Як ҳавопаймои "Сомон Эйр" субҳи 8-уми апрел аз Душанбе ба Мюнхени Олмон парвоз кард. Масъулони ширкат гуфтанд, асосан шаҳрвандони хориҷиро ба Аврупо бурданд, вале ошкор накарданд, ки ҳавопаймо ҳангоми бозгашт киҳоро меорад. Дар Олмон гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон банд мондаанд, аммо мегӯянд, бозгашти онҳо тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар назар нест.
Дар бораи парвози вижа ё махсуси ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Мюнхени Олмон пештар сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Сафорати Бритониё дар Душанбе рӯзи 7-уми апрел аз шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон хост, ки агар қасди сафар ба Аврупоро доранд, метавонанд билети ҳавопайморо аз дафтари "Сомон Эйр" гиранд ва қиматаш 400 евро аст.
Масъулони сафорати Амрико дар Душанбе низ гуфтанд, бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" чанд шаҳрванди одии ин кишвар ба Олмон рафтаанд.
Як масъули ширкати "Сомон Эйр" бе зикри номаш рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, илова ба парвози рӯзи чаҳоршанбе, як парвози дигари махсус ба Аврупо дар назар аст. "Он парвоз ба шаҳри Франкфурти Олмон аз 17 то 20-уми апрел бояд сурат гирад", - афзуд ӯ.
Дар шароите, ки маълум нест, ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар роҳи бозгашт аз Мюнхен мусофир меорад ё не, шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар Олмон мепурсанд, чаро онҳоро бо ин ҳавопаймо ба ватан намефиристанд? Фирӯза Ҳайдарова, шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистон дар Олмон рӯзи 8-уми апрел гуфт, ҳамроҳи ӯ тақрибан 40 нафари дигар мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд.
"Ҳавопаймо холӣ меравад, барои чӣ моро намебарад? Наход дар як ҳавопаймои калон 40 кас нағунҷем? Визаи ман 31-уми март тамом шуд. Оила ва фарзандонам дар Тоҷикистон ҳастанд, вале моро аз ин парвоз огоҳ накарданд", - гуфт ӯ.
Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз парвози вижаи “Сомон Эйр” аз пеш огоҳӣ надоштанд. Соҳибназари Ғайратшо, сафири Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар назар аст, ҳафтаҳои оянда барои баргаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Аврупо парвози дигаре иҷро шавад".
Сафири Тоҷикистон афзуд, тибқи маълумоти онҳо дар Олмон то 36 шаҳрванди кишвар ҳастанд, ки мехоҳанд ба Душанбе баргарданд. Вай айни замон афзуд, "дар миёни онҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ки иқомати доимӣ доранд ё онҳое ҳастанд, ки дар Олмон таҳсил мекунанд. Бо онҳое, ки шояд ба душвориҳо рӯ ба рӯ гашта бошанд, ҳамеша дар иртибот ҳастем. Теъдоди нафароне, ки барои бозгашт ба Тоҷикистон сахт эҳтиёҷ доранд, он қадар зиёд нест."
Дар ин шабу рӯз танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон нестанд, ки мехоҳанд ба кишвар баргарданд. Бо нашри хабари парвози вижаи "Сомон Эйр" ба Мюнхен муҳоҷирони зиёде дар Русия пурсидаанд, ки оё парвозҳои иловагӣ ба он кишвар низ дар назар ҳаст ё не.
Дар ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то охири моҳ парвозҳои вижа ба Русия дар назар нест. Чун, ба гуфтаи масъулони "Сомон Эйр", дар Русия то 30-юми апрел карантин ҷорӣ шуда, парвозҳои байналмилалӣ пурра қатъ шудааст.
Ширкати "Сомон Эйр" қаблан дар як эъломия гуфта буд, ки бо дархости Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон, парвозҳои байналмилалии худро муваққатан қатъ мекунад, аммо ин ширкат барои овардани муҳоҷирон аз Русияву Туркяи чанд парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил кард.
Бо ин ҳол, ҳанӯз гуруҳи зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири бозгашт аз Русияву Туркия ва кишварҳои дигар ҳастанд. Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард.