Як созмони ғарбӣ гуфтааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи "фароҳам кардани шароити мусоид" барои интиқоли қудрат ба писараш Рустами Эмомалист.
Маркази Карнеги дар Берлин рӯзи 25-уми март дар гузорише гуфт, ба ҳамин далел "то рафъи ҳама таҳдидҳои эҳтимолӣ, мумкин аст, поксозӣ идома кунад", вале маълум нест то кай.
Эҳтимоли интиқоли қудрат аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ, чанд сол боз матраҳ аст. Ҳардуи онҳо дар ин замина ҳеч гоҳ изҳори назар накардаанд.
Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, як идораи вобаста аз раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи июли соли 2024 сару садоро дар ин маврид бепоя хонда буд.
Галия Иброҳимова (Ибрагимова), пажӯҳишгари Маркази Карнеги дар Берлин, ҷавон кардани аъзои Маҷлиси Намояндагон, дигаргунӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, ивазшавии раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, зиндонӣ кардани баъзе аз шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла хабарнигорону сиёсатмадорон ва мансабдорони пешинро аз ҷумлаи чораҳои раисҷумҳури Тоҷикистон барои интиқоли қудрат донистааст.
"Ҷойи сиёсатмадорони ботаҷрибаро ҷавононе гирифтанд, ки ҳамсинни вориси оянда ҳастанд. Тағйироти кадрӣ ба идораҳои қудратӣ низ дахл кард, ки солҳои дароз ба Раҳмон на фақат дар мубориза бо мухолифони режим мадад карданд, балки шахсони содиқ, вале носозгорро низ аз байн бурданд," – идома додааст ӯ.
Ба нигоштаи Иброҳимова, "ҳатто қудратиҳое, ки махсусан ба Раҳмон наздик буданд, мансабҳои худро аз даст доданд." Вай дар ин маврид аз Шералӣ Мирзо, вазири пешини дифоъ ва Рустам Назарзода, раиси собиқи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ном гирифтааст.
"Ин ҳам ғайримунтазира буд, ки поксозӣ ба наздикони Раҳмон, бахусус раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур ва додситони кул Юсуф Раҳмон пайванд гирифт. Писарони ҳарду бо духтарони Раҳмон издивоҷ кардаанд ва солҳои дароз кафолати дахлнопазирии онҳо буданд," – афзудааст ӯ.
Бар асоси фармони раисҷумҳур Бег Сабур, ки бештар бо изҳороти аҷоиб ва сохтмони биноҳои истиқоматӣ қаҳрамони матбуот буд, бознишаста шудааст. Юсуф Раҳмон ҳоло дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аст.
"Новобаста аз он ки Раҳмон барои ҳифзи вориси худ чӣ чора меандешад, ҳеч замонате нест, ки ӯ қудратро нигоҳ дошта метавонад. Дар низоми сиёсии Тоҷикистон ихтилофҳо зиёданд ва омодагӣ барои интиқоли қудрат бештари онҳоро шиддат мебахшад," – навиштааст Галия Иброҳимова.
Намояндагони мухолифон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1992 қудратро дар ихтиёр дорад ва борҳо барои монданаш дар ҳукумат ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид кардааст, ба хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мекунанд.
Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст. Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ. Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷорат. Ашрафҷон Гулов, домоди Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб.
Писараш Рустами Эмомалӣ 38-сола аст ва раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ ва амалан шахси шумораи дуи Тоҷикистон. Бар асоси қонун, дар сурати истеъфо, марг, беморӣ ё аз салоҳиятҳои худ даст кашидани президент, то замони интихобот, ӯ сарпарасти мақоми раёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд.