Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, номаи президенти Амрико ба Оятуллоҳ Хоманаӣ тавассути Анвар Қарқош, мушовири раиси Имороти Муттаҳидаи Араб дар умури сиёсати хориҷӣ, ба дасти Теҳрон расид. Анвар Қарқош рӯзи 12-уми март ба Теҳрон рафт ва бо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мулоқот кард.
Раисҷумҳури Амрико як ҳафта пеш дар мусоҳибае эълон кард, ки хоҳони музокира дар бораи барномаи ҳастаии Эрон аст ва ба ҳамин далел барои раҳбари Эрон номае фиристодааст.
Доналд Трамп дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News дар бораи муҳтавои ин нома гуфта буд, "гуфтам, умедворам музокира кунед, чун барои Эрон хеле беҳтар аст".
Дар нахустин вокуниш аз сӯи мақомҳои Эрон, намояндаи ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки Теҳрон то кунун номае дар ин бора дарёфт накардааст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, низ як рӯз баъд аз он ки раисҷумҳури Амрико эълон кард, номае барои ӯ фиристодааст, гуфт, Теҳрон бо "кишварҳои зӯргӯ" музокира нахоҳад кард
Раҳбари Эрон дар мулоқот бо шуморе аз мансабдорони феълӣ ва пешини ин кишвар гуфт, "масъала фақат масъалаи ҳастаӣ нест. Хостаҳои нав, монанди барномаи дифоӣ, мушакӣ ва тавоноиҳои байнулмилалии Эронро матраҳ мекунанд, ки ин хостаҳо қатъан аз тарафи Ҷумҳурии Исломӣ бароварда нахоҳанд шуд".
Инҳо мавзуъҳое ҳастанд, ки мақомоти Эрон борҳо эълон кардаанд, ки ба музокира дар бораи онҳо бо тарафҳои ғарбӣ ҳозир нестанд.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ҳам дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп дар бораи фиристодани нома ба Оятуллоҳ Хоманаӣ барои музокира бо Ҷумҳурии исломӣ гуфт, ба далели таҳдидҳои Трамп, ҳозир нест бо ӯ музокира кунад.
Дар пайи ин изҳороти раисҷумҳури Эрон, сухангӯи Шӯрои амнияти Кохи Сафед ба бахши форсии "Садои Амрико" гуфт, "бо таъкиди дигарбора, раисҷумҳур Трамп ба таври возеҳ гуфт, ки ду роҳ барои муқобила бо Эрон вуҷуд дорад - низомӣ ё созиш. Мо умедворем, ки режими Эрон мардум ва манфиатҳои худро бар террор бартар мешуморад".
Теҳрон мегӯяд, то замоне, ки Амрико ба фишор ва таҳдидҳои худ идома диҳад, "музокираи мустақим" бо ин кишвар сурат нахоҳад гирифт. Мухолифати Хоманаӣ ва Пизишкиён бо музокира бо Амрико бо вокунишҳои манфии густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.