Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Бадахшони Афғонистон сабаби тақвияти марзи Тоҷикистон шудааст


Афроди мусаллаҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон. Акс аз 11-уми июли 2020
Афроди мусаллаҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон. Акс аз 11-уми июли 2020

Вазъи нигаронкунанда дар чанде аз ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон, ба хусус Дарвози он, мақомоти қудратии Тоҷикистонро водор кардааст, ки нерӯҳои худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳким бахшанд. Бархе аз сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон гуфтанд, ки аз онҳо хоста шудааст, "ба марз наздик нашаванд".

Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо ноҳияҳои Куфоб, Шикай, Нусай, Моимай ва Дарвози болои вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан 200 километр сарҳад дорад.

Як намояндаи нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, "чунин вазъи мушкил се моҳ инҷониб идома дорад". Ӯ афзуд, "ба сабаби пеш омадани чунин вазъият чораҳои амниятӣ андешида шудааст ва навбатдории шабонрузӣ ташкил кардаанд".

Вазъ дар ин минтақа ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон низ баррасӣ шудааст. Дар ҷаласа қарор кардаанд, ки қисмҳои низомии нирӯҳои сарҳадбонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақвият ёбанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, 27-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, онҳо вазъиятро дар минтақаҳои Афғонистон бо таваҷҷуҳ пайгирӣ доранд. Вазир илова кард, ки дар масъалаи ҳифзи марзҳои давлатӣ бо мақомоти Афғонистон ҳамкории хуб доранд.

Баъзе аз сокинони ноҳияи Дарвози Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳафтаҳои ахир шумори марзбонҳо дар он ҷо бештар шудааст. Охири ҳафтаи гузашта хабарҳое низ расид, ки мошину зиреҳпӯшҳои бештар ба он минтақа ҳаракат доранд.

Сурайё Шоева, раиси ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, рӯзи душанбе гуфт, мақомоти интизомӣ ба мардуми деҳаи Рузвай ва рустоҳои дигар, ки дар наздикии дарёи Панҷ ҳастанд, огоҳӣ додаанд, "ба лаби дарё ва ба мавзеъҳои сарҳадӣ нараванд".

"Мо дар қисматҳои марзӣ ҳанӯз сарбозону афсаронро надидем, вале огоҳ карданд, ки ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем, то эҳтиёт кунанд", -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Вазъи ноҳияи Нусайи Афғонистонро бештар аз ҳар ҷойи дигари ин минтақа "ҳассос" меноманд. Як пули марзӣ ин минтақаро бо Дарвози Тоҷикистон пайваст мекунад. Пулро чанд сол пеш бо сармояи Шабакаи Оқохон сохта буданд.

Иброҳим Қаюмӣ, раиси ноҳияи Нусайи Дарвози Афғонистон дар суҳбати телефонӣ гуфт, "вазъият дар ин ҷо шадидан ташвишовар аст". "Фақат маркази вулусволӣ зери назари нирӯҳои давлат аст, 90 дарсади деҳоту атрофи он дар дасти Толибоне аст, ки аз маҳаллаҳои мухталифи Бадахшон омадаанд. Ман вулусволи Нусай ҳастам, аммо ҷаласа баргузор карда наметавонам, хатарнок аст", -- нақл кард ӯ.

Қаюмӣ афзуд, ҳузури ҷангҷӯён дар ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳам бетаъсир буда наметавонад, вале ҳамзамон афзуд, "нирӯи кофӣ дорем, ки ба чунин амалҳо роҳ надиҳем. Мо бо сарҳадбонони Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем."

Вай илова кард, дар гузоришҳое, ки ба онҳо расидааст, "зикр мешавад, дар миёни Толибон тоҷикон ва мухолифини дигар ҳам ҳастанд, аммо то ҳол бо чашми худ надидаем."

Аҳолии Дарвози Афғонистон низ тоҷикон ҳастанд. Дар гузашта миёни сокинони ин минтақа гурӯҳи Толибон ва дигар созмонҳои ифротӣ нуфуз надоштанд, вале ахиран доманаи нооромиҳо то ба он ҷо расидааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG