Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шоҳроҳи президентӣ моро аз хонаву ҳавлӣ маҳрум мекунад"


Бишкек. Акс аз бойгонӣ
Бишкек. Акс аз бойгонӣ

Мақомот дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, мехоҳанд сокинони як минтақаро аз хонаҳояшон берун карда, дар ҷойи ин маҳаллаи истиқоматӣ роҳи васеъ ё "шоҳроҳи президентӣ" созанд. Ин мушкил ҳангоми бунёди қасри нави президенти Қирғизистон пеш омад. Мардум норозӣ ҳастанд.

"Хонаи ман пурра нобуд мешавад. Ман чӣ хел зиндагӣ кунам? Касе огоҳ накарда буд," -- гуфт Омурбек Дубашеви 85-сола. Ӯ тақрибан ду ҳафта пеш хабар ёфт, ки эҳтимол бехонаву дар монад. Ҳоло дар девори хонааш рақами 10.45 навишта шудааст. Яъне барои васеъ кардани роҳ ҳамин миқдор масоҳат лозим аст. Агар аз рӯйи нақша пеш раванд, ин сокини Бишкек бе хонаву замин мемонад.

Дубашев гуфт, "ин юрта нест, ки онро ҷамъ кунӣ. Ин хона аст. Барои сохтанаш пул ва 3-4 сол мӯҳлат даркор аст. Роҳи хубу дуруст ҳаст, боз чӣ лозим?"

Вай ва ҳамсояҳояш аз мақомот талаб карданд, ки вазъро ба онҳо шарҳ диҳанд. Мақомот гуфтаанд, беш аз 60 хонаву девор ва сохтмонҳои дигар бояд аз байн бурда шаванд.

Анастасия Полетаева, сокини шаҳри Бишкек, гуфт, "омада мегӯянд, ки дар ҷойи шумо хати нақша мегузарад. Гапи муҳим ин аст, ки ин хати нақша аст, ин хати сурхе нест, ки шаҳрдор ё раёсати меъморӣ мегӯяд. Он то имрӯз қонунӣ нашудааст."

Соҳибони хонаҳо ба ҳуқуқи худ ва санадҳои манзил пойфишорӣ мекунанд. Дар раёсати меъмории пойтахти Қирғизистон аз даъвои сокинон хушнуд нестанд.

Ҳурмат Қорибоев, сармеъмори Бишкек, мегӯяд, "фақат ду манзил дар хати сурх ҷойгир аст, аз дигарҳо фақат порчаи хурди қитъаи заминашон аз он ҷо мегузарад. Мо мегӯем, ин ҷо роҳ барои дучархаронӣ, пиёдагардӣ ва сабзазор бунёд мешавад, худатон аз он истифода мекунед. Онҳо мегӯянд, ки ин моликияти хусусӣ аст. Дар ин сурат чизе рушд намекунад."

Чанде пеш роҳи зеботарини Бишкек аз рамзи маъруфи худ - санавбарҳо маҳрум шуд. Мақомот дар посух ба танқиди сокинон гуфтанд, дарахтҳо куҳна буданд ва ба ҷояшон дарахти афро (клён) мешинонанд. Он вақт аз васеъ кардани роҳ хабаре набуд. Ахиран дар мулоқот бо сокинон шаҳрдор гуфт, ки "генплан" вуҷуд дорад ва он татбиқ мешавад.

Ойбек Ҷунушалиев, шаҳрдори Бишкек, гуфт, "хоҳем ё нахоҳем, фардо ҳамин чиз мешавад. Мо наметавонем ҳар дафъа роҳҳоро борик ва то рафт ба танбашавии бештар роҳ диҳем. Шаҳр бояд рушд кунад."

Фақат як гузаште, ки ба он мақомот розӣ шуданд, на 12 метр, балки 4-5 метр кам кардани қитъаҳои замини сокинон мебошад. Вале ҳукумат дар фикри додани ҷубронпулӣ нест.

Соҳибони манзилҳо мегӯянд, онҳо ҳақ доранд ба замину хонаҳои худ нарх гузоранд. Онҳо ба қонуне ишора мекунанд, ки дар он ҳеч сухане дар бораи ҷубропулӣ нест, танҳо истилоҳи харидани моликият бар асоси нархи бозор вуҷуд дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Шоҳроҳи президентӣ моро аз хона маҳрум мекунад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00


XS
SM
MD
LG