Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳавопаймо аз Русия ба Душанбе бинобар туман дар Хуҷанд фуруд омаданд


Фурудгоҳи Душанбе. Субҳи 10-уми декабр.
Фурудгоҳи Душанбе. Субҳи 10-уми декабр.

Тумани ғафс бар фарози шаҳри Душанбе субҳи панҷшанбеи 10-уми декабр сабаби фуруди изтирории се ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр" дар Хуҷанд гашт, ки аз Маскав, Новосибирск ва Сургут ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекарданд. Гуфта мешавад, ки бархе аз ин ҳавопаймоҳо баъд аз чанд бор талош барои фуруд омадан, маҷбур шуданд ба самти Хуҷанд ҳаракат кунанд.

Юсуф Маюсуфов, сухангӯйи Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки "соати 2 субҳи 10 декабр се ҳавопаймо аз Русия бо хатсайрҳои Сургут-Душанбе, Новосибирск -Душанбе ва Москва-Душанбе, ки ба ширкати ҳавоии "Сомон эйр" тааллуқ доранд, бинобар паст будани сатҳи биниш ба фурудгоҳи Душанбе нишаста натавонистанд ва ҳоло муваққатан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор доранд".

Вай дар идома афзуд, ҳамаи мусофирон дар дохили ҳавопаймо ҳастанд ва баробари хуб шудани вазъи ҳаво, дубора ба Фурудгоҳи Душанбе парвоз хоҳанд кард.

Намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мегӯянд, ҳавопаймои хатсайри Новосибирск-Душанбе соати 3:40, Маскав-Душанбе соати 6:28 ва Сургут -Душанбе соати 7:07 дақиқа ба Фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омадаанд.

Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳавопаймоҳо баъд аз соати 10:30 ба Душанбе бармегарданд. Вале бо гузашти як соат аз ин вақти муқарраршуда, то ҳол ҳавопаймҳои ширкати "Сомон Эйр" аз Хуҷанд ба Душанбе парвоз накардаанд.

Муродҷон Дадохонов, намояндаи ширкати "Сомон Эйр" дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар се ҳавопаймо ҳудуди 500 нафар мусофирон қарор доранд ва қарор аст то нисфирӯзӣ ба Душанбе парвоз кунанд.

"Онҳоро тӯли ин чанд соати таъхири парвоз дар дохили ҳавопаймо бо маводи хӯрокаи захиравӣ таъмин кардаанд ва бинобар ин ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нафаровардаанд,"-гуфт намояндаи ширкати "Сомон Эйр".

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд. 10 декабри соли 2020
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд. 10 декабри соли 2020

Вале бархе мусофироне, ки дар дохили ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр" ҳастанд инро рад карда гуфтанд, ба онҳо хӯрок надодаанд. Яке аз ин мусофирон ба Радиои Озодӣ гуфт, "на берун баромадан мемонанд ва на хӯрок медиҳанд. Мардум азоб кашида истодаанд."

Ба гуфтаи ин мусофир, ба онҳо эълон кардаанд, ки то соати 11 дар дохили ҳавопаймо мемонанд ва баъдан ҳавопаймо онҳоро ба Душанбе мерасонад.

Дар таблои Фурудгоҳи Душанбе ин субҳ нишон дода шудааст, ки се парвоз таъхир дорад. Ин парвозҳо аз Новосибирск, Маскав ва Сургат мебошанд. Дар табло навишта шудааст, ки онҳо баъд аз соати 10:30 ба Фурудгоҳи Душанбе мерасанд.

Айни замон миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд. “Сомон эйр” ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия панҷ парвоз ба Душанбе анҷом медиҳад. Ду ширкати Русия “Уралские авиалинии” ва “Ют Эйр” аз Тоҷикистон ба Русия мусофир мебаранд.

Тоҷикистон ҳанӯз моҳи август ба ҷониби Русия изҳор дошта буд, ки омодааст бо риояи чораҳои беҳдоштӣ парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро барқарор кунад. Аммо ҷониби Русия то кунун бо ишора ба вазъи ногувори эпидемиологӣ барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам ризоият надодааст.

XS
SM
MD
LG