Боришоти рӯзҳои ахир ташвиши Муҳаррама Юсуфова як сокини ноҳияи Рӯдакиро бештар кардааст. Сел девор ва ҳавлии ӯро, ки дар канори Фурудгоҳи низомии Айнӣ қарор доранд, хароб кард. Юсуфова наметавонад хонаашро таъмир кунад, чун барои ин кор иҷоза надорад.
Ҳавлии ӯ ва чанд ҳамсояи дигараш бояд ба ҳудуди ин фурудгоҳи низомӣ ҳамроҳ карда шавад. Аммо ба гуфтаи ин сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, мақомот ҳозир нестанд, ки маблағи зарурии молу мулкии онҳоро пардохт кунанд.
Қурбонгул Раҷабова, сокини дигари деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, дар соли 2003 дар ҷои дигар ба онҳо замин доданд ва гуфтанд, ки ба онҷо кӯчанд. Аммо то ҳанӯз ба онҳо маблағе надодаанд ва бинобар ин, онҳо дар нимароҳ мондаанд -- на манзилҳои худро инҷо таъмир карда метавонанд ва дар ҷои нав манзил бунёд кардан.
Сокини дигари ин деҳа Субҳон Саидниёзов мегӯяд, ки 3 хонавода дар якҷо зиндагӣ мекунанд ва манзили онҳоро ҳамагӣ 175 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карданд, ки бо ин маблағ имкони манзил бунёд дар ҷойи навро надоранд.
Ба гуфтаи сокинон, ҳоло дар ин деҳа бештар аз 140 хонавода зиндагӣ мекунад. Қисме аз онҳо давоми 17 сол ба ҷуброни пешниҳодии мақомот розӣ шуда, ба заминҳои нав кӯчиданд. Аммо сокинони боқимонда бо талаби бештар кардани маблағи ҷуброн дар деҳа монданд.
Шаҳобиддин Юсупов, сокини дигари ин деҳа мегӯяд, бархе мардум аз ин ҳолати пешомада розӣ ва аксарият норозӣ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло чархболу ҳавопаймоҳо аз болои минтақа парвоз мекунанд, "тирезаҳо меларзад, гӯё замин ҷунбид, мардум дар ҳолати шок зиндагӣ доранд".
Шикояти ин сокинон дар ҳолест, ки мақомот мехоҳанд ҳудуди Фурудгоҳи низомии Айниро то 250 гектар васеътар кунанд. Чун ба гуфтаи мақомот, масоҳати феълии фурудгоҳ барои истифодаи ҳавопаймоҳо хурд аст.
Бар асоси барномаи васеъ кардани фурудгоҳи низомии Айнӣ, мебоист ҳудуди 400 хонавода дар Ҳисору Рӯдакӣ ба ҷойи дигар кӯч дода мешуданд.
Ҳоло мақомот мегӯянд, сокинон бояд ҳамон солҳои аввал ба ҷуброни муайяншуда розӣ шуда, замини фурудгоҳро холӣ мекарданд. Зеро дар ҳоли ҳозир пардохти маблағи талабкардаи сокинон, ки ҳудуди 50 миллион сомониро ташкил медиҳад, имконнопазир аст.
Мавзӯи истифодаи ин фурудгоҳ дар канори шаҳри Душанбе, солҳост, дар Тоҷикистон матраҳ мешавад. Чанде аз кишварҳои хориҷӣ низ ҳавасмандии худро ҷиҳати иҷораи ин фурудгоҳ ва таъсиси пойгоҳи ҳарбиву ҳавоӣ иброз дошта буданд.
Замони Шӯравӣ ин фурудгоҳ ба ҳайси макони таъмири чархболҳо истифода мешуд ва чанд сол пеш бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд. Ин фурудгоҳ ҳоло дар иҷораи пойгоҳи 201-и Русия қарор дорад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!