Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Путин... то Раҳмон. Кӣ чӣ гуна умри ҳукуматашро дароз кард?


Владимир Путин, президенти Русия, тасдиқ кард, ки дар интихоботи моҳи марти соли 2024 номзадияшро мегузорад. Ӯ тасмимро ба "талаби замон" пайванд дод, ки "бояд дар канори мардум бошад".

Путин аз соли 2000-ум дар мансаби "президент – сарвазир – президент" раёсати ҳукуматро дар Русия ба дӯш дорад. Ӯ ва ҳокимони дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, чӣ гуна умри давлатдории худро дароз кардаанд?

РУСИЯ

Рӯзи 8-уми декабри соли 2023. Маросими супурдани ҷоизаҳои давлатӣ дар Кремл. Артем Жога, раҳбари ҷудоталабони Донетски Украина, аз дасти президенти Русия ҷоиза гирифт ва аз ӯ хост, ки дар интихоботи моҳи март иштирок кунад. Владимир Путин ҳам рад накард.

Ӯ гуфт, ҳоло "замоне расидааст", ки "бояд бо мардум бошад" ва дар интихобот номзад хоҳад шуд. Изҳороти Путин бисёриҳоро ба ҳайрат наовард.

Владимир Путин бори аввал дар соли 2000-ум президенти Русия интихоб шуд. Он замон як нафар ҳақ дошт, ки ду дафъа ва он ҳам чорсолӣ президент шавад. Путин ин ҳақро истифода кард ва соли 2008 ҷойи худро муваққатан ба ҳампаймонаш дар ҳукумат, Дмитрий Медведев, дод. Худаш ба ҷойи ӯ сарвазир шуд. Дар аҳди Медведев Конститусияи Русияро тағйир доданд ва муҳлати президентиро аз чор ба шаш сол дароз карданд.

Владимир Путин ва Дмитрий Медведев, соли 2008
Владимир Путин ва Дмитрий Медведев, соли 2008

Путин дар соли 2012 дигарбора ба курсии президентӣ баргашт. Ин ҳолат дар интихоботи соли 2018 низ такрор шуд. Қонуни асосии Русияро дар соли 2020 ислоҳ карда, ба Путин ҳақ доданд, ки дафъаи панҷуму шашум низ дар интихоботҳои президентӣ иштирок кунад. Чизе, ки роҳи ӯро ба интихоботи моҳи марти 2024 дар Русия ҳамвор кардааст.

ТОҶИКИСТОН

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ду сол пеш аз он раиси Шӯрои олӣ ва амалан раҳбари кишвар буд. Чанд дафъа бо тағйири Қонуни асосӣ тавонистааст, ки ҳузури худро дар интихобот таъмин ва умри ҳукуматашро тӯлонӣ бикунад.

Раҳмон соли 2020 бори панҷум президенти Тоҷикистон шуд. Ба маълумоти расмӣ, зиёда аз 90 дарсад рой гирифт. Созмону кишварҳои ғарбӣ бар хилофи нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботҳоро дар Тоҷикистон шаффофу озод намедонанд ва ҳамеша гуфтаанд, ки аз рақобати воқеӣ холӣ аст.

Дар раъйпурсии соли 2016 ба Эмомалӣ Раҳмон ҳақ дода шуд, ки бемаҳдуд дар интихоботҳои президентӣ иштирок кунад. Ҳамон сол ба ӯ унвони "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат" дода, худаш ва аъзои хонаводаашро умрбод аз дахлнопазирӣ баҳравар карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ

Коршиносон ба ин боваранд, ки Раҳмон ба интиқоли қудрат ба писараш, Рустами Эмомалӣ, омода мешавад. Рустами Эмомалӣ ҳоло раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе аст.

Дар солҳои раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мухолифон ва рақибони ӯ аз кишвар берун рафта, ё ба кунҷи зиндон андохта шудаанд. Президенти ҳозира таҷассумгари асосии ҳамаи дастовардҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад. Аксар фарзандон ва домоду пайвандони дигари ӯ дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доранд ва ё ширкатҳои муҳими тиҷоратиро раҳбарӣ мекунанд.

