Додситони ҳарбии Душанбе дар посух ба гузориши Радиои Озодӣ марги сарбоз Солеҳҷон Солиевро ба бемории дил рабт додааст. Ин дар ҳолест, ки пайвандони ин сарбоз, ки моҳи май ҳангоми адои хидмат дар фурудгоҳи низомии Айнӣ фавтид, гуфтаанд, ба фарзияи расмӣ бовар ва дар тани сарбоз изи захм буд.