Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, дар пайи таҳдиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз вокуниш ё посухи “сахт” ҳушдор дод. Сафири Швейтсария дар Эрон, ки ба ҳайси миёнарав байни Вашингтону Теҳрон амал мекунад, низ рӯзи 31-уми март ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ даъват шудааст.
Як рӯз пеш Доналд Трамп, президенти Амрико, Эронро бо таҳримҳои нав, боҷи сангин ва амалиёти низомӣ таҳдид кард. Изҳороти ӯ баъди он садо дод, ки раисҷумҳури Эрон аз музокироти мустақим дар бораи барномаи ҳастаии кишвараш бо Вашингтон худдорӣ варзид.
Доналд Трамп рӯзи 30-юми март ҳангоми бозгашт аз Флорида ба Вашингтон гуфт, "ман созишро аз ҳар гузинаи дигар бартар мешуморам. Фикр мекунам, ҳама дар ин ҳавопаймо медонанд, ки алтернатива чӣ аст ва ин ҳеч гоҳ хуб нахоҳад буд."
Пештар Трамп ҳушдор дода буд, ки "агар онҳо созиш накунанд, бомбаборон хоҳанд шуд. Бомбабороне, ки то ҳол надида буданд."
Вай ҳамчунин гуфт, дар чаҳорчӯби барномаи "фишори ҳадди аксар" алайҳи Теҳрон масъалаи ҷорӣ кардани боҷро ба кишварҳое баррасӣ мекунад, ки аз Эрон нафт мехаранд.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, ба таври ошкоро баргузории музокироти мустақимро бо Вашингтон дар бораи барномаи ҳастаии кишвараш рад кард. Ӯ гуфт, ҳарчанд имкони музокироти мустақим рад шудааст, "роҳи музокироти ғайримустақим боз мемонад".
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар посух навишт, "президент Трамп ба таври рӯшан гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида иҷоза нахоҳад дод, Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад... Агар режими Эрон созиш накунад, раисҷумҳур возеҳ гуфтааст, ки гузинаҳои дигарро рӯйи даст мегирад ва он барои Эрон бисёр бад хоҳад буд."
Баъди бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед, маъмурияти ӯ пайваста гуфтааст, ки Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Изҳороти Пизишкиён ҳоло барои афзоиши таниш миёни Теҳрон ва Вашингтон бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ замина фароҳам меорад.
Иқтисоди Эрон аз таҳримҳои зиёду тӯлонӣ ранҷ мекашад. Доналд Трамп дар давраи аввали раёсати худ Амрикоро аз созиши муҳими ҳастаӣ бо Эрон берун кард ва дубора зидди Теҳрон таҳрим ҷорӣ намуд.
Теҳрон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои сабуктар кардани ин таҳримҳо ва ё пурра бекор кардани онҳост. Аммо радди оммавии пешниҳоди Трамп метавонад ба фишорҳои нави Вашингтон ва қудратҳои дигар, ки аз барномаи ҳастаии Эрон нигарон ҳастанд, сабаб шавад.
Тавофуқи ҳастаии соли 2015 миёни Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ ба таври расмӣ дар моҳи октябри соли 2025 ба поён мерасад.