Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Твиттер, Фейсбук ва Инстаграм саҳифаҳои Доналд Трампро бастанд


Саҳифаи Доналд Трамп дар Твиттер
Саҳифаи Доналд Трамп дар Твиттер

Пас аз даромадани тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Конгресси Амрико, маъмурияти шабакаҳои Твиттер, Инстаграм ва Фейсбук эълон карданд, ки саҳифаҳои кории Трампро муваққатан бастанд.

Маъмурияти шабакаи Твиттер гуфт, пас аз се твитти Доналд Трамп саҳифаҳои ӯ барои 12 соат баста мешаванд. Твиттер гуфтааст, агар Доналд Трамп ин се твитро пок накунад, саҳифаи ӯ баста хоҳад монд ва шояд саҳифаи раиси ҷумҳури Амрико пурра баста шавад.

Ба гуфтаи ин шабака, се твит ба зӯровариҳои рӯзи чаҳоршанбе дар Вашингтон ва даромадани ҳаводорони Трамп ба бинои Конгрес доман задаанд.

Соате пас аз Твиттер, Фейсбук ҳам эълом кард, ки саҳифаи кории Доналд Трампро ба сабаби вайрон кардани қонун 24 соат мебандад. Инстаграм ҳам мегӯяд, ҳисоби корбарии Доналд Трампро барои 24 соат баста хоҳад дошт .

Маъмурияти се шабакаи номдори иҷтимоӣ дар ҳоле саҳифаҳои кории Доналд Трампро мебанданд , ки тарафдорони ӯ рӯзи чаҳоршанбе ҷаласаи Конгрессро барҳам заданд. Дар нишасти якҷояи вакилони Амрико мебоист, натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябр тасдиқ ва расмиёти охир барои даромадани Ҷо Байден ба Кохи Сафед иҷро шавад

XS
SM
MD
LG