Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамшед падарашро ёфт... "Нахш" 400 ҳазор долларро баргардонд


Коллаж
Коллаж

Радиои Озодӣ соли 2024 дар бораи ҳаводиси Тоҷикистон ва ҷаҳон хабару гузоришҳои зиёде нашр кард. Аксари онҳо бо вокунишҳо рубарӯ шуда, бархе мушкили қаҳрамони гузоришҳои мо ҳал шуданд. Баъзе аз ин намунаҳоро дар як гузориш ҷамъ кардем.

Баҳси 400 ҳазор доллар

Мушкили чаҳорсола ва баҳси 400 ҳазор доллар дар як шаб ҳал шуд. Чжан Тсюин, соҳибкори чинӣ ва мудири ширкати "Чин Зар", дар аввали моҳи июни соли 2024 ба Радиои Озодӣ муроҷиат кард, ки чор сол боз коршарики тоҷикистониаш, ширкати “Нахш”, сармояи гузоштаашро бар намегардонад. Ширкати “Нахш” ба наздикони хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон рабт дода мешавад.

Чжан Тсюин
Чжан Тсюин

Пас аз як рӯзи нашри гузориш, Чжан Тсюин бо Радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, ки ширкати “Нахш” пули мавриди баҳсро баргардонидааст ва даъво миёнашон хатм шуд.

Поёни ҳиҷрон

Дидори падару писар пас аз 38 сол аз гузоришҳои таъсирбахши Радиои Озодӣ дар соли 2024 буд. Ҷамшед Деҳқонбоеви 38-сола, ки дар яке аз бозорҳои Душанбе аробакашӣ мекунад, пас аз муроҷиат ба Радиои Озодӣ ба дидори падар расид.

Ин сокини Душанбе солҳо падарашро ҷустуҷӯ мекард, ки ба гуфтаи худаш ба эҳтимоли зиёд дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон аст, аммо бо хонавода ва фарзандони дигар.

Ҷамшед Деҳқонбоев
Ҷамшед Деҳқонбоев

"Падарам Деҳқонбоев Бердимурод Охунович аст. Бемор ҳастам ва пизишкон гуфтанд, аз умрат чанд моҳи дигар монда. Аз ин рӯ, мехоҳам, ӯро пайдо кунам," – нақл кард ӯ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.

Пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ мардуми зиёде ба ёрияш шитофтанд. Бародараш аз Ҷиззах дар зери гузориш нишониро навишт. Дар ниҳоят, падару писар бо ҳам дар Узбекистон вохӯрданд. Ҷамшед Деҳқонбоев, ки ба гуфтаи худаш гирифтори бемории вазнин асту чанд моҳ аз умраш мондааст, хурсанд шуд, ки падарашро пайдо кард.

"Падарамро дидам, ба оғӯш гирифтам. Ҳоло ҳам аз бӯяш сер нашудам. Ду шаб ҳамроҳаш истодам. Бовар надоштам, ки падарам маро ба оғӯш мегирад, пешвоз мегирад. Ман аз танҳоӣ монда шуда будам. Бениҳоят хурсандам, ки як вазнинӣ аз ман рафт,” -- нақл кард ӯ.

Ҳалли мушкили даҳҳо соҳибкор

Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2023 овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013-ро манъ кард. Соҳибони садҳо мошине то мӯҳлати эълоншуда, то 2-юми октябри соли 2023 натавонистанд нақлиёти худро ба кишвар ворид кунанд. Тоҷирони мошинҳои бандмонда чанд дафъа ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.

Пас аз нашри чанд гузориши Радиои Озодӣ ва нигарониҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вуруди мошинҳои соли барорирашон то 2013 иҷоза дод.

Маблағи Аслиддинро баргардонданд

Як марди нобино моҳи марти соли 2024 ба Радиои Озодӣ муроҷиат кард, ки дар Душанбе 6 моҳ боз касонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи кумак ӯро ғорат карда, пулашро бурдаанд.

Аслиддин Ҷалилов
Аслиддин Ҷалилов

Аслиддин Ҷалилов гуфта буд, як ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулашро аз банкомат гирифтааст. Ҳарчанд, ин кор дар назди бозори “Корвон” ва зери дурбинҳои назоратӣ рух додааст, мақомот натавонистанд ғоратгарро пайдо кунанд. Пас аз нашри ин гузориш мақомот дуздро пайдо накарданд. Бонки “Душанбе Сити” пулҳои ғоратшудаи ин мардро аз ҳисоби худ ҷуброн кард.

Аз байн рафтани рухсатнома

Дар оғози моҳи январи соли 2024 ронандаҳои нақлиёти борбар аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ба сӯи кишвари ҳамсоя - Узбекистон бо шиква мегузаштанд. Сабаб дар он буд, ки нархи рухсатномаи Узбекистон ё “дозвол” бештар аз сад дарсад гарон шуда буд. Мақомоти тоҷик дар ин бора на ба расонаҳо ва на ба ронандаҳо сабаби гароншавиро шарҳ намедоданд.

Пас аз нашри чанд гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора мақомоти марбутаи ду кишвар эълон карданд, ки ин муқарраротро аз миён мебаранд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки аз рӯзи 21 ноябр ронандагон метавонанд марзи якдигарро бе ин санад убур кунанд.

Дар соли 2024 Радиои Озодӣ гузоришҳои дигаре ҳам дошт, ки пас аз нашри онҳо сарнавишти қаҳрамонҳо ба тарафи мусбат тағйир кард. Аз ҷумла шикояти ду бародари нобино дар Хатлон, ки дар муомилаи фурӯши мошин фиреб хӯрда буданд, расонаӣ кард. Баъди нашри гузориш муттаҳам дар фиреби ин ду маълул боздошт шуд. Дар гузашта низ баъди нашри гузоришҳои зиёди Радиои Озодӣ сарнавишти инсонҳо тағйр карда, баъзе мушкилот ҳалли худро пайдо карда буданд.

Навори пурраро дар инҷо бинед:

2024: Радиои Озодӣ ҳаёти инҳоро дигар кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:20 0:00
XS
SM
MD
LG