Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико талаб кард, ки Доналд Трамп барканор шавад


Ненси Пелоси
Ненси Пелоси

Як рӯз баъд аз ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Капитол, Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон ва Чак Шумер роҳбари демократҳо дар Сенат хостори барканории раиси ҷумҳури Амрико шуданд. То анҷоми маъмурияти Трамп камтар аз ду ҳафтаи дигар мондааст, вале намояндагони Ҳизби демократ талаб доранд, ки ӯ барканор шавад.

Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби демократ, Раиси ҷумҳури феълии амрико Доналд Трампро ба "таҳрики шӯриши мусаллаҳона" алайҳи Иёлоти муттаҳида муттаҳам кард. Хонум Пелоси гуфтааст, агар муовини раиси ҷумҳур ва кобинаи ҳукумат ба иҷрои талаботи қонуни асосӣ оғоз накунанд, эҳтимол Конгресс истеҳзо (импичмент)-и Трампро оғоз мекунад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ва Чак Шумер, роҳбари демократҳо дар Сенат ба Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико то шомгоҳи панҷшанбе фурсат доданд, ки талаботи 25-уми қонуни асосии Амрикоро иҷро кунанд.

Бар асоси ин банди қонуни асосӣ, муовини раиси ҷумҳур ва кобинаи давлат дар сурати аз уҳдаи вазифаҳои худ набаромадани раиси ҷумҳур, метавонанд муовинашро ҷойгузини ӯ кунанд. То имрӯз ин талаботи қонуни асосии Амрико истифода нашудааст. Ба ин хотир расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, Майк Пенс тамоюле ба иҷрои талаботи 25-и қонуни асосиро надорад.

Бар иловаи намояндагони Ҳизби демократ, бархе аз ҳамҳизбиҳои Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ низ хоҳони барканории ӯ аз қудрат шуданд.

Трамп ҳанӯз ба ин изҳоротҳо ҳанӯз вокуниш накардааст. Саҳифаҳои вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста шудаанд.

Ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп ба маҷлиси якҷояи ҳарду палатаи порлумони Амрико, ки дар таърихи муосири ин кишвар камсобиқа буд, боиси интиқодҳои тунд аз раиси ҷумҳури Амрико шудааст.

Аз ҷумла президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе аз президенти амалкунандаи Амрико Доналд Трамп интиқоди шадид кард. Байден Трампро дар заъифсозии демократияи амрикоӣ ва барангехтани эҳсосоте айбдор кард, ки рӯзи 6-уми январ боиси сар задани хушунат дар Вашингтон гардид.

Байден гуфт, ҷонибдорони Трампро, ки вориди бинои Капитол шуданд, наметавон, "эътирозгар" унвон кард. Вай ин афродро "анбуҳи ҳамлагар" ва "террористи дохилӣ" номид. Байден аз Трамп низ интиқоди шадид кард, ки шикасташро дар интихоботи президентӣ намехоҳад, эътироф кунад. Байден мустақиман ба истеъфои Трамп даъват накард, аммо гуфт, рафтори Трамп ба ҳайси президент боиси заъиф шудани демократия гардидааст.

Трамп то ҳол натиҷаҳои интихоботро қабул надорад ва бидуни овардани далели мушаххас мегӯяд, дар интихобот тақаллуби густурда шудааст. Вале Трамп ваъда дод, ки рӯзи 20-уми январ қудратро ба Ҷо Байден месупорад.

XS
SM
MD
LG