ҚАЗОҚИСТОН

Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини Қазоқистон, 29 сол дар ин мансаб кор кард. Ӯро вакилони Шӯрои олии Қазоқистони Шӯравӣ соли 1990 президент интихоб карданд. Соли 1995 муҳлати раёсати ӯ то соли 2000-ум дароз карда шуд.

Дар умум чор маъракаи интихоботи президентӣ дар Қазоқистон бо пирӯзии Назарбоев анҷом шудааст. Ба иттилои расмӣ, ӯ танҳо дар интихоботи соли 2015 зиёда аз 97 дарсад рой гирифт.

Порлумони Қазоқистон соли 2007 бо ислоҳи Қонуни асосӣ ба Назарбоев ҳақ дод, ки ҳамчун "элбаси" ё "пешвои миллат" бе маҳдудият дар интихоботҳои президентии кишвараш ишитрок кунад. Дигарон ҳақ доштанд, танҳо ду дафъа номзад шаванд.

Нурсултон Назарбоев соли 2019 салоҳияти худро ба Қосимҷомарт Тоқаев, раиси Маҷлиси болоии Қазоқистон супурд, аммо амалан идораи кишварро ба дасташ нигоҳ дошт.

Як сол пеш аз "истеъфо"-и Назарбоев қонунро дар бораи Шӯрои амнияти Қазоқистон қабул карданд. Бино ба он президенти нахустини Қазоқистон раҳбари умрбод ё доимии ин ниҳоди таъсиргузор шуд. Шӯрои амният на танҳо масъули таъмини амният ва тавоноии дифоӣ, балки таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва манфиатҳои миллӣ низ буд. Ба Тоқаев зарур буд, ки қарорҳои асосиро бо Шӯрои амният ҳамоҳанг кунад.

Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев. Остона, 20-уми марти 2019
Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев. Остона, 20-уми марти 2019

Вазъият пас аз ҳодисаҳои январии соли 2022, ки ба қавли нозирон "муборизаи одамони Назарбоев ва Тоқаев барои қудрат буд", дигар шуд. Дар пасманзари эътирозу беназмиҳо Тоқаев раёсати Шӯрои амниятро бар уҳдаи худ гирифт. Вай масъулони хадамоти амниятро ба истеъфо фиристод. Дертар онҳо ба кӯшиши табаддуллоти давлатӣ муттаҳам шуданд. Ба қавли сиёсатшиносон, Тоқаев баъд аз ҳодисаҳои хунини январи 2022 аз зери сояи президенти пешин берун омад.

Соли гузашта ба Қонуни асосии Қазоқистон ду бор тағйирот дароварда, ҳамагуна ёдовариро аз раисиҷумҳури нахустин берун карданд. Муҳлати президентӣ як дафъа ва тӯлаш ҳафт сол таъйин шуд. Бино бар он, муҳлати пешинаи раҳбарии Тоқаев "беэътибор" гардида, моҳи ноябри соли гузашта дубора номзад шуд ва барандаи интихоботе гашт, ки мунтақидон аз рақобати воқеӣ орӣ медонанд.

ТУРКМАНИСТОН

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пас аз 15 соли ҳукуматдорӣ, соли 2022, раёсати ҷумҳуриро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов супурд. Худаш ин мақомро пас аз марги раҳбари пешин ва худкома Сафармурод Ниёзов соҳиб шуда буд.

Туркманистон яке аз кишварҳои баста ва саркӯбгар дар ҷаҳон шинохта мешавад. Созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста ин кишварро ба нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон, фишор ба озодии матбуоту баён ва озодиҳои дигари бунёдии инсон танқид мекунанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бо писараш Сардор Бердимуҳаммадов

УЗБЕКИСТОН

Дар Узбекистон ҳам ислоҳи Қонуни асосиро чанд дафъа барои тӯлонӣ кардани умри ҳукумат истифода кардаанд. Президенти аввалини ин кишвар Ислом Каримов соли 1991 ҷилави қудратро ба даст гирифт ва то дами маргаш дар соли 2016 ин мансабро дар ихтиёр дошт.

