Ду гузаргоҳро дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13-уми март боз карданд. "Гулистон" (Қизилбел) ва "Маданият" (Қайрағоч) аз соли 2021, пас аз задухӯрди мусаллаҳонае, ки аз ду ҷониб чандин куштаву захмӣ барҷой гузошт, баста буд.
Лаҳзаи бозкушоии гузаргоҳро садҳо нафар аз Тоҷикистон ва Қирғизистон мунтазир буданд. Бахусус онҳое, ки бо ҳамдигар додугирифт доштанд ва ё чор сол боз аз дидори хешовандону дӯстон маҳрум буданд.
Султон Раҳмонов, сокини шаҳри Исфара, яке аз онҳост. Ӯ гуфт, ки "духтарону набераҳоям дар он тарафи марз, дар Қирғизистон ҳастанд. Акнун ба мисли пешина рафтуомад мекунем. Роҳҳо ҳам нағзу ҳамвор шудаанд."
Хадича Мирзоқулова, сокини ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ҳам ба ин маросим омада буд, то ба дидори азизонаш бирасад. Вай мегӯяд, "ин рӯзро бениҳоят интизор будам. Худам зодаи шаҳри Исфара ҳастам ва ҳамаи хешу табор, ёру дӯстон ва ҳамсинфонам дар онҷоянд. Бисёр шод шудам."
Рустам Казаков, Тоҷикистон:
"Дар деҳаи Қизилбел, вилояти Бодканд, хешу табор дорем. Дар чор-панҷ соли охир ягон дафъа аз сарҳад нагузаштем. Хоҳару бародар, фарзандон ва набераҳоям низ дар Қирғизистон ҳастанд. Ба далели баста шудани сарҳад онҳоро дида натавонистем. Ба воситаи телефон тамос доштем."
Паризод Туйғунова, Қирғизистон:
"Ман дар Тоҷикистон хонда, 16-17 сол духтур шуда кор кардам. 15 сол мешавад, ки ба Қирғизистон кӯчидаам. Дар давоми 4-5 соли охир равуо қатъ гардид. Маҳдудиятҳо аз пандемияи Ковид оғоз ёфтанд, баъд аз он ба сабаби даргирии марзӣ натавонистем сафар кунем. Волидон ва бародаронам дар Тоҷикистон монданд. Ба фикрам, хуб шуд, ки сарҳад кушода шуд."
Ҷамила Яхшибоева, Тоҷикистон:
"Чор фарзандам дар Қирғизистон, дар Бишкек таҳсил мекарданд. Келинҳоям низ аз Қирғизистон ҳастанд. Ман 14 набера ва ду абера дорам. Бо духтари калониам дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Кайҳо боз ин рӯзро мунтазир будем. Бигзор дар байни мардуми мо сулху субот пойдор бошад. Ҳаргиз ҷанг набошад. Бигзор хунрезӣ нашавад."
Дар ин рӯз мошинҳои борбар низ марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро гузаштанд. Раисони вилояти Суғд ва Бодканд гуфтанд, ки гузаргоҳ мисли пешина бетанаффус кор мекунад.
"Мушкили садсолае, ки байни халқи тоҷику қирғиз буд, хусусан байни вилояти Бодканду вилояти Суғд, пурра ҳалли худро ёфт. Аз ин муаммо халқи ду давлат азият мекашиданд," – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд.
Ойбек Шаменов, раиси вилояти Бодканд, ба идомаи ҳамкорӣ ва ҳамсоядории нек изҳори умед кард: "Халқ беҳуда намегӯяд, ки ҳамсояҳоро интихоб намекунанд, онҳоро Худо медиҳад. Мардуми вилояти Суғду Бодканд аз як дарё об мехӯранд ва моро таъриху анъанаҳои қадимӣ ба ҳам мепайвандад."
Бозкушоии ду гузаргоҳ баъди анҷоми марзнигорӣ ва имзои созишнома дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон имконпазир гашт. Созишномаро рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек президентҳои ду кишвар имзо карданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар се соли охир мушаххас шудааст. Номуайянии сарҳад солҳо сабаби ҷангу хунрезӣ буд. Дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Видеоро дар инҷо бинед: