Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мақомот ба кушта шудани хирс дар Урметан


Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вокуниш ба хабари Радиои Озодӣ, тасдиқ кардааст, ки сокинон дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ як хирсро куштаанд. Дар иттилояи ин ниҳод омадааст, ҳодиса 21-уми июн рух додааст.

Ба қавли манбаъ, хирс аз заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ ба манзили сокини деҳаи Урметан Мелиев С. ҳамла кардааст.

“Дар ин вақт Мелиев С. бо пайвандонаш хирсро бо сангу чӯб лату кӯб намуда, дар бораи ин ҳодиса ҷангалбони минтақаро хабардор мекунанд. Ҷангалбон барои наҷот додани хирс ба духтури байтор муроҷиат мекунад, вале то расида омадани духтур мутаасифона хирс мефавтад,”-омадааст дар хабарномаи Кумита.

Мақомот гуфтанд, қазияро ба Додситонии вилояти Суғд фиристодаанд. Маълум нест, ки сокини деҳаи Урметан барои куштани хирс муҷозот мешавад ё не.

Дар бораи кушта шудани хирс дар деҳаи Урметан Радиои Озодӣ 28-уми июн хабар дода буд. Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд дида мешавад, ки сокинон хирси зиндаро сангсор мекунанд. Пас аз чанд лаҳза, нафаре бо санг ба сари хирс мезанад ва дигар он ҳаракат намекунад. Ҷонваре, ки дар навор дида мешавад, зоҳиран хирси навъи нохунсафед аст, ки ҳамчун ҳайвони нодир дар «Китоби сурх» ҷой дода шудааст. Сокинон пештар шикоят карда буданд, ки хирс дар кӯҳистон зиёд шудаст ва чорвою боғашон осеб мерасонад.

XS
SM
MD
LG