Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар бораи изҳороти Трамп ба СММ нома навишт


Амир Саид Айравонӣ, намояндаи доимии Эрон дар СММ.
Амир Саид Айравонӣ, намояндаи доимии Эрон дар СММ.

Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид изҳороти ахири президенти Амрико Доналд Трампро дар бораи Эрон нақзи ҳуқуқи байнулмилалӣ хонд.

Доналд Трамп рӯзи 30-юми март ҳангоми бозгашт аз Флорида ба Вашингтон Ҷумҳурии Исломиро бо таҳримҳои нав, боҷи сангин ва амалиёти низомӣ таҳдид кард. Ӯ гуфт: "Ман созишро аз ҳар гузинаи дигар бартар мешуморам. Фикр мекунам, ҳама дар ин ҳавопаймо медонанд, ки алтернатива чӣ аст ва ин ҳеч гоҳ хуб нахоҳад буд."

Пештар Трамп ҳушдор дода буд, ки "агар онҳо созиш накунанд, бомбаборон хоҳанд шуд. Бомбабороне, ки то ҳол надида буданд."

Сафири Эрон дар Созмони Милал рӯзи 31-уми март ишораи ахири Трампро "душманона" хонд ва ҳушдор дод, ки Теҳрон ба ҳар ҳамлае посухи зуд хоҳад дод.

Амир Саид Айравонӣ дар номаи худ дақиқан ба ин ибораи Доналд Трамп ишора карда, гуфтааст, "агар тавофуқ накунанд, бомбаборон хоҳад шуд, ба гунае, ки назири онро ҳаргиз пеш аз ин надидаанд".

Доналд Трамп аз замони бозгашт ба Кохи Сафед борҳо гуфтааст, ки музокирот ва даст ёфтан ба созиши ҳастаӣ бо Эронро бар ҳамлаи низомӣ тарҷеҳ медиҳад.

Ӯ чанд бор ёдовар шудааст, ки мақомҳои Эрон бояд яке аз ин ду гузинаро интихоб кунанд ва ӯ шахсан умедвор аст, ки интихоби онҳо музокира ва созиш бошад.

Амир Саид Айравонӣ дар номаи худ ба дабири кулли СММ ва раиси давраии Шӯрои Амният гуфтааст, изҳороти ахири Трамп "нақзи ҳуқуқи байнулмилалӣ ва усули асосии маншури СММ ба вижа банди чаҳоруми моддаи дуи он ба шумор меравад".

Ӯ хоҳони маҳкум шудани суханони раисҷумҳури Амрико аз сӯи Шӯрои Амният шуд ва айни замон ҳушдор дод, ки Эрон ба "ҳар гуна ҳамла" аз сӯи Амрико ё Исроил "қотеъона посух хоҳад дод".

Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи 31-уми март ҳамчунин эълон кард, ки сарпарасти сафорати Шветсия дар Теҳронро, ки аз манфиатҳои Амрико ҳимоят мекунад, ба ин вазоратхона даъват кард ва ёддошти расмӣ ва ҳушдори Эронро ба ӯ расонд.


XS
SM
MD
LG