дарсадии шумораи мурдагон рӯбарӯ шуд. Ин шумора аз 250 ба 1,266 нафар расид. Чунин "ҷаҳиш" аз замони сар задани уфун ё сироят ба мушоҳида нарасидааст.
Ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 13 март шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 133 000 нафар расида, паҳншавии он дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Шарқи Наздик аз рӯйи суръат бо кишварҳои дигар ва хусусан Чин фарқ мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҳануз ҳафтае пеш Чин маркази сирояти вирус ба шумор мерафт. Коронавирус охири соли гузашта дар Чин рӯ зада, ба тамоми ҷаҳон паҳн гашт. Пас аз фурӯафтии шохисҳо дар бозорҳои ҷаҳон дар рӯзи 12 март, вазъи асъор дар рӯзи 13 март дубора барқарор шуд ва қурби доллар 2,5 дарсад боло рафт. Чанди дигар аз давлатҳои Аврупо талош карданд бо бастани марзҳо, маҳдудияти равуо, таътил кардани мактабҳо ва ҷамъомадҳои ом аз густариши беморӣ ҷилавгирӣ кунанд.