Пас аз марги Каримов ин мансаб ба сарвазири пешини ҳукумат Шавкат Мирзиёев расид. Вай дар интихоботи соли 2016 беш аз 88 дарсад ва дар интихоботи соли 2021 80 дарсад овоз гирифтааст.

Соли 2007. Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон (аз чап) ва Шавкат Мирзиёев, сарвазири онвақта (аз рост)
Соли 2007. Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон (аз чап) ва Шавкат Мирзиёев, сарвазири онвақта (аз рост)

Баҳори соли 2023 дар Узбекистон раъйпурсӣ гузаронданду Қонуни асосиро дигар карданд. Бар асоси он муҳлати президентӣ аз панҷ ба ҳафт сол дароз шуда, давраи аввали раҳбарии Мирзиёев ба сифр баробар гардид. Тобистони ҳамин сол интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд ва бино бар эълони Кумисюни марказии интихоботи Узбекистон, Мирзиёев 87 дарсад рой гирифт. Ӯ имкон дорад, то соли 2037 ба ҳукуматдорияш идома диҳад.

БЕЛАРУС

Александр Лукашенко соли 1994, ҳангоме ки ҳамагӣ 40 сол дошт, президенти Беларус интихоб шуд. Он замон бар асоси Конститусияи Беларус як нафар ҳақ дошт, ки ду дафъа ва на бештар аз панҷ сол раиси ҷумҳурӣ шавад. Аммо соли 2004 бо ташаббуси Лукашенко референдум гузаронданду Қонуни асосиро тағйир доданд. Маҳдудияти давраи президентӣ аз байн бардошта шуд.

Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Лукашенко бори охир дар интихоботи соли 2020 номзад шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, ки ӯ зиёда аз 80 дарсад овоз гирифта, ба даври шашуми раҳбарӣ роҳ ёфт. Аммо намояндагони мухолифон ва нозирони мустақил дар бораи тақаллуби густурда дар интихобот хабар доданд.

Номзади мухолифон Светлана Тихановская худро пирӯзи интихобот эълон кард. Беларусро эътирозҳои зиёд фаро гирифт, вале аз тарафи ҳукумат саркӯб шуд. Тихановская зери фишор кишварро тарк кард. Давлатҳои ғарбӣ Лукашенкоро раҳбари қонунии Беларус намедонанд.

ОЗАРБОЙҶОН

Дар Озарбойҷон моҳи феврали соли 2024 интихоботи пеш аз муҳлат мегузаронанд. Бисёриҳо бовар доранд, ки Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии ҳозира, номзади асосӣ хоҳад буд. Ӯ бист сол боз идораи кишварро ба даст дорад. Қудратро аз падараш, Илҳом Алиев, гирифтааст.

Дар интихоботи соли 2018, ки намояндагони мухолифон "бойкот" карданд, ба иттилои Кумисюни марказии интихобот, Алиев беш аз 86 дарсад раъй гирифт. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки ба мардум ҳаққи интихоби воқеиро надоданд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон Алиева
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон Алиева

Пеш аз он, дар соли 2009, дар Қонуни асосии Озарбойҷон, маҳдудияти иштирокро дар интихоботи президентӣ аз байн бурданд. Соли 2016 Қонуни асосии Озарбойҷонро бори дигар иваз ва давраи раҳбариро аз панҷ то ҳафт сол дароз карданд. Ҳамзамон ба низоми ҳукуматдорӣ мансаби муовини президент илова шуд. Дар моҳи феврали соли 2017 Илҳом Алиев ҳамсараш Меҳрубон Алиеваро муовини худ таъйин кард. Дар сурати пеш аз муҳлат аз мақом рафтани президент, то баргузории интихобот, вазифаҳои ӯро муовинаш бар дӯш хоҳад дошